Кӯдакон дар паноҳи давлатанд…

Бахш оид ба ҳуқуқи кўдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамкории худро баҳри коҳиш додани ҷинояткории ноболиғон бо Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ва дигар сохторҳо ба роҳ мондааст.

Имрўз Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳри таълиму тарбияи наврасону ноболиғон шароити мусоидро фароҳам оварда истодаанд. Сохта ба истифода додани кўдакистонҳои замонавӣ, мактабу китобхонаҳо далели гуфтаҳои боло мебошад. Тибқи мушоҳидаҳо маълум гардидааст, ки имрўз аз ҷониби бархе аз падару модар ҳуқуқуи кўдак поймол карда мешавад. Оид ба ин ва дигар муаммои ҳимояи ҳуқуқи кўдакон ба мудири бахш оид ба ҳуқуқи кўдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муҳаббат Ҳомидова бо чанд суол муроҷиат намудем.

- Мўҳтарам муаллима имрўз бахш оид ба ҳуқуқи кўдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд фаъолияти худро чӣ гуна ба роҳ мондааст?

- Ташаккур: Бахш оид ба ҳуқуқи кўдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд имрўз дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оила, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва якҷоя бо худи падару модарон фаъолияташро ба роҳ мондааст. Ҳамчунин, баҳри пешгирӣ аз поймолшавии ҳуқуқи кўдак машварату вохўриҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҷамоатҳои деҳот гузаронида мешавад.

 Дар баробари ин ҳамкориро бо кўдакистонҳо ба роҳ мондаем. Дар кўдакистон ҳамроҳи волидайн сўҳбатҳо гузаронида мешавад ва аз ҳуқуқҳои кўдак онҳоро бохабар менамоем. Зеро имрўз бисёре аз онҳо намедонанд, ки кўдак чӣ гуна ҳуқуқҳоро доро мебошад. Имрўз дар кишвар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардидааст. Баҳри мазмун ва моҳияти қонуни мазкурро фаҳмонидан дар ин самт вохўриҳо ташкил намудем ва оянда низ ин иқдомро давом медиҳем. Зеро яке аз масъалаҳои муҳим ин таълиму тарбия ва соҳибмаълумот намудани фарзанд мебошад.

- Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ содир намудани ҷиноят аз ҷониби ноболиғон ба мушоҳида мерасад. Мегуфтед, ки ҷинояткорӣ дар байни ноболиғони вилоят чӣ гуна аст ва сабабҳои онро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

- Мутассифона имрўз аз ҷониби ноболиғон содиркунии ҷиноят ба мушоҳида мерасад. Давоми соли гузашта аз ҷониби 155 ноболиғ 196 ҷиноят содир гардидааст. Ин нишондиҳандаҳо гарчанде нисбати соли 2014 коҳиш ёфта бошад ҳам, мо баҳри аз байн бурдани ҷинояткории ноболиғон кўшиш намуда истодаем. Асосан бештар дар шаҳрҳои Чкалов, Исфара, Истаравшану Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ин амал бештар ба қайд гирифта шудааст. Албатта, агар кўшиш намоем ва ҳамкории худро бо ҷомеа мустаҳкамтар намоем, зина ба зина ин кор пеш меравад.

Имрўз боз муаммои - ин худкушии ноболиғон мебошад. Давоми соли 2015-ум 39  нафар ноболиғ худкушӣ кардаанд. Аз ин миқдор  6-7 нафарашон бо сабаби касалии рўҳӣ даст ба худкушӣ заданд. Доир ба фаҳмидани сабаб ва омилҳои даст ба худкушӣ задани ноболиғон корҳо рафта истодааст. Дар ин самт дар мактабҳо ҳамроҳи омўзгорон ва волидайни хонандагон сўҳбатҳо мегузаронем. Чун ин ҳолат ҳам омўзгорон ва волидайнро ба андеша водор кардааст. Зеро ки аксарияти ноболиғони ба чунин кор дастзананда аз оилаҳои солиманд, ки ягон камбудӣ дар он оила мавҷуд нест.

- Имрўз аз ҷониби падар ва модар нисбати кўдак чӣ гуна ҳуқуқвайронкуниҳо ба мушоҳида мерасад ва нисбати ин шахсон кадом тадбирҳо андешида мешавад?

- Воқеан ҳам дар аксар маврид аз ҷониби падару модар ҳуқуқвайронкуниҳо нисбати кўдак ба мушоҳида мерасад. Тибқи Конвенсияи ҳуқуқи кўдак ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқҳои кўдак» кўдакон дар паноҳи давлат ва Ҳукумат мебошанд. Имрўз баҳри онҳо ҳамагуна шароити мусоидро давлат ва Ҳукумати кишвар фароҳам овардааст.

Бо вуҷуди ин ҳам ҳастанд падару модароне, ки фарзандашонро ятим мегузоранд. Бо сабаби ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани аксарияти онҳо фарзандашонро ба хонаи кўдакон ва ё хешовандон, ҳатто ҳамсоягон месупоранд. Ин як навъ поймол намудани ҳуқуқи кўдак ба ҳисоб меравад. Аз ҷиҳати дигар ҳангоми вайроншавии оила низ нисбати кўдак чунин амал содир карда мешавад. Дар ин ҳангом кўдак ё аз ҳуқуқи дидани падар ва ё модар маҳрум мегардад. Танҳо бо қарори суд метавонад ин кор ҳалли худро ёбад.

Ҳамчунин, имрўзҳо ба комиссияи мо аризаҳое ворид мешаванд, ки аз поймолшавии ҳуқуқи кўдак шаҳодат медиҳад. Чунин аризаҳоро дар

комиссия баррасӣ менамоем ва бо қарорҳои комиссия, агар масъала ҳалли судӣ дошта бошад, ба суд пешниҳод менамоем. Ин ҳам бошад, агар аз ҷониби падар ё модар кўдак таҳқир ва ё аз ҳаққи дидани падару модар маҳрум гардида бошад, ба ятимхонаҳо супорида мешавад. Дар ин ҳолат суд бо қарори худ метавонад ин масъаларо ҳал намояд. Ҳангоми бо қарори суд ҷудо шудани оилаҳо, аксар маврид ҳодисаи надодани алимент ба фарзанд ба вуҷуд меояд. Ин ҳолат барои кўдак норасоиро ба вуҷуд меорад. Аз чунин шахсон тариқи суд бо маблағи муайян ҷарима ситонида мешавад.

- Нақшаҳои Шумо баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кўдак дар соли 2016-ум чӣ гуна аст?

- Бахш оид ба ҳуқуқи кўдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҷаласаи комиссияи худ нақшаи кори хешро тасдиқ намудааст. Баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кўдакон давоми сол нақшаи чорабиниҳои зиёд ба назар гирифта шудааст. Ташкил ва баргузории чорабиниҳо дар мактаб-интернатҳо барои кўдакони ятиму бепарастор, мусоидат ба сафарбаркунии кўдакони ятиму бепарастор ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва наздимактабӣ яке аз самтҳои кори мо аст. Ҳамчунин, бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар маркази вилоят ва ноҳияҳо таҳти шиори «Кўдакон ояндаи миллатанд» чорабинии хосае баргузор мегардад. Умуман, комиссияи бахш оид ба ҳуқуқи кўдак баҳри беҳтар намудани кори хеш чорабиниҳо ва вохўриҳои судмандро амалӣ хоҳад кард.

Баҳри кўдакони маъюб ва бепарастор ҳам аз ҷониби Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам аз ҷониби Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ кўмакҳои ҳамаҷониба расонида мешавад…

- Барои сўҳбати самимӣ ба Шумо ташаккур мегўям.

- Саломат бошед.                                                                                                    

Сўҳбатнигор
Истамҷони НАҶМИДДИН

Add comment


Security code
Refresh