Пули миллӣ рукни муҳими асосии рӯзгор аст!

Тавассути он симои хосу фарқкунандаи халқу давлат шинохта мешавад.

Тибқи меъёрҳои Конунститутсия ва қонунгузориҳои ҷорӣ Пули миллӣ  аз ҷумлаи  нишонаҳои асосии миллат ва давлат ба ҳисоб рафта ҳар, фарди ҷомеа вазифадор аст, нисбат ба он эҳтиром дошта бошад. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллату давлат буда, баланд бардоштани устувории он вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2000  воҳиди пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон сомонӣ муайян карда шуда. Талаб гардид, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҳама ҳисоббаробаркуниҳо бояд бо пули сомонӣ амалӣ гардонида шавад. Зеро мусаллам аст, ки дар муомилот будани асъори хориҷӣ дар ҷумҳурӣ ҳамчун воситаи харид, ба ноустуворӣ ва беқурбшавии  асъори миллӣ  расонида, дар натиҷа  ба иқтисодиёти давлат ва низоми молиявии он таъсири ҷиддӣ меорад.

Мувофиқи  талаботи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” иҷозатнома (литсензия)-иҷозати махсусе, ки барои амалӣ намудани фаъолияти мушаххас бо риояи ҳатмии шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ онро мақомоти иҷозатномадиҳанда ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ додааст, мебошад.

Фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ ба номгӯи махсуси намудҳои фаъолияте, ки барои амалӣ намудани онҳо иҷозатнома зарур аст, шомил буда, иҷозатнома аз тарафи мақомоти ваколатдори соҳа- Бонки миллии Тоҷикистон дода мешавад.

Нуқтаи мубодилаи асъор – ҷои махсусест, ки дар он ташкилоти қарзӣ ва шахси воқеӣ-соҳибкори инфиродӣ дар асоси Иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон амалиёти мубодилаи асъорро бо муштариён анҷом медиҳад. Қонунгузорӣ анҷом додани мубодилаи асъорро дар ҷои дигар манъ намудааст.

Дар асъори миллии мо, расми шахсони барўманди миллат, ҷойҳои таърихӣ таҷассум ёфтаанд. Ин ҳама ифтихори ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангу миллат буда, мо вазифадорем, ки ин муқаддасотро гиромӣ дорем.

Мутаасифона, гоҳо шаҳрвандон ҳамин рисолати асили хешро фаромӯш месозанд ва талаботи қонунгузориҳоро риоя намекунанд, дидаву дониста қонуншиканӣ менамоянд. Аз ҷониби баъзе аз шаҳрвандон ва соҳибкорони алоҳида бар хилофи талаботҳои дар боло зикргардида, дар марказҳои савдо, нуқтаҳои фурӯш ва бозорҳои шаҳри Хуҷанд бе ягон асос ба хариду фурӯши асъори хориҷӣ машғул

Чунин муносибати шаҳрвандон ҷиҳати эҳтироми пули миллӣ ва дигар арзишҳои миллии хеш боиси рӯз, ки рӯз аз рӯз беқуршавии асъори миллӣ гардида истодааст.

Аз ҷониби прокуратураи шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани қурби асъори миллӣ, муташаккилона гузаронидани санҷишҳо дар ин самт ва бартараф намудани қонуншиканиҳои ҷойдошта бо ҷалби кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва назоратӣ гурӯҳи корӣ созмон дода шуд. Гурӯҳи корӣ барои барҳам додани саррофоне, ки ғайриқонунӣ дар гирду атрофи бозори “Панҷшанбе” ва бозори “Баракат”-и маҳаллаи 34-и шаҳри Хуҷанд ба хариду фурӯши асъори миллию хориҷӣ машғул мебошанд, санҷишҳои ҷиддӣ гузаронида, як қатор қонуншиканиҳо ошкор ва бартараф карда шуданд.

Чунончӣ, зимни гузаронидани санҷишҳо муайян карда шуд, ки шаҳрванд Сиддиқов Толиб Тоҳирович - истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, бархилофи талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ бе қайди мақомоти андоз ва бе иҷозатномаи махсус дар кӯчаи ба номи Ҷӯра Зокирови шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти ғайриқонунии ивази асъори хориҷӣ машғул гардида, бо чунин фаъолияти худ ба коста гардонидани қурби асъори миллӣ даст зада, рисолати шаҳрвандиашро гиромӣ намедорад. Дар натиҷаи гузаронидани санҷиш санаи  7-уми январи соли 2016 ӯ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт ва нисбаташ бо моддаи 541 КҳМ ҶТ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.

Айнан ба ҳамин монанд дар назди бозори “Баракат”-и маҳаллаи 34-ум 3 нафар ва дар минтақаи бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд 8 нафар саррофони ба фаъолияти ғайриқонунӣ машғул буда, боздошт шуда, нисбаташон бо моддаи 541 КҳМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои барраси ба суди шаҳри Хуҷанд ирсол карда шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки тибқи талаботи моддаи 541 КҳМ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи харид, фурӯш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаҳои пардохт ҷавобгарии маъмурӣ ба андозаи аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Агар давоми сол баъд аз ҷавобгарии маъмурӣ кашидан, чунин кирдор такроран содир шавад, тибқи қисми 1 моддаи 286 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.  Дар сурати арзиши ашёи муомилот аз панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад, ҷавобгарии ҷиноятии дар қисми 2 моддаи 286-и Кодекси Ҷиноятӣ пешбинӣ шуда, татбиқ мегардад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки новобаста аз оне, ки қонунгузорӣ нисбати нафароне, ки ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ даст доранд, чунин ҷавобгариҳоро пешбинӣ карда бошанд ҳам, ҳастанд нафароне, ки дидаю дониста ба чунин амалҳои ғайриқонунӣ даст мезананд.

Чунончӣ, зимни гузаронидани санҷишҳо дар маҳаллаи 34-и шаҳр муайян карда шуд, ки новобаста аз он, ки дар асоси қарори Суди шаҳри Хуҷанд аз 9-уми апрели соли 2015 шаҳрванд Исломов Саидамир Асрорович бо моддаи 541 КҳМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 400 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима таъин карда шуда бошад ҳам, хулосаи зарурӣ набароварда, боз кирдорҳои ғайриқонунии худро идома дод. Дар раванди гузаронидани санҷишҳо санаи 8-уми январи соли 2016  тақрибан соати 11-30 дақиқа шаҳрванд Исломов С.С. ҳангоми иваз намудани маблағи 100 доллари ИМА аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ боздошт ва нисбаташ аз ҷониби прокуратураи шаҳри Хуҷанд бо моддаи 286 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

ҳангоми гузаронидани санҷиш санаи 6-уми январи соли 2016 муайян карда шуд, ки шаҳрванд Наврӯзов Хуршед Абдураҳмонович - истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд маҳаллаи 31, бинои 10, ҳуҷраи 44, ба сифати фурӯшанда дар Маркази савдои “Бадри Мунир” –и шаҳри Хуҷанд кор карда, бо роҳи муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ – доллари ИМА санаи 6-уми январи соли 2016 тақрибан соати 12-18 дақиқа ба шаҳрванд Абдуллоев Намозалӣ Қурбонхонович, мағозаи №16 воқеъ дар Маркази савдои “Баҳор”-и шаҳри Хуҷандро ба маблағи 9000 доллари ИМА нархгузорӣ намуда, баъди гирифтани маблағи 3000 доллари ИМА ҳамчун маблағи пешпардохт, охирин аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ боздошт ва далелҳои шайъӣ - маблағи 3000 доллари ИМА аз ӯ гирифта шуданд.

Айнан ба ҳамин монанд аз ҷониби прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбати шаҳрвандон Раззоқов Илҳом Абдувалиевич, Ахмедов ҳабибулло Негматович, Абдуллоев Орифҷон Фатҳуллоевич, Абдуллоев Толибҷон Абдураҳимович ва дигарон бинобар сабаби даст ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ заданашон бо моддаи 286 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар давраи соли 2015 аз ҷониби прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбат ба 41 нафар шаҳрванд бо аломатҳои моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва нисбат ба 13 нафар бо мддаи 286 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Танҳо дар як моҳи соли 2016 бошад аз ҷониби прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбат ба 10 нафар чунин қонунвайронкунандагон бо моддаи 286-и Кодекси Ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ ва нисбат ба 15 нафар бо моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии даст ба ҳуқуквайронкуниҳо ва қонуншиканиҳо задани шаҳрвандон аз он иборат мебошад, ки эҳтироми хосаи онҳо нисбат ба пули миллӣ то андозае коста гардида, аз тарафи дигар, аз ҷониби мақомотҳои марбута дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани ӯҳдадориҳои хизматӣ мебошад. Мушоҳидаҳои вақтҳои охир худ гувоҳи онанд, ки дар ҳақиқат дар аксарияти нуқтаҳои савдои шаҳри Хуҷанд молу маҳсулот озодона бо асъори хориҷӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Вале новобаста аз он, ки чунин ҳолатҳо мушоҳида шаванд ҳам, шахсони ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Бинобар ин зарур аст, ки ба ҳар як ҳолати ошкор намудани қонунвайронкуниҳо тадбирҳои зарурӣ ва чораҳои дахлдор андешида шаванд.

Сӯҳроб САМИЗОДА,
ёрдамчии калони прокурори шаҳри Хуҷанд,
мушовири
 адлияи дараҷаи 3 

Add comment


Security code
Refresh