Хонаводаи солим - ҷомеаи солим

ё Сарчашмаи ба камолот расонидани фарзанд.

Хонавода муҳимтарин мактаби урфу одат мебошад. Инсон қадамҳои аввалини худро дар  оила гузошта, тамоми хусусиятҳои ҳаёти хонаводагӣ, равиши маънавию ҷамъиятӣ, майлу рағбат, муносибатҳои байниинсонӣ, сифатҳои ахлоқию сиёсии шахсият маҳз он ҷо инкишоф меёбад. Маҳз дар хонавода фарзандон ба камол расида, дар ҳастии онҳо хислатҳои неки инсонӣ, қобилияти бадеиву эҷодӣ, дарки воқеӣ, нерўи маънавӣ, фикрӣ, ҷисмонӣ ва тамоми паҳлўҳои санъат, хосатан, зебоифаҳмӣ  инкишоф меёбанд. Бинобар ин, ба омодасозии насли наврас ба ҳаёти хонаводагӣ эътибори бағоят ҷиддӣ додан лозим аст.

Мақсади ҷомеаи мо саодати мардум буда, яке аз муҳимтарин ҷузъҳои он хонаводаи қавию солим ба шумор меравад.

Дар кишвари мо ба шарофати сиёсати созандагӣ ба ҳаёти хонаводагӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Хонавода, яъне оила дар ҳимояи давлат қарор дорад. Аз ин ҷиҳат тарбия намудан ва ба камол расонидани фарзандон қарзи муҳим ва вазифаи масъулиятталаби волидон дар назди ҷомеа, миллату Ватан, умуман инсоният мебошад.

Ҳаёти хонавода аз одамон донишу малака ва ҳунару маҳорат талаб мекунад, ки ин ҳама аз вазифаи масъули падару модар ибтидо гирифта, минбаъд дар зиндагии ҳаррўза ташаккул меёбад.

Эҳтиром ва эҳтиёти муқаддасот сарчашмаи нерўи маънавӣ, эътиқоди ғоявӣ ва меросбари ахлоқии наслҳо ба ҳисоб меравад. Барои сиҳатии ҷисмонӣ ва равонии фарзанд пайваста ғамхорӣ намуда, ўро ба мактаб омода кардан ва барои инкишофи қобилияташ шароити зарурӣ муҳайё намудан зарур аст. ҳуқуқ ва қадру қиммати  фарзандонро низ ҳимоя бояд кард. Инак, ҳама гуна принсипи маънавиеро, ки дар синни хурдӣ дар хонавода азхуд мешавад, насли наврас аз ҳаракату муносибат ва рафтору гуфтори одамон дарси маънавӣ мегирад ё қонунҳои ахлоқро меомўзад.

 Никоҳи хешутаборӣ миёни мардум чун оини веҷа мўҳтарам буд ва хонаводаҳо  баъзан фарзандони худро аз гаҳвора бо ҳам ба истилоҳ « бахш, ҷуфт» мекарданд. Ба ҷурми ин оин миёни хешутабор низоъ бархоста, чунин аҳду паймон боиси бунёди хонаводаҳои маҷбурӣ мегаштанд ва оқибат ба номуродиҳо  мерасонданд. ҳангоми хонадоршавӣ ризогии падару модарро гирифтан неку савоб аст ва онҳоро роҳнамои некбахтию хушрўзӣ медонанд, Аммо боз саволҳои дигар пеши рў меоянд, ки посухи амиқу муътамад мехоҳанд. Масалан, чаро  писарамонро бо духтари писандидааш хонадор намекунем ё баръакс?  Чаро онҳо маҷбуран духтари амма, тағо, холаро ба занӣ гиранд? Оё ин раво бошад?

Барои бунёди оилаи ҷавон бояд муҳаббат, дўстиву рафоқати бехалал пойдор бошад. Он вақт фарзандони солим ба дунё меоянд.

Охири ҳазораи дуюм ва ибтидои ҳазорсолаи сеюм илми тиб исбот кард, ки аксари бемори хусусияти ирсӣ дораду аз насл ба насл мегузарад. Сироят ёфтан аз чунин бемориҳо миёни оилаҳое, ки бо никоҳи хешутаборӣ бунёд шудаанд, хеле зиёд мебошад. Эҳтимоли таваллуди кўдакони носолим дар ин хонаводаҳо ба фоиз, болост! Генҳое, ки дар ҷавонони зану шавҳаршуда носолим ҳастанд, боиси пайдоиш ва тавлиди тифли носолим мегарданд. ҳар инсон ҳазорҳо ген дорад, ки дорои хусусиятҳои манфӣ ва ё мусбат ҳастанд. Фаъолияти баъзе генҳо нодуруст ҷараён мегирад, ки ин аз таъсири муҳити зист ба зуҳур меояд. Агар  инкишофи ҷанин ба ҳукми чунин ген бошад, албатта, кўдаки носолим тавлид мешавад. Агар таъсири табиати атроф ба яке аз генҳо расад, он вақт дар  кўдакон вайроншавии аломатҳо, ба мисли ранги мўй, афту андом, қаду баст, хислат ва ғайра ба мушоҳида мерасанд. Аз ин рӯ,  ин гуна бемориҳо ва ноҷўрии ҷисму рўҳ ба насли оянда ба таври ирсӣ мегузарад. Ба андешаи баъзе олимон, агар аз никоҳи хешутаборӣ фарзандони солим таваллуд шаванд ҳам, аммо дар ҷараёни ба воя расидан ва камол ёфтан эҳтимоли гирифторӣ  ба бемориҳои гуногун ҳаст ва ин аз қабили камақлӣ, инкишофи сусти организм, каҷшавии устухонҳо ва ғайраҳо зуҳур мекунад. Никоҳи хешутабориро имрўз аз паҳлўҳои мухталифаш бояд таҳқиқ ва тадбир кард, зеро сухан натанҳо оид ба кўдакони носолим меравад, балки ҷанбаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, равонӣ ва фарҳангии он низ пеши назаранд. Ин омил танҳо раванди хурди биологӣ ё психологӣ набуда, ба сохтори ҷамъиятӣ низ таъсир мерасонад. Баъзе бемориҳо на дар насли аввали издивоҷи хешутаборӣ, балки дар насли баъдӣ хурўҷ мекунанд.

Бо мақсади пешгирӣ аз оқибатҳои чунин издивоҷи хешу таборӣ дар қисме аз давлатҳои пешрафта машваратгоҳҳои махсуси тиббию генетикӣ фаъолият мекунанд, то ки арўсу домод қаблан аз ташхис гузашта, оилаи солим бунёд созанд. Дар Тоҷикистон бо вуҷуди таблиғоту дастурҳо ва ҳидоятҳои пайваста нигоҳи хешутаборӣ коҳиш намеёбад. ҳарчанд машваратгоҳҳои махсуси тиббию генетикӣ  таъсис додаанд, аммо одамон ба ҷурми боз ҳамон мафкураи қаблӣ машварат маслиҳат шунидан намехоҳанд. ҳанўз ҳам донистанӣ нестанд, ки издивоҷи хешутаборӣ метавонад паёмадҳои нохуш бидиҳад. 

Матлюбахон Умарова,
номзади илмҳои педагогӣ, устоди кафедраи педагогикаи
умумии ДДХ ба номи Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh