Қадршиносии фарзанди шоистаи диёр

Яке аз кўчаҳои асосии Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пас аз азнавсозию ободонӣ ба номи шахсияти шинохта, шодравон Мақсудҷон Муродов номгузорӣ гардид. Дар маросими расмии номгузорӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия, аҳли деҳа, дўстону шогирдон ва пайвандони мавсуф иштирок доштанд.   

Дар ҷамъомад намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Ҷамоати деҳоти Унҷӣ аз хизматҳои беназири Мақсудҷон Муродов ҳарф заданд. Мақсудҷон Муродов ҳарчанд дар айёми камолот, дар синни 61-солагӣ аз олам даргузашт, дар муддати начандон тўлонӣ ҳамчун истеҳсолотчии соҳибтаҷрибаю навкор, роҳбари кордону ташаббускор шинохта шуд. Аз истеҳсолотчии оддӣ то ба маснади муовини Раиси вилоят камол ёфт. Фаъолияти меҳнатиаш соли 1970 пас аз хатми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар корхонаи «Тоҷиксементстрой» оғоз гардида, давоми солҳои минбаъда сарварии идораи сохтмони асосии иттиҳодияи «Главводстрой»-и шаҳри Душанбе, корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада «Апрелевка», корхонаи «Шафақи Шарқ», маркази маърифатии «Фермер» - ро ба зимма дошт. Донишмандӣ, касбияти баланд, кордонию масъулиятшиносиаш буд, ки давоми солҳои 1993-1996 Мақсудҷон Муродов вазифаи пурмасъули муовини раиси комиҷроияи вилоятро ўҳдабароёна пеш бурд. Дар обшоркунию ободонии заминҳои бекорхобидаи шаҳру ноҳияҳои вилояту ҷумҳурӣ саҳми амиқ гузошт.

Хизматҳои Мақсудҷон Муродов бо мукофотҳои ҳукуматӣ қадршиносӣ гардида, боварии комили мардум буд, ки вакили маҷлиси вилоятӣ интихоб шуд, соли 2002 бошад, ба узвияти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфтанд.

Дар фарҷом Гулбаҳор Махкамова аз номи пайвандону наздикон сухан гуфта, барои қадршиносии шоиста ва абадӣ гардонидани хотироти падараш ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳли деҳа миннатдорӣ баён намуд.

Муслима Раҳимова,
рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh