Ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби ҷавонону хонандагон ба касбомӯзӣ дар литсейи касбии саноатӣ- кишоварзӣ шаҳри Конибодом рӯзи «Дарҳои кушод» баргузор гардид.

Дар он аз 38 муассисаи таълимии шаҳрамон хонандагон ҳамроҳи омӯзгорони худ ташриф оварда, бо шароити таълимгоҳ аз наздик шинос гардиданд. Зимни шиносоӣ онҳо дар ҷараёни соатҳои таълимӣ иштирок намуда, аз сехҳои истеҳсолӣ, базаи моддӣ-техникии таълимгоҳ, майдончаи автомобилронӣ, толори варзишӣ, ошхона ва хобгоҳ дидан намуданд.

Бояд қайд кард, ки дар таълимгоҳ барои таълиму тарбия ва касбазхудкунии хонандагон тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст. Барои омӯхтани нозукиҳои касбҳои интихобкардаи хонандагон 28 утоқи таълимӣ, 6 озмоишгоҳ, майдончаи  автомобилронӣ, 2 толори варзишӣ, хобгоҳ барои 150 нафар ва ошхона барои 300 ҷои нишаст бо таъмини ду маҳал хӯроки гарм барои муҳассилин муҳайё карда шудааст. Чорабинии рӯзи «Дарҳои кушод» дар толори маҷлисгоҳи таълимгоҳ мавриди ҷамъбаст қарор дода шуд. Баҳри иштирокдорон аз ҷониби донишҷӯёни ин боргоҳи ҳунар барномаи ҷолиби фарҳангӣ намоиш дода шуд. Сарвари таълимгоҳ Аҳрорхон Саримсоқов чорабиниро ҷамъбаст намуда, хонандагонро ба идома додани таҳсил ва азбар намудани касбҳои ҷавобгӯи талаботи замон даъват намуд.

Худи ҳамон рӯз 87 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр барои идома додани таҳсил дар таълимгоҳи мазкур худро номнавис намуданд.

Парвина АБДУЛЛОЕВА,
шаҳри Конибодом

Add comment


Security code
Refresh