Рухак: Дараи марг ё макони зист?!

Бо вуҷуди ноҷўриҳо ва вазъиятҳои пешомада ягона коре, ки тўли 25 соли охир ба субут расиду шоистаи тазаккур аст – ин иқдоми Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ мебошад: ибтидои соли 2016 дар асоси пешниҳоди Раиси вилоят ба хотири “Соли фарди солим” Лоиҳаи рўйпўшкунии партовгоҳи радиоактивӣ аз сар гирифта шуд, ки воқеан иқдоми наҷиб аст!

Бемасъулиятӣ, хунукназарӣ, беаҳамиятӣ ба табиат ва бераҳмӣ дар солҳои 60-70-уми асри гузашта нисбат ба иқлими зебову сабзу хуррами мавзеи Рухак сабаби аслии пайдоиши бемориҳои марговар шудааст. Коршиносон исбот карданд, ки аз нурҳои радиоактивии уран ва боқимондаи партовҳои он дар шимоли Тоҷикистон гирифторони бемории саратони хун (лейкоз) ва саратони ҷигар зиёд шудааст.

Вақте рақамҳо сухан мегўянд…

- Яроқи ҳастаии Федератсияи Русия, ки тамоми ҷаҳонро метарсонаду меларзонад, аз урани Тоҷикистон сохта, тибқи маълумотҳои дақиқ дар шаҳри Бўстон (Чкалов) коркард шудааст.

- Тоқатпазирии организми инсоният алайҳи нурҳои радиоактивӣ аз 60 микрорентген/соат зиёд нест. Хушбахтона, дар атрофи шаҳри Хуҷанд ва дигар навоҳии шимоли Тоҷикистон аз 13-25 микрорентген/соат зиёд набуда, алҳол ҷои нигаронӣ нест.

- Мутаассифона, дар партовгоҳи радиоактивии болотари Ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аниқтараш дар мавзеи собиқ корхонаи коркарди урани шаҳри Бўстон аз 300 то 400 ва ҳатто баъзе маркази худи партовгоҳ то 2000 микрорентген/соатро нишон медиҳад. Ин манзара дар назар хеле хомўшу безарар буда, аммо дар ботин пур аз талотуми маргу касалиҳои сироятии ваҳмангез аст. Агар инсон дар нури радиоактиви 600 микрорентген/соат гаштугузор намояд, дар як соат вафот карда, агар 300 мкр/соат бошад, на зиёд аз як сол умр мебинад.

- Ҳудуди партовгоҳи мавзеи Рухак 90 гектар буда, бо ҳудуди ариелии паҳну парешоншавии чангу хоки радиатсия 120 гектар мебошад. Дар партовгоҳ вазиши шамол аз самти шарқ ба ғарб ва ё баръакс аз 4-5 то 15-20 метр мебошад, ки бо ин васила радиатсия ба муҳити зист паҳну парешон мешавад. 

Аз саҳифаи таърих

Ҳамчунин, ишора меравад, ки мардуми гирду атрофи Ғозиён ва паҳнои қафотари  шаҳри Бўстон асосан мардуми бумии Хуҷандшаҳранд ва бо тақозои ҷои кору талаботи замон ва дигар сабабҳо ба ин минтақа кўч бастаанд.

Дар ин зимн, бо меҳнати дастӣ-бо каланду бел теппаи Рухакро ба марғзору киштзори зебое табдил додаанд. Тибқи иттилои дақиқ мардуми меҳнатқарини ин марз аз оби наҳрчаи Хоҷабоқирғон баъди инқилоби Октбяр ташкил шудани колхозҳои ба номи Сталин, Фрунзе ва Будёний ибтидоан аз мавзеи Овчиқалъача бо заҳматҳои зиёд заминҳои ташналабро бо оби ҷонбахш таъмин кардаанд.

Пашшачаҳои Хуҷанд кай ва аз куҷо пайдо шудаанд?

Вале ба чанд муаммоҳои солҳои сипаришуда мушоҳидакорона назар кардан исбот мекунад, ки чаро Рухак ба ин гуна ҳол гирифтор гардид. Бе оқибатандешӣ ва дурбинӣ партофтани партов ва дигар муомилаҳои ғайриинсонӣ нисбат ба табиат боис шуд, ки Рухаки зебову сабз ва марғзори ҷонафзо ба «Дараи марг» табдил ёбад.

Шурўъ аз солҳои 60-уми қарни ХХ сар карда, бо ниятҳои гуногун оварда партофтани партовҳои заҳролуд оғоз шуд, ки заминаҳои нахустини азбайнравии муҳити зебои Рухак мебошад. Нахуст, ташкил ёфтани фабрикаи паррандапарварии «Ленинобод» ва минбаъд дар маҳалли наздик ба Рухак ва Ғозиён созмон ёфтани партовгоҳи он иқлими Гумбазу Седаста, ҳатто Себзору Чорчароғро вайрон карда, ба пайдо шудани пашшачаҳои дилбазан пойдевор гузоштааст.

Тавре пирони рўзгордидаи Хуҷандшаҳр нақл мекунанд, то солҳои 60-ум дар шаҳр пашшачаҳои имрўзае, ки ғингосзанон сокинонро дилбазан мекунанд, набудааст. Танҳо дар соҳили рўдхонаи Сир ва бахусус ҷойҳои алафдори он аҳён-аҳён ба чашм мерасидаасту халос. Аммо ташкил шудани фабрикаи паррандапарварӣ ва дар шафати он–аниқтараш дар яке аз дараҳои Рухак созмон ёфтани партовгоҳи фабрикаи мурғпарварӣ заминаи пашшачаҳои сирояткашонро зиёд намудааст, ки то ба ҳол мардум аз он роҳи халосиро кашф карда наметавонанд.

Бо фаро расидани фасли баҳор ва минбаъд тобистону тирамоҳ низ вақте қадами кас ба дараи партовпартоии Рухак мерасид, бўйи дилбеҳузуркунандае машоми касро фаро мегирифт, ки хусусан дар ояндаҳо махсус пашшаи сиёҳ дар ин манотиқи зикршуда пайдо гардид, ки мардумро шабу рўз ором намегузошт. Дар тамузи тобистон низ мардум наметавонистанд, ки дар сояи дарахту токзорашон ғизо тановул намоянд, баръакс дару тирезаҳоро маҳкам карда, маҷбур сари дас-тархон арақшор менишастанд.

Шояд суоле ба миён ояд, ки масъалаи нурҳои радиоактивии уран ба фабрикаи мурғпарвариву партову пашшачаҳо чӣ рабте дорад?

Маҳз ба партовгоҳ табдил шудани яке аз дараҳои теппаи Рухак мўҷиб шуд, ки дар тақлиди он ҳукумати вақти Шўравӣ санаде имзо кард, ки партовҳои урани коргоҳи шаҳри Чкалови собиқро ба ҳамин минтақа оварда партоянд, ки минбаъд ба кўчиши бемайлони мардум сабаб гардидааст. Созмон ёфтани партовгоҳи заводи коркарди уран як зарбаи мўҳлики дигаре буд, ки сабзазору марғзори ин маконро комилан дарҳам шикаст. Радиатсияи уран нагузошт, ки олами набототи Рухак нумўъ кунад.

Аз рўйи нақли сокинони кўҳансол ва наслҳои солор бармеояд, ки он лаҳза эшон ягон даре намондааст, ки шикоят набурда бошанд.

- Ягон мақомоти давлатӣ намонда буд, ки мо шикоят накарда бошем, на комсорги вилоят ва на Комитети Марказии Ҳизби коммунисти Шўравии вилоятӣ, ба ҳамааш ариза навистем, фаъолони маҳаллаҳои Гумбазу Седаставу Қотма ва мавзеи Ғозиён баробар ба ин амалкард шўриданд. Аммо ягон натиҷаи мусбат надод,-мегўяд зимни сўҳбат Ваҳҳоб Орифови 68-сола.

Аз сўҳбати ашхоси огоҳ маълум гардид, ки масъулин ба ҷои баррасӣ кардани арзи шикоятгарон пинҳонӣ ба баъзе фаъолон мулоқот намуда, гуфтаанд, ки гўё беҳтараш аз минтақа кўч банданд ва ҳатто ба баъзе аз онҳо квартираҳои бенавбату ройгон дода шудааст, то лаб ба шикоят накушоянд. Бо ҳамин Кумитаи Марказии ҳизби коммунисти Шўравӣ тавонист, ки сари вақт пеши роҳи шикоятнависонро бигирад, мегўянд сокинони дигар. Бо ҳамин гўё «шўриши аризанависӣ» бо «квартиратўҳфакунӣ» пахш гардиду ба мисли пештар пеши роҳи партовпартоии радиоактивӣ гирифта нашуд. Баръакс «иқдом»-и вайронкунии муҳити зист зиёд шуду кам не.

Шўравӣ: «Асрори заводро на ту дониву на ман»

Баъди чунин шикояти сокинон Кумитаи Марказии Ҳизби коммунист водор шуд, ки қароре ба тасвиб расонад, то партов аз мавзеи Рухак ба дигар ҷой кашонида шавад. Аммо аз нигоҳи илмӣ кашонидани партови радиоактивҳои химиявӣ оё дуруст аст?

Аз ҷое ба ҷое кашонидани партови коркарди уранро доктори илмҳои ҷуғрофӣ профессор Саттор Худойбердиев камоли ноогоҳӣ ва бемасъулиятӣ хонда, иброз медорад, ки радиатсияи заҳри уран то ҳазорон сол боқӣ мемонад.

- Партови чунин заводҳои уран ва дигар радиоактиви химиявӣ набояд аз ҷое ба ҷое кашонида шавад. Зеро ҳангоми мунтақил додани он масофаи муайянро заҳролуд карда, ба ҳифзи муҳити зист, саломатии одамон ва ҳайвонот зарари ҷиддӣ дорад. Кўтоҳандешии Кумитаи Марказии ҳизбро бинед, ки ҳанўз солҳои 70-уми асри гузашта хостанд, партовҳои уранро аз теппаи Рухак ба пахтазорҳо ба мисли партови маҳаллӣ партоянд. Шукр, ки ин кор нашуд, вагарна на фақат пахтазорҳо, балки шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистону Бўстон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва маҳаллоти  наздик ба ин минтақаҳо шояд пурра ба  Херосима ваНагасакии Япония табдил гардида, насли одамӣ пур аз навоқис (урод) таваллуд мешуд,-мегўяд профессор Саттор Худойбердиев.

Тавре сокини 78-солаи деҳаи Ғозиён Усмонҷон мегўяд, роҳбарони вақт садорати фабрикаи паррандапарвариро ҷарима бастанду қадре партовҳои фабрика берун кашонида шуд.

- Хурсандии мардум ҳадду канор надошт. Аммо, бехабар аз он ки ба дараи Рухак ба ҷои партови мурғпарварӣ партови уран бедареғ оварда рехта мешуду ин макони зист ба дараи марг табдил меёфт,-иброз медорад амаки Усмонҷон.

Аз рўи гуфтаи амаки Усмонҷон он лаҳза мардум намедонистаанд, ки дар завод аниқ чӣ коркард мешавад.

- Корбурди замони Шўравӣ бисёр асрорҳо дошт, аз бисёр гапу корҳо мардум бехабар буданд, аз коркарди заводи Чкалов (Бўстонро дар назар дорад. Н.С.) низ бехабар буданд. Фақат аҳён мардуми огоҳ медонистанд, ки он ҷо чӣ мегузарад. Аммо, бо вуҷуди ин офтобро бо доман пўшида намешавад, оҳиста-оҳиста ҳама донистанд, ки дар он ҷо уран коркард мешудааст,- мегўяд мавсуф.

Рухак замоне биҳиште буд, вале имрўз…

Файзулло Атохоҷаев, собиқадори матбуот, дорандаи “Медали хизмати шоиста” (соли 1997), сокини деҳаи Ғозиён аз замони бачагиаш ёдовар шуда мегўяд, ки мавзеи Рухак биҳиштеро мемондааст, ки дар он токзорҳои бузурги сабзу мунаввар ва марғзори зебое будааст.

-Замони бачагиам дар Ғозиён сипарӣ шудааст, ки бо ҳамроҳии падар тавассути Рухак харсавор ба Қотма мерафтем. Ба хубӣ дар хотирам мондааст, ки чӣ гуна ин мавзеъ зебову сабз буд: Раиси Кумитаи иҷроияи Шўрои депутатҳои вилояти Ленинобод (Суғд) марҳум Усмон Қосимов ба кишвари Молдова сафар карда, дар он ҷо теппаҳои баланду даштакҳоеро дидааст, ки он ҷо токзорҳои зебо вуҷуд доштааст. Аз сафар бо чунин таассурот баргашта, бо қарори махсуси Кумитаи ҳизбии вилоят теппаи Рухак ба токзор табдил шуд. Дар як муддати кўтоҳ теппаи Рухак ба токзору марғзори зеботар аз пештар мубаддал гардид. Азбаски ҳавои мусоид ва иқлими гуворо дошт, токзор ба тезӣ ба ҳосил даромад. Мошинҳо аз субҳ то шом ба корхонаҳои коркарди меваҷот ангуркашонӣ мекарданду ангури Рухак тамом намешуд. Лолаҳои сурху зарди аҷоиби калон-калон дар онҷо хеле зиёд буд, пиру ҷавон дар марғзорҳояш ҳамроҳи оилаҳояшон махсус барои истироҳат мерафтанд,- даврони бачагиашро ба ёд оварда мегўяд Ф.Атохоҷаев.

Мавсуф бо изҳори таассуф иброз медорад, ки Рухак як ҷои биҳишту сабзу зебое буду имрўз ба ҳолати даҳшатборе табдил шудааст, ки аз он фақат хотира боқӣ мондаасту халос. Аз он айём танҳо насли калонсоли аз 50-сола боло зебогиву биҳиштманзарии Рухакро дар ёд доранду насли имрўз аллакай намедонанд. Метавон ба натиҷае расид, ки Рухак даргузашта на чун имрўз ҷои ваҳиму мўҳлик будаасту мутаассифона, бо дастони одамизод ба партовгоҳи бузурги уран ва дараи марг табдил шудааст.

Бо умеди оши ҳамсоя турб тарошем?

Суоли матраҳ низ ин аст, ки имрўза ҳолати партовгоҳро чӣ гуна бояд назорат бурд, то радиатсияи он аз байн равад ва ё ҳадди ақал кам гардад? Коршиносон нахустин омили онро дар маблағгузории кофӣ мебинанд ва ақида доранд, ки агар дар бобати беҳдошти солимии фард иқдом карда шавад, бигзор барои бехатар ва безарар кардани нурҳои радиоактивии партовгоҳ аз ҷиҳати маблағгузорӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.

Доктори илмҳои физика, профессори кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҳотам Муртазоев, ки фаъолияти 51-солаи соҳаи физика дошта, 25 сол ин ҷониб масоили радиоактиви химиявии уран ва партовҳои урани шимоли Тоҷи- кистонро мавриди пайгирӣ ва омўзиш қарор дода истодааст, мегўяд, пешгирӣ ва эҳтимоли аз байн бурдани нурҳои партови уран бастагии зич ба  маблағгузорӣ дорад.

- То солҳои пошхўрии давлати Шўравӣ партови заводи коркарди урани шаҳри Бўстон ба таври тақрибан безарар нигоҳдорӣ мешуд, аммо шурўъ аз солҳои 90-ум ин ҷониб, ки завод кори муназзам надорад, тарзи нигоҳдории партови уран аз назорат комилан дур монд. Ба ин хотир, баъзе сокинони бефарқ ҳар чӣ дар дохили партовгоҳ буд, бо худ бурданд, оҳану хишту дигар масолеҳи сохтмониро ба хонаашон кашониданд. Ҳатто дарвозаи онро канда бурданд, ки ба ҳаёти инсоният хатари ҷиддӣ дорад. Онҳо на масолеҳи сохтмонӣ, балки заҳрро ба хонаашон кашониданд,-мегўяд профессор Ҳотам Муртазоев.

Аз рўи гуфтаи мавсуф бармеояд, ҳар ашёе, ки дар партовгоҳ аст, ҳамаи он ба радиатсияи уран олуда буда ва имкони тоза намудани он вуҷуд надорад. Тибқи маълумотҳои дақиқ аз солҳои 1994-1995 инҷониб як қатор ташкилотҳои байналхалқӣ барои безарар гардонидани радиатсияи уран ибтикорҳое анҷом доданд. Аммо, тавре ба назар мерасад, иқдоми ташкилотҳои байналхалқӣ дар бобати маблағгузорӣ барои омўзиш ва рафъи радиатсия самараи дилхоҳро ба бор наовардааст. Ҳолат ҳамоне буд, ки буд: Ташкилотҳое ба амсоли ЮНИСЕФ, СММ, САҲА, ЮСАИД ва як қатор созмонҳои дигари байналхалқӣ ҳарчанд кўшишҳои назаррас доштаанд, аммо то ба ҳанўз мавзеи Рухак ташвишовар боқӣ мондааст. Ҳеҷ беҳбудие дар ин самт дида нашуда, баръакс хатарзотар аз пеш ба назар мерасад.

Ин мазмуни он аст, ҳар ҷабре, ки ба дўши мост, танҳо худи мо метавонем онро аз байн бубарем. Вагарна, бо умеди оши дигарон тарошидани турб умедворие беш нест. Ба ин хотир, тавре мушоҳидаҳо ва омўзиши муаллифи ин сатрҳо нишон дод, дар бобати дафъи радиатсияи уран бояд маблағгузории махсус ва кофӣ сурат бигирад. Бахусус мавзеи Рухак хеле ҳоли зор дошта, дар оянда ҳол аз ин бадтар шуданаш мумкин аст. Сокинон бештар суол мекунанд, ки умри радиатсия чанд аст ва он то чанд соли дигар худ аз худ бехавф шуданаш мумкин? Коршиносон умри радиатсияро аз умри чанд насли инсоният зиёдтар унвон мекунанд.

- Агар радиатсия аз навъи урани 238 бошад, 4 миллиард сол заҳри радиоактивии он зиндагонӣ мекунад, аммо умри навъи радиоактивҳои уран дар шимоли Тоҷикистон зиёда аз 100 ҳазор солро дар бар мегирад, -мегўяд профессор Муртазоев.

Пас метавон ба натиҷае расид, ки мо набояд мунтазир шавем, кай 100 ҳазор сол мегузарад. Аз имрўз бояд барои солимии насли оянда пойдевори гуманистӣ гузошта шавад.

Суғд - маркази бемории сафедхунӣ?

Аз маълумоти дақиқи омори тандурустӣ бармеояд, ки аз соли 1985 то соли 2006 бо сабаби таъсири радиатсияи уран дар Ғозиён се бемории гирифтори сафедхунӣ (лейкоз-белокровҳе) ба қайд гирифта шуда, ки эшон бо ин диагноз дунёро падруд гуфтаанд. 

Рентгеншинос Насимҷон Мелиев мегўяд, агар радиатсия ба дохили инсон дарояд, он ҳазмношаванда ва инсонро бо марг рў ба рў месохтааст.

- Маҳз сабаби ҳазмнашавандагии уран боис мегардад, ки он ба сифати заҳри қотил ҳаёти инсониятро зери хатар мегузорад,-иброз дошт Насимҷон Мелиев.

Ба тадқиқоти ҷурналистии мо теъдоди аниқи гирифторони бемории сафедхунӣ аз радиатсияи уран даст надод. Аммо то ҷое маълум гардид, гирифторони бемории сафедхунӣ нисбат ба манотиқи дигари кишвар бештар буда, то ба ҳанўз аз ҷониби муҳаққиқони соҳаи тиб ва хуншиносӣ таҳқиқ карда нашудааст, ки сабаби гирифтории сафедхунӣ маҳз аз радиатсия аст ё чизи дигар. Ин дар ҳолест, ки дар миқёси ҷумҳурӣ мубталоёни сафедхунӣ асосан дар шимоли Тоҷикистон рақам зада мешавад. Пас дар ин сурат суоле ба миён меояд, ки чаро вилояти Суғд? Метавон бе дудилагӣ ишора кард, ки бояд ҷанбаҳои радиатсияи уран ба паҳну зиёдшавии сафедхунӣ аз сари нав омўхта шавад. Вагарна ин тахмин ҳавоӣ нест ва нуктае ишораи маънидорона менамояд, ки чаро маҳз дар вилояти Суғд гирифторони бемории сафедхунӣ зиёданд.

Муқим Раҳматов - номзади илмҳои тиб, ки самти таҳқиқоти худро асосан перомуни сафедхунӣ равона сохтааст, ба натиҷа расидааст, ки воқеан дар вилояти Суғд гирифтори ин навъи беморӣ нисбат ба дигар манотиқи Ҷумҳурии    Тоҷикистон бисёр ба назар мерасад.

- Гирифторӣ ба бемории сафедхунӣ дар манотиқи Тоҷикистон виҷагиҳои худро дорад. Аз ин рў, вобаста ба иқлим ва радиатсияи уран дар вилояти Суғд 2,4 нафар ба 100 ҳазор нафар рост меояд, ки нишондиҳандаи баландтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар қиболи ин дар ноҳияҳои тобеи Марказ 1,92 ба сад ҳазор, дар вилояти Хатлон 1,29 ба сад ҳазор  ва дар ВМКБ 0,29 ба сад ҳазор нафар мебошад,-омадааст дар рисолаи номзадии мавсуф.

Лозим ба қайд аст, ки дар асари Муқим Раҳматов аз сабаби зиёдии радиатсияи уран дар минтақаҳои кишвар афзуншавии бемории хунсафедӣ ба сароҳат ишора шудааст.

- Дар рафти таҳқиқот ба мо исбот шуд, ки дар баъзе манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба фаъолият оғоз намудани баъзе корхонаҷоти радиактивӣ сол то сол нишондиҳандаи мубталоёни сафедхунӣ зиёд шудан дорад. Бахусус шаҳрҳои Хуҷанд, Истиқлол, Бўстон, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Файзобод дар ин феҳраст ҷои якумро ишғол менамоянд,- мегўяд номзади илмҳои тиб Муқим Раҳматов.

Иқдоми шоистаи Раиси вилоят ва роҳи наҷот: рўйпўш ва шинонидани кавар

Бо вуҷуди ноҷўриҳо ва вазъиятҳои пешомада ягона коре, ки тўли 25 соли охир ба субут расиду шоистаи тазаккур аст – ин иқдоми Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ мебошад: ибтидои соли 2016 дар асоси пешниҳоди Раиси вилоят ба хотири «Соли фарди солим» Лоиҳаи рўйпўшкунии партовгоҳи радиоактивӣ аз сар гирифта шуд, ки воқеан иқдоми наҷиб аст!

Аксарият тахмин мезананд, ки минбаъд дар сурати куллан рўйпўш шудани он хавфи радиатсия комилан аз байн хоҳад рафт. Воқеан, ҷои иқрор аст, ки қариб ду даҳсола ягон роҳбар ба чунин ибтикор даст назада буд. Маҳз ба ин нукта таваҷҷўҳ зоҳир намудани Раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро коршиносон ҳамчун тадбири беҳтарини ҳифзи саломатӣ дар «Соли фарди солим» унвон намуда, фоли нек меҳисобанд.

Аммо бо вуҷуди ин, ҳанўз муаммои партовгоҳи радиоактивӣ муаммои мост ва ҳамакнун  тақрибан қадамҳои нахуст дар ин ҷода тай шудааст. Агар мушкил чунин аст, бояд мушкиламонро худамон муваффақона ҳал намоем.

Муҳаққиқон ва олимони физик мегўянд, бояд ба таври оҷил нахуст барои пешгирӣ ва бартараф намудани мушкилоти пешомада маблағгузории кофӣ сурат бигирад. Ҳарчанд ки аллакай тақрибан 15-20 гектари мавзеи Рухак хокпўш шудааст, аммо ҳудуди 100 гектари он ба таври кушода боқӣ мондааст.

Профессор Муртазоев низ мегўяд, барои ҳарчӣ зудтар пешгирӣ кардани радиатсия бояд рўи он хокпўш шавад.

- Мо ба ғайр аз он, ки идеяи куллан хокпўш шудани партовгоҳро дар сар доштем, як таҷрибаи илмии ба кўли калони пуроб табдил додани партовгоҳ низ буд, ки ин кор андак таваккалӣ дорад. Аммо фикри дақиқ ин аст, ки бояд он куллан шағалу хокпўш гардад. Ба ҷуз ин, мо дар тадқиқотамон исбот ва кашф намудем, ки растании хори кавар бояд гирдогирди девори партовгоҳ шинонида шавад. Ин ягона растаниест, ки 15-18 метр реша дошта, ҳатто дар ҳолати беобӣ низ ба хубӣ нашъунамо мекунад. Ба ғайр аз ин, растании кавар қобилияти ба худ кашидани радиатсия ва пешгирии паҳну парешон шудани онро дорад. Муҳимаш ин, ки ягон намуди ҳайвони чорпо каварро намехўрад. Ба ин хотир имкони боварибахши ин тадбир вуҷуд дорад,-иброз медорад профессор Муртазоев.

Ба ақидаи коршинос дар сурати вазидани шамол низ растании кавар метавонад мисли чапардевор тамоми чангу хоки радиатсияолудро нигоҳ дорад. Метавон ба натиҷае расид, ки уран замоне неъмати худодод барои миллати тоҷик будааст. Аммо бо тақозои тақдир нисбат ба фоидаи уран зарари он насибамон шудаасту халос. Тавре аз ҷустуҷўйҳо маълум шуд, роҳи наҷоти он вуҷуд доштааст. Пас месазад, ки дар ин самт корҳои амалӣ ҷиддан ба роҳ монда шавад. Агар воқеан чунин ибтикор сурат бигирад, дар ин ҷода барори кор хоҳонам.

Набиюллоҳ СУННАТӢ

Add comment


Security code
Refresh