Раҳмонобод обод мешавад

Бадахшон бо табиати нотакрору кўҳҳои баланд, инчунин гиёҳу обҳои шифобахши худ барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҳамеша диққатҷалбкунанда буда, ашёву маснуоте, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят истеҳсол карда мешаванд, харидори зиёд доранд.

Эмомалӣ Раҳмон

Охирҳои моҳи январи соли равон дар деҳаи навбунёди Раҳмонободи ноҳияи Шуғнон бинои нави мактаби замонавӣ бо таҷҳизоти муосири таълимию техникии муҷаҳҳаз бештар аз 100 нафар фарзанди сокинони ин деҳаро ба оғўши худ гирифт.

 Маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин дабистон, ки сохтмони бинои он дар фосилаи шаш моҳ бо ҳидояти Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон анҷом гирифт, нафақат барои омўзгорону хонандагони ин муассисаи таълимӣ, волидайн, сокинони деҳа, балки тамоми мардуми Кўҳистони Бадахшон ба тўю сурури ҳақиқӣ табдил ёфт. Намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ, парламенти мамлакат, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия ва садҳо нафар меҳмон дар лаҳзае, ки дар саҳни мактаб занги аввал садо дод, шарики шодию фараҳмандии муҳассилину омўзгорон буданд. Ҷавҳари ҳарфу сухани баромадкунандагони ин ҷамъомади хотирмонро шукргузорӣ аз истиқлолият, сиёсати ваҳдатофаринию маорифпарварии Роҳбари давлат, рисолати некандешию накўкории мардуми адолатпешаи тоҷик фарогир буд. Дар ин лаҳзаи ниҳоят фараҳбахшу гуворо қироат гаштани паёми шодбошии кормандони урдугоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғдро ҳозирин бо хушнудӣ истиқбол карданд ва ин бесабаб ҳам набуд. Дар он рўзҳое, ки сели даҳшатафкан манзилу амволи 84 хонаводаи деҳаҳои зебоманзари Барсему Бердибекободро ба комаш фурў бурд, 60 нафар кўдаки ин деҳаҳо дар ин истироҳатгоҳ ба таълиму тадрис фаро гирифта шуданд. Онҳо хотираҳои некро аз меҳмоннавозӣ, инсондўстию маърифатпарварии мардуми Суғд ба Кўҳистони Бадахшон оварданд ва имрўз аз он ба ҳамсабақони худ нақл мекунанд.

Тобистони соли гузашта деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон дар сархати расонаҳои хабарии ҷаҳон қарор дошт. Се рўз паи ҳам фаромадани сели даҳшатафкан нисфи деҳаро ба харобазор табдил доду қисми дигараш зери об монд. Аз нисф бештари мардуми деҳа бе хонаву ҷой монд, аммо ноумед нагашт. Аз рўзҳои аввали сар задани офат тамоми сокинони кишвар барояш дасти мадад дароз кард. Дар муддати камтар аз чор моҳ дар наздикии деҳаи харобгашта, шаҳраки зебое бо инфрасохтори муосир бунёд гашт. Барои хонаводаҳое, ки манзилу молу амволашонро аз даст доданд, хонаҳои урфии помирӣ сохта шуданд ва бо супориши Сарвари давлат онҳо бо тамоми ҷиҳози хонадорӣ ройгон таъмин гардиданд. Бо пешниҳоду дархости пирони хирадманд ин деҳа Раҳмонобод номгузорӣ гардид. Акнун Раҳмонобод яке аз деҳаҳои ободу зебои Кўҳистони Бадахшон аст.

Ҳофиз МИРЗОКАНДОВ

Add comment


Security code
Refresh