“Меҳробод”: макони меҳр ва эътимод ба фардо

Ба пешвози 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Мастчоҳ бо он таҷрибае, ки ҳангоми азхуд намудани дашти Дилварзин андўхтаанд, дар фосилаи кўтоҳ бунёди шаҳраки Меҳрободро ба анҷом расонида, дар амри ба харитаи ҷуғрофии кишвар ворид гардидани боз як маҳалли аҳолинишини замонавӣ саҳми муносиб мегузоранд.

Эмомалӣ РАҲМОН

 

Башорати ҳамдилӣ

Чанде пештар як дўстам ба шаҳри Ўши Ҷумҳурии Қирғизистон ба сафари хидматӣ рафта буд. Чун аз сафар баргашт, ўро басо болидахотир дарёфтам. Сабаби ин қадар нерў ва қобилияти кории дучандро пурсон гаштам. Хандакунон гуфт:

-Медони чӣ, мо дар дохил, яъне дар Тоҷикистон истода, инқадар муваффақиятҳои худамонро мушоҳида намекунем. Ин комёбиҳои мо ба назар ноаёнанд, аммо вақте ман ба Ўш рафтам қариб, ки аксари маҳсулоти фурўшгоҳҳояш истеҳсоли Тоҷикистон буд, бавиҷа маҳсулоти ширӣ. Ман соҳибкор нестам, аммо вақте ин маҳсулотро дар рафҳои фурўшгоҳи кишвари ҳамсоя дидам, хеле хушҳол шудам. Ҳисси аҷиби ифтихори миллиро эҳсос кардам. Мардуми қирғиз бошанд, аз дастовардҳои Тоҷикистон дар ҳайрат буданд. Дўстони қирғиз мегуфтанд, ки тариқи расонаҳои хабаррасон аз навгониҳои кишвари мо огоҳ ҳастанд, вале боз ҳам пурсон мешуданд, ки оё воқеан дар маркази вилоят бунёди шаҳраки Сайҳун ба роҳ монда шудааст ва онҷо корҳои ободонӣ оғоз ёфта? Чун мегуфтам, ки дар қаламрави вилоят натанҳо шаҳраки Сайҳун, балки дар ноҳияи Мастчоҳ - шаҳраки Меҳробод, дар шаҳри Истаравшан - шаҳраки Баҳористон ва дар шаҳри Исфара - шаҳраки Моҳпарӣ бунёд шуда истодааст, бемуҳобот, даҳонашон воз мемонд. Ин нерўе, ки мебинӣ, аз ҳарфҳои дўстони қирғиз бароям даст дода. Медонӣ онҳо чӣ гуфтанд?

-Хуб, чӣ гуфтанд?

-Дар ин солу замон бунёди шаҳрак кори саҳлу содда нест, шумо тавонистед. Ҳалолатон бод! Ба қадри ин зиндагии шоиста расидан лозим.

-Ана ҳамин ифтихор ҳанўз ҳам ба рўҳияи ман асар дорад. Бо қувваву тавони дучанд кор карданӣ ҳастам,-мегўяд дўстам.

Файзу шаҳомати ободӣ

Воқеан, ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аст, ки имрўз сокинони шаҳру навоҳии вилоят бо қитъаи наздиҳавлигӣ таъмин ва баҳри зиндагии ободу созанда шароит ва имконият пайдо кардаанд.

Ҳал намудани муаммои нарасидани заминҳои наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон, тариқи бунёди шаҳракҳои дорои ҳамаи инфрасохтор азми ҷазми масъулинро баҳри беҳтар намудани шароит ва имконоти зист нишон дода, талоши пайгиронаи онҳо барои сарсабзии диёр аст. Бешак, бунёди шаҳракҳо аз беҳ шудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандони вилоят низ далолат медиҳад. Мардуми сарбаланди Мастчоҳ низ бо азму иродаи қавӣ ва меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба обу хоки Ватан шаҳраки Меҳрободро бунёд карданианд.

Бо азму иродаи қавӣ

Вақте бо мақсади ошноӣ аз рафти корҳои ободонӣ дар мавзеи Меҳробод роҳ ҷониби ноҳияи Мастчоҳ пеш гирифтем, рўзи офтобии баҳорон, табиат дар авҷи сарсабзиҳо ва ғарқи шукуфтанҳо буд.

Чун ба ноҳия наздик шудем, мутаваҷҷеҳ гаштем, ки аллакай аз дуриҳо шаҳраки Меҳробод - набзи бомароми кор дар ин мавзеъ раҳгузаронро ба хеш ҷалб месозад. Дар ҳар қитъаи шаҳрак мардум машғули коранд. Роҳсозон роҳ мекушоянд, барқчиён дар фикри таъмини барқанд ва гурўҳе дар андешаи таъмини об дар ин мавзеъ ҳастанд. Сокинон бошанд, бо як ҷаҳон умедҳои нек пойдевори ҳавлиҳои хешро бунёд мекунанд. Албатта, бешак, ин ҷўшу хурўш ва ин ҳама муҳаббат ба зиндагӣ, бовар ба фардои босаодат наметавонад касро ба ҷазбаи хеш мубтало насозад.

Оре, имрўз мардуми Мастчоҳ баҳри бунёди шаҳраки муосири Меҳробод баъд аз ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон азму иродаи бештар аз дирўзро доранд. Воқеан, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар масоҳати 330 гектар ҷудо шудани мавзеи шаҳрак ба 2700 эҳтиёҷманди ҷамоатҳои деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон, Палдорак ва шаҳраки Бўстон қувва ва иродаи бештари созандагиро эҳдо намуд. Шаҳрак бо тамоми шароитҳои ҷавобгў ба талаботи байналхалқӣ бунёд ёфта, сохтмони 3 адад муассисаи таълимӣ, 3 муассисаи томактабӣ, беморхонаи марказӣ, бунгоҳи тиббӣ, меҳмонхона, бинои маъмурии Ҷамоати шаҳрак, варзишгоҳи замонавӣ, хонаҳои баландошёна, мағозаҳои тиҷоратӣ, марказҳои хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст, ҳамчунин чароғонкунии кўчаву роҳравҳо, таъминоти аҳолии шаҳрак бо оби нўшокӣ дар назар аст ва корҳо дар ин самт аллакай ҷараён доранд. Нақшаи генералии шаҳраки Меҳробод аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Суғдофар» таҳия гардидааст. Меҳробод 18 километр дуртар аз маркази ноҳияи Мастчоҳ воқеъ гашта, дар ояндаи наздик дар ин ҷо 220 манзили дуқабата ва 2500 манзили зисти якқабата сохта мешавад.

Об, ки ояд, сарсабзӣ ҳам мешавад

Об сарчашмаи ҳамаи ободониҳо ва сарсабзиҳо буду ҳаст. Дар ҳар давру замон муҳимтарин омили бунёди мав-зеъ барои будубош об будааст.

Имрўзҳо, мо мебинем, ки чандин асрҳо муқаддам гузаштагонамон дар ҷустуҷўи об ба кўҳистонҳо маскун шудаанд. Ҳар ҷое об ҳаст, ободӣ низ ҳаст. Имрўз дар ҳама шаҳракҳои бунёдшаванда масъулин аввалин таваҷҷўҳи хешро ба таъмини об равона сохтаанд. Чуноне огоҳ шудем, айни ҳол дар шаҳраки Меҳробод дар марҳалаи аввал барои таъминоти сокинони шаҳрак бо об, ду чоҳи амудӣ кофта шуда, тавассути қубурҳои қутрашон 315 миллиметра ба масофаи панҷ километр ба ин мавзеъ об бароварда мешавад. Ҳамчунин, сохтани ду ҳавзи обҷамъкунии ғунҷоиши ҳар кадомашон якуним ҳазор метри мукааб ба нақша гирифта шудааст. Дар нақша аст, ки шумораи чоҳҳои амудӣ дар шаҳрак ба 6 адад расонида шавад.

Сарсабзӣ ва башорати шаҳраки навро насими фараҳбахше аз боғи сияҳолу меовард, ки дар заминҳои бекорхобидаи хоҷагии «Умари Хайём» бунёд шудааст. Зимни сафари кории хеш Сарвари кишвар низ аз ин башорат ва файзи зиндагӣ дар мавзеъ изҳори қаноатмандӣ намуд. Боғи сияҳолу мувофиқи нақша дар масоҳати умумии 790 гектар бунёд мешавад, дар маҷмўъ бошад, дар ин мавзеъ беш аз 3 ҳазор гектар замин, ки солҳои тўлонӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монда буд, дубора азхуд карда хоҳад шуд. Оре, беҳуда нагуфтаанд: об, ки ояд, сарсабзӣ ҳам мешавад.

Роҳ низ муҳим аст

Мумфаршкунии роҳҳои дохилии шаҳрак, ки барои баланд гардидани сатҳи некўаҳволии мардум ва вусъати бештари сохтмон нигаронида шудааст, дар мадди назари масъулин аст,- мегўяд раиси ҷамоати  деҳоти Суғдиён Заррина Ҳоҷиева.

Воқеан, чанде қабл Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ зимни боздид аз рафти корҳо дар ин самт изҳори нигаронӣ намуда, дастур дода буд, ки дар самти бунёди хонаҳои истиқоматӣ, шинонидани дарахтони ороишӣ дар заминҳои шафати роҳи асосӣ таваҷҷўҳ зоҳир шавад. Имрўз мебинем, ки корҳо, воқеан, вусъати тоза касб кардаанд.

Бо рўҳи болида - ҳама кор осон!

Умедҷон Зокиров, раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ қайд кард, ки дар 6 соли охир, дар ноҳияи Мастчоҳ 873 гектар замин ба 6879 оила ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст, ки аз ин ҳисоб 330 гектар ба шаҳраки навбунёди Меҳробод рост меояд, ки ин, пеш аз ҳама, файзи истиқлол аст.

Имрўз ин шаҳрвандон, соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гашта, ҳар кадом маъвои дили хеш ва кошонаи саодатро пайдо кардаанд ва шукргузор аз даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошанд. Низом Кўчаков, ки панҷ сол инҷониб ниёзманди замини наздиҳавлигӣ буд, имрўз бо рўҳияи фараҳбахш машғули сохтмон аст, бо умед пойдевори бинои хонаашро мегузорад ва мутмаин аст, ки маҳз фазои осоиштаву муҳити созандаи кишвар ва кўшишҳои пайгиронааш ўро ба мақсадҳои наҷибаш мерасонанд. Мегўяд, ки аз ин шаҳрак нафароне, ки 15-20 сол боз интизори гирифтани замини наздиҳавлигӣ буданд, қитъаи замин гирифтанд ва басо шоду мамнунанд.

Оре, мисли ў дар шаҳраки Меҳробод садҳо нафари дигар бо умед ва таманниёти нек зиндагии навро дар оғўши меҳрофари Ватан оғоз карданӣ ҳастанд. Бошад, ки чунин бошад!

Сурайё ҲАКИМОВА,
Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ

Add comment


Security code
Refresh