Чашмаҳое, ки бисмилро ҷон ато мекунанд…

Бадахшон дар ҳақиқат ҳам дарвозаи тиллоии Тоҷикистон аст. Дар ин ҷо баробари неъматҳои зеризаминии синаи кўҳҳо, инчунин кўлу лозурҳо, рўдхонаву чашмаҳои шифобахши бешуморе мавҷуданд.

Тибқи ҳисобу китоби нопурра дар Бадахшон беш аз 80 чашмаи шифобахш мавҷуданд. Ва аз ҳама муҳимаш он аст, ки ҳамаи онҳо сатҳи ҷаҳонианд. Имрўзҳо бо ғамхории ҳукумати ҷумҳурӣ, ба виҷа Пешвои миллат, Президенти кишвар ба Бадахшон аз чаҳор самти олам сайёҳон ворид мегар-данд. Мурод аз ин гуфтаҳо он аст, ки дар ин осоишгоҳҳо натанҳо аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, балки аз саросари дунё маризон табобат мегиранд. Ҳамаи ин, албатта маблағ аст, ки вориди хазинаи кишвар мегардад.

Чашмаҳои шифобахш аз ҳама бештар дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим мустақаранд. Дар ин ҷо танҳо чашмаҳои таркибашон тадқиқшуда 30-тоанд. Омўзиши ҷиддии ин неъматҳои гаронбаҳои Помир, аз ҷумла ноҳияи Ишкошим асосан аз солҳои 30-юми қарни сипарӣ сар шуд. Соли 1930 Комиссариати халқии нигаҳдории тандурустии РСС Тоҷикистон гурўҳи тадқиқотии махсусро таҳти сарпарастии профессор Г.Н.Рагозин ташкил намуд. Дар солҳои 1932-1938 экспедитсияи Паҷўҳишгоҳи марказии балнеологӣ дар ҳайати духтур-балнеолог, муҳандис-балнеолог ва иқлимшиносон доир ба омўхтани чашмаҳои маъданӣ ва минтақаҳои табобатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқотро ба сомон расониданд.

Соли 1961 Вазири тандурустии СССР В.Иванов ва саргеологи Раёсати Маркази истироҳатгоҳҳои Иттифоқҳои касабаи марказӣ В. Валединский аввалин шуда, бунёди осоишгоҳи Гармчашмаро барои 120 кат тавсия доданд. Баъдтар дар заминаи Гармчашма шифохонаи обӣ барои 25 кат кушода шуд. Дар соли 1978 шифохонаи обии Гармчашма ба касалхонаи физиотерапевтии вилоятӣ табдил дода шуд.

Соли 1978 дар заминаи чашмаи Авҷ шўъбаи физиотерапевтии назди бемористони марказии ноҳия бо 25 кат фаъолияти хешро оғоз намуд.

Аз соли 1970 сар карда, ба ободонии чашмаҳои шифобахши дигар навоҳии вилоят оғоз намуданд. Оби Гармчашма касалиҳои дилу рагҳои хунгард, узвҳои такя ва ҳаракат, системаи асаб, узвҳои ҳозима, узвҳои ҷинси занона, касалиҳои кўҳнаи роҳҳои нафаскаширо давост.

Имрўзҳо осоишгоҳи Гармчашма хеле ободу зебо гардидааст. Дар ин ҷо биноҳои баландошёнаи меҳмонхонаҳо бо кулли шароити зисту истироҳат бунёд гардидаанд. Умуман, Гармчашма имрўз ба як шаҳраки хеле зебо табдил ёфтааст.

Осоишгоҳи дигаре, ки имрўз хеле машҳур аст, Бибӣ Фотимаи Заҳро мебошад. Он низ дар ноҳияи Ишкошим дар наздикии марзи Афғонистону Покистону Чин ҷойгир аст. Қарнҳои қарн сокинони ин кишварҳо, инчунин аз гўшаю канори Бадахшон ба дурию душвории роҳ нигоҳ накарда, ба ин ҷо меомаданду дар ҳавзе, ки сокинони таҳҷоӣ сохта буданд, табобат мегирифтанд.

Ободии чашмаи Бибӣ Фотимаи Заҳро дар даврони Истиқлолият оғоз гардид. Агар то соли 2009 осоишгоҳ дорои 25 кати хоб буд, имрўз ин рақам ба 60 расидааст. Инчунин, соҳибкорони маҳаллӣ чаҳор бинои барҳавои замонавии меҳмонхонаро сохтаанд. Дар осоишгоҳ барои истироҳаткунандагон беҳтарин шароит муҳайё гардонида шудааст. Дар ин ҷо асосан иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, садамаи Чернобил, ҷанговарони интернатсионалист, маҷрўҳон, собиқадорони меҳнат истироҳат мекунанду табобат мегиранд. Дар назди даромадгоҳи осоишгоҳ бунёди бинои бозор ва ошхона барои онҳое, ки бе роҳхат ба ин ҷо меоянд, идома дорад.

Хоҳишмандони истироҳату табобат дар чашмаи Бибӣ Фотимаи Заҳро хеле зиёданд, зеро оби ин чашма барои табобати бемориҳои захми меъда ва рўдаи 12-ангушта, газаки доимии ҷигар, илтиҳоби доимии талхадон, касалиҳои узвҳои такя ва ҳаракат, касалиҳои гинекологӣ, аз ҷумла бенаслӣ хеле муфид аст.

Ин ягона осоишгоҳе дар Бадахшон аст, ки аз он ҳар рўз гурўҳ-гурўҳ сайёҳони кишварҳои бурунмарзӣ дидан мекунанд. Агар аз як тараф диққати онҳоро оби сеҳрноки шифобахши ин чашма ба худ ҷалб намояд, аз тарафи дигар 200-300 метр дуртар аз қароргоҳи чашма диҷи Ямчун воқест, ки дар баробари дигар осори таърихии дунё ба рўйхати феҳрасти ЮНЕСКО ворид гардидааст.

Лутфишоҳи ДОДО

Add comment


Security code
Refresh