Вилояти Суғд 1 миллиону 370 ҳазор нафар райъдиҳанда дорад

Имрӯз, душанбеи 25 апрел дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласаи корӣ доир ба омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, раисони участкаҳои интихоботӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия ва фаъолон иштирок намуданд. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки тағиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ дошта, он пеш аз ҳама барои таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар мусоидат хоҳад кард.

Чуноне иттилоъ дода шуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба ба Конститутсия тағиру иловаҳо ворид карда шудааст ва ин маротибаи чаҳорум аст, ки бо иродаи мардуми тоҷик ба Конститутсияи мамлакат тағиру иловаҳо ворид хоҳад шуд. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар 29 давлати ҷаҳон участкаҳои интихоботӣ барои раъйдиҳандагон хизмат мерасонад. Дар вилояти Суғд бошад 1 миллиону 370 ҳазор нафар сокинон дар 18 ҳавза ва 923 участкаи интихоботӣ райъ хоҳанд дод. Аз теъдоди умумии райъдиҳандагон 40 ҳазор нафари онҳо бори нахуст овоз медиҳанд.

Дар ҷаласаи корӣ доир ба дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ, ҷоннок намудани корҳои тарғиботӣ, бо шиору овезаҳо оро додани участкаҳои интихоботӣ ва маркази ҷамоату шаҳракҳо ва дигар корҳои ташкилӣ вазифагузорӣ карда шуд.     

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh