Дар ҳифзи солимии модару кўдак

Ба фаъолияти таваллудхонаи вилоятӣ чун муассисаи мустақил як сол пур шуд. Сохтмони бинои муассисаи тиббӣ бо дастур ва супориши бевоситаи Президенти кишвар ба мақсади аз байн бурдани мушкилоти табобати бемориҳои занону кўдакон ва афзун намудани имкони наҷоти саривақтии модару кўдак ба роҳ монда шуд. Оид ба фаъолияти ин муассиса сўҳбате доштем бо Гулсара Чоршанбиева.

- Бинои нави таваллудхона аз чор ошёна иборат буда, бо тарҳу намуди муосир бунёд шудааст. Хишти аввали онро 10-уми августи соли 2011 Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари навбатии кориаш ба шаҳру навоҳии ВМКБ гузошта буд. Бо дастури Сарвари мамлакат барои сохтмони бинои таваллудхона аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 миллион сомонӣ ҷудо гардида, корҳои сохтмониро дар ин ҷо бинокорони ҶДММ «Набзи нур» анҷом доданд.

13-уми ноябри соли 2014 бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода беморхона расман ифтитоҳ гардида, аз аввали соли 2015 бо фармони Раиси вилоят аз тобеияти беморхонаи вилоятӣ баромада, чун муассисаи мустақил ба фаъолият пардохт.

 Беморхона дорои 105 кат буда, аз 8 шўъба иборат мебошад. Шўъбаҳои эҳёи навзодону калонсолон ва ташхисии клиникӣ нав ташкил шуданд. Дар ин ҷо дар маҷмўъ 160 нафар кор мекунанд, ки аз онҳо 20 нафар табиб бо дараҷаи олии тахассус фаъолият мекунанд. 78 нафар корманди миёнаи тиббӣ ва дигарон кормандони техникӣ мебошанд.

Бо сохта шудани бинои нав кори хизматрасонӣ беҳтар шуд, зеро дар ин ҷо барои ташхису табобати беморон тамоми шароит фароҳам оварда шудаанд. Беморхона аз ҷиҳати таъминот бо барқ, оби гарм мушкилоте надорад. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар беморхонаи навтаъсисро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд. Вале, бо вуҷуди ин баъзе норасоиҳо дар беморхона вуҷуд доранд. То ҳол имкониятҳои мо дар самти расондани кўмаки ройгон ба беморони вазнин маҳдуд аст, зеро барои хариди доруворӣ буҷети кам дорем. Дар самти бемориҳои занона дар вилоят ҷарроҳӣ танҳо дар беморхонаи мо гузаронида мешавад. Бинобар ин, беморон аз ноҳияҳо ҳам ба таваллудхонаи вилоятӣ оварда мешаванд, вале мошини ёрии таъҷилиамон хеле кўҳна аст. Дар шўъбаи эҳё низ баъзе таҷҳизоти зарурӣ намерасад.

 Соли 2015 дар беморхона 12 ҳазор касал табобат гирифт. 1392 кўдак таваллуд шуд, ки аз онҳо 268 кўдак бо роҳи ҷарроҳӣ ба дунё омаданд. Дар давоми моҳи январи соли ҷорӣ бошад, 98 кўдак таваллуд шуд, ки аз он 22 кўдак бо усули ҷарроҳӣ ба дунё омаданд. Ин рақамҳо нисбат ба солҳои пеш ба маротиб зиёданд ва аз эътимоди мардум ба хизматрасонии беморхона ва умуман афзоиши таваллуд дар вилоят дарак медиҳад. Айни ҳол дар беморхона 78 бемор табобат мегирад. Ҷидду ҷаҳди мо бештар ба он равона шудааст, ки фавти модару кўдакро ҳарчӣ бештар пешгирӣ намоем. Моро лозим аст, ки бо модарони оянда бештар кор барем.

Баъзе занони ҳомила, хешу табори наздикашон ба шароитҳои зарурии пеш аз таваллуди кўдак бепарвоӣ зоҳир мекунанд, ба духтур дар марҳалаи охирин муроҷиат менамоянд. Ният дорем, ки қабл аз ҳама дар беруни беморхона як лабораторияи дигаре кушоем, то беморони касалиҳои занона, ки дар таваллудхонаи вилоятӣ хобонда нашудаанд, имконият пайдо кунанд, ки дар он ҷо аз ташхис гузаранд. Иловатан баъзе мутахассисон, аз қабили ҷарроҳ ва табиби бемориҳои дарунӣ (терапевт)-ро ба кор ҷалб намоем. Ҳамчунин, мехоҳем, ки ба беморхона бештар таҷҳизоти нав ворид созем. Дар самти амалӣ гардидани ин нақшаҳоямон бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар ба мувофиқа расида, ҳамчунин кўшиш менамоем, ки сармояи созмонҳои байналхалқиро низ ҷалб намоем.

Н.ДИЛОВАРШОЕВА

Add comment


Security code
Refresh