Боиси фараҳмандии тифлон

Гузарондани корҳои ободониву созандагӣ дар доираи «Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» ҷараёни тоза дорад.  Дар маҳаллаи Ваҳдати микроноҳияи  27-уми шаҳри Хуҷанд  назди бинои 6-ум бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сокинони маҳалла майдончаи варзишии бачагона сохта ба истифода дода шуд.

Дар майдонча барои бозии кўдакону наврасон ва  калонсолон аз рўи намудҳои гуногун, аз ҷумла баскетбол шароити хуб фароҳам оварда, гирду атрофаш  сементпўш ва бо  сангҳои табиӣ   оро дода шудааст.

Нўъмонхон Ҳасанов-раиси Кумитаи маҳаллаи Ваҳдат мегўяд, ки тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои баландошёна ва обод намудани маҳалли зисти худ аз  ҳар як шаҳрванд вобастагии калон дорад. 

Инсон дар рўи замин сарчашмаи ҳамаи ободӣ, пешравию комёбиҳои ҳаёт аст. Тамоми мавҷудоти олам, маҳз тавассути меҳнати фидокоронаи инсони асил арзи ҳастӣ мекунад. Инсоне, ки саропо манбаи дастовардҳои асилу пурарзиш аст,  гулу гиёҳро ҳастӣ мебахшад,  ҳайвоноту набототро нигаҳбонӣ карда,  муҳити ҷомеаро созгор мегардонад ва ба пешравии ҳамаи соҳаҳо мусоидат менамояд. Тавассути ақли бузургаш инсон муҳитро тозаву озода нигоҳ медорад, аз ифлосиву нопокиҳо эмин мегардонад. Покии ҳар як гўшаву канор, молу амвол, чизу чора ва оилаҳову фарзандони солим маҳз ба инсоният вобастагӣ дорад, -ибрози ақида менамояд Н.Ҳасанов.

Бино ба гуфти раиси кумитаи бино Ш.Файзиева тайи чанд сол  ин майдонча  ба харобазор табдил ёфта буд.  Аз набудани майдончаи бозии бачагон ва ҷои истироҳат сокинон азоб мекашиданд. Хушбахтона,  имрўз аз ободиҳои баамаломада хурсандии  сокинони маҳалла ҳадду канор надорад. Шукргузор аз он ҳастем,  ки дар давлати тинҷу ором зиндагӣ дорем. Сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, Ассогузории сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  аст, ки бунёдкорӣ равнақ мегирад. Баҳри сокинон ва хусусан, фарзандон дар оғўши табиати зебову барҳаво ҳамин майдончаи варзишӣ  бунёд гардиду мо аз ин майдонча хубтару беҳтар истифода карда истодааем, - иброз дошт Ш.Файзиева.

-Оре, тозагӣ, ки зери ин истилоҳ мафҳумҳои покӣ, муҳити обод, покии обу дигар сарватҳо, сафои рўзгор, манзили истиқоматӣ, кўдакони хуштолеъ ва кулли мавҷудоти олами ҳастӣ дониста мешавад, ба инсон вобастагӣ дорад. Ҳамаи инсонҳо чӣ марду зан, чӣ кўдакону бузургсолон  вазифадоранд, тозагиро ҳамчун воқеияти аввалиндараҷа ва қарзи асосии инсониашон дониста, ҷомеа, маҳал, оилаи хешро ҳамеша обод нигоҳ доранд. Мо мардум набояд гузорем, ки ба ҷўйҳои пуроб ифлосиҳо партоянд, обро, ки сарвати бузург аст, бо нопокиҳо олуда гардонанд. Тозагии муҳити зист, об, ҳаво, нигоҳ доштани ҳаёти растаниву наботот, ки ҳама ба инсон фоидабахшанд, низ аз худи одамон вобаста аст, -афзуд. Ҳасанов.

Аз сўҳбати ў хеле баҳра бурдам. Эҳсос намудам, ки ин ҷавонмарди хайрхоҳи манфиати умум ва тарғибгари ободонӣ дар «Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» дар миқёси маҳаллаи худ, ки номи «Ваҳдат»-ро гирифтааст, ҷонсўзона кору пайкор дорад.

 Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh