Замин - гаҳвораи пурнози мо

Бахшида ба рўзи умумиҷаҳонии Замин  дар маҷлисгоҳи КВДК «Кохи матбуот» конфронси илмӣ-амалии «Муҳити солими Замин барои фарди солим» баргузор гардид.

Дар конфронси илмӣ-амалӣ меҳмонон аз сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, устодону донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, намояндагони 18 шаҳру ноҳияи вилоят, ташкилотҳои ҷамъиятию байналхалқӣ, мутахассисони кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, КВДК «Хоҷагии манзилию комуналӣ»-и вилоят ва кормандони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Зимни cуханронӣ муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазод аз санаи 22-апрел, ки ҳамчун Рўзи умумиҷаҳонии Замин таҷлил мегардад, ёдовар шуда, онро як имконияти бузурги ҳалли проблемаҳои ифлосшавии обу ҳаво, замин ва истифодаи захираҳои табиӣ номид.

Рўзи Замин ҳушдор медиҳад, ки муносибати ғамхорона доштан ба Сайёра-вазифаи ҷонии ҳар як инсони рўи Замин аст. Мақсади асосии таҷлил кардани Рўзи Замин равона кардани фаъолияти одамон дар минтақаҳо, шаҳру шаҳракҳо ва маҳаллаҳо мебошад, то ки дар доираи ҳифзи муҳити зист кори мушаххасеро анҷом диҳанд, - иброз дошт Ориф Хоҷазод - муовини Раиси вилоят.

Олимон ва мутахассисони соҳа доир ба муаммоҳои муносибат бо моддаҳои кимиёвӣ дар замони муосир, оиди оқилона истифода бурдани боигариҳои замин сухан ронда, маълумотҳои илман дақиқ ва исботшударо барои ҳозирин ироа доштанд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА

Add comment


Security code
Refresh