Ҷонибдори иқдоми нек

Дар ҷаҳон 22 апрел ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии Замин шинохта шуда, он дар Тоҷикистон аз соли 1988 қайд карда мешавад. Ин санаи экологӣ боз як имкониятест барои ёдрас намудан ба инсон оиди проблемаҳои ифлосшавии обу ҳаво, замин ва истифодаи захираҳои табиӣ. Чи хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд:

«Заамин боигарии асосии мамлакати мост, зеро он олоти истеҳсоли масолеҳи кишоварзӣ, омили муҳими ғизоофарин, фаровонии дастархони мо мебошад. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат бо замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Замин дар асоси Конститусия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Рӯзи Заамин ҳушдор медиҳад, ки муносибати ғамхорона доштан ба Сайёра – вазифаи ҷонии ҳар як инсони рӯи Заамин аст. Мақсади асосии таҷлили Рӯзи Замин такон додани фаъолияти одамон дар минтақаҳо, шаҳру шаҳракҳо ва маҳаллаҳо мебошад, то ки дар доираи ҳифзи муҳити зист кори мушаххасеро анҷом диҳанд.

Тибқи фарзия, асосгузори Рӯзи Замин шахсе бо исми Мортони амрикоӣ маҳсуб меёбад. Дар макони нав ӯ мавзеи беканореро дид, ки дарахтони тоқа ҳар ҷо-ҳар ҷо рӯида буданд. Мортон ҳамроҳи оилаи худ дар ҷойҳои холӣ ба шинонидани дарахт машғул шуд ва бо ин кораш таваҷҷӯҳи шахсони дигарро ҷалб намуд. Соли 1872 Мортони ташаббускор пешниҳод кард, ки як рӯзро ҳамчун Рӯзи Дарахт муқаррар намоянд, то шаҳрвандон он рӯзи худро ба шинонидани дарахт бахшанд. Ин иқдоми нек ҷонибдорони зиёд пайдо кард ва дар аввалин Рӯзи Дарахт аз ҷониби шаҳрвандон қариб 1 миллион бех дарахт шинонида шуд. Дар соли 1882 дар иёлоти Небраска 22 апрел ба таври расмӣ Рӯзи Дарахт эълон карда шуд. Соли 1970 диққати асосии ҷашнгирандагони Рӯзи Дарахт ба масъалаи тарғиботи муҳимиятии муҳити зист равона гардида буд. Ин воқеа боиси он гашт, ки Рӯзи Дарахт ба Рӯзи замин табдили ном кунад. Ҷашнгирии Рӯзи Заамин хусусияти байналмиллалӣ касб кард ва бо мақсади тарбияи экологии насли наврас гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳо барои ҳалли проблемаҳои экологӣ нигаронида шуда буд.

Айни ҳол Рӯзи замин дар 170 кишвар таҷлил карда мешавад. Аз рӯи анъана дар ин рӯз ҳамаи мардум назди ҳавлиҳо ва кӯчаҳои худро ба тартиб медароранд ва ба кабудизоркунӣ машғул мешаванд.

Саодат ШАРИФОВА

Add comment


Security code
Refresh