Маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар ноҳияи Шаҳристон

Тибқи қарори Раиси ноҳияи Шаҳристон аз 1 марти соли 2016, №78 «Дар бораи муташаккилона гузаронидани  маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар соли 2016» дар қаламрави ноҳия корҳои кабудизоркунӣ ва ободонӣ бомаром идома дорад.

Имрӯзҳо баҳри дар амал татбиқ намудани қарори мазкур кормандони ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, аҳолии маҳаллаҳо ҳар рӯзи шанбеи ҳафта дар назди корхонаву муассисаҳо, маҳалҳои аҳолинишин шанбегиҳо гузаронида истодаанд.

Соли ҷорӣ мувофиқи ноҳия шинонидани 23820 бех ниҳолҳо ба нақша гирифта шудааст. Мувофиқи маълумотҳои Раёсати кишоварзии ноҳия то санаи 20-апрели соли ҷорӣ дар қаламрави ноҳия 23158 бех ниҳолҳо, аз ҷумла 19005 бех ниҳолҳои мевадиҳанда, 2853 бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан ва дар қади сою каналҳо 1300 бех ниҳолҳо шинонида шуд.

Дар ҳудуди хоҷагиҳои ҷамоати деҳоти Шаҳристон 16800 бех шинонидани ниҳолҳо ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 11295 бех ниҳолҳо, аз ҷумла 9255 бех ниҳолҳои мевадиҳанда, 1440 бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан ва 600 бех дар қади сою каналҳо шинонида шуд.

Дар хоҷагиҳои ҷамоати деҳоти Бунҷикат бошад ҳамагӣ 7020 бех ниҳолҳо бояд шинонида шавад, кишоварзони хоҷагиҳои ҷамоати деҳоти номбурда то имрӯз 11863 бех ниҳолҳо, аз ҷумла 9750 бех ниҳолҳои мевадиҳанда, 1413 бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан ва 700 бех ниҳолҳо дар қади сою каналҳо шинониданд.

Мастона Каримова,
ноҳияи Шаҳристон

Add comment


Security code
Refresh