Мулоқоти адибони шинохта бо навқаламон

Дар толори Китобхонаи вилоятии бачагон ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукўҳӣ мулоқоти шоиру нависандагони варзидаи вилоят бо китобдўстону навқаламон баргузор гардид. Дар он зиёда аз 20 нафар эҷодкори навқалам аз мактабу гимназияҳо ширкат намуданд.

Мудири шўъбаи хизматрасонии синни миёна ва калони мактабии китобхона Маъсудахон Усмонова ба ҳозирин мақсади ин чорабиниро фаҳмонд.

Адибон шеъру ҳикояҳои навқаламон Зайнаб Ҳоҷинеъматова, Мадина Исматзода, Малика Турсунова, Рухшона Иноятова, Кибриё Болтуева, Меҳрона Дадоҷонова, Миҷгона Собирова ва Фирдавс Алиаҳмадовро дар қироати муаллифон гўш карданд. Маълум гардид, ки оромию осудагӣ дар Тоҷикистон боиси рўҳбаландии наврасон гардидааст.

Ба эҷодиёти навқаламон Шоирони халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддини Хоҷазод, Маъруф Бобоҷон ва дигар адибон баҳо дода, барои эҷодкори ҳақиқӣ шудани онҳо маслиҳатҳо доданд.

Директори китобхона Муаззам Расулова адибонро барои иштирок дар мулоқот ва раҳнамоӣ ба эҷод изҳори сипос намуд.

Абдуллоҷони ҒАНӢ

Add comment


Security code
Refresh