Омодагӣ ба маъракаи муҳим

Барои дар сатҳи баланд гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Гулистон корҳои омодагӣ рӯз то рӯз вусъат меёбад. Ҳавзаи раъйпурсии Гулистон №29 дар бинои шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр, кӯчаи Истиқлол 61 “а” ҷой гирифтааст.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ таҳия, участкаҳои раъйпурсӣ муайян, барӯйхатгирии шаҳрвандоне, ки дар раъйпурсӣ иштирок мекунанд тартиб дода шуда, аъзоёни комиссияи участкавии раъйпурсӣ ташкил ва ҷараёни корҳои тарғиботӣ муташаккилона тибқи Қонуни Конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ монда шудааст. Теъдоди умумии иштирокчиён дар раъйпурсӣ 19 ҳазору 277 нафарро ташкил медиҳад. Онҳое, ки бори аввал дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок менамоянд 329 нафар буда, шаҳрвандоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатианд 2173 нафар мебошанд.

Барои гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ 20 участкаҳои раъйпурсӣ ташкил карда шудааст. Абдумуталиб Абдуллоев, раиси комиссияи ҳавзавии раъйпурсии Гулистон №29 тавре иттилоъ дод имрӯзҳо 11 нафар ҳайати комиссия бахри татбиқи нақшаи чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ 22-юми майи соли 2016 саъю талош доранд.

kairokkum.tj

Add comment


Security code
Refresh