Мулоқоти Ёрдамчии Президент бо фаъолони ноҳияи Б. Ғафуров оид ба омодагиҳо ба раъйпурсӣ

Санаи 26 апрели соли равон дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи корӣ оиди омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ доир гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Ёрдамчии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Ватанзода Маҳмадалӣ, раиси Комиссияи маркази интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Худоёрзода Бахтиёр ва муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ иштирок ва суханронӣ  намуданд. Ҳамчунин дар вохӯрӣ роҳбарони ташкилоту корхонаҳои ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисон ва котибони учаскаҳои райъпурсии ноҳия, сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, сардухтурони беморхонаҳо ва дигар шахсони дахлдор иштирок доштанд.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт,  ки баъд аз қабули лоиҳа  мафҳуми «Сарқонун» аз Конститутсия гирифта мешавад. Таъкид гардид, ки тағйиру иловаҳо барои таҳкими равандҳои демократикунонӣ,  ҳуқуқу озодиҳои инсон, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таъмини амнияти Ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистон, дар маҷмӯъ ба рушди ҷомеа нигаронида шудаанд.

Раиси Комиссияи маркази интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Худоёрзода Бахтиёр доир ба раванди омодагии учаскаҳои райпурсӣ ба райъпурсии умумихалқӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар миқёси ҷумҳурӣ 68 ҳавза ва 3239 учаскаҳои райпурсӣ амал мекунад, ки онҳо барои гузаронидани райъпурсии умумихалқӣ дар ҳолати омодабош қарор дорад.  Аз иштирокдорони вохӯрӣ даъват ба амал овард, ки дар рӯзи райъпурсии умумихалқӣ, ки санаи 22 майи соли равон баргузор мешавад, фаъолона ширкат варзида, ба хотири ояндаи дурахшони кишвар барои тасдиқи лоиҳаи тағйиру иловаҳо овоз диҳанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh