Нақши прокуратура дар тарбияи маҳкумшудагон

Соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон, давлати мустақили соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд.

Истиқлолият, ки арзиши бебаҳо ва ифтихори миллии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ буд, дар муҳофизат, иқтидор, пойдориву мустаҳкам кардани ин дастоварди бебаҳо, нақши мақомоти прокуратура муҳим буд.

Истиқлолияти Тоҷикистони азиз ба шиддат ёфтани муборизаи нерӯҳои сиёсии мамлакат рост омад, ки ин нооромиҳо рукнҳои давлатдориро коста гардонид, вале мақомоти прокуратура аз фишору таҳдидҳои гурӯҳҳои ҷиноятпеша наҳаросида,  вазифаҳои худро поквиҷдонона ва мардонавор иҷро карда, ба барқарор карда шудани ҳоқимияти конститутсионӣ мусоидат намуд.

Имрӯз, низ мақомоти прокуратура баҳри ба амал баровардани назорати прокурорӣ нақши бебаҳо дорад, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон ин нуктаро қайд кардаанд.

Прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд яке аз сохторҳои Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар замони Истиқлолият таъсис ёфта, фаъолияти худро дар асоси супоришу дастурҳои Прокурори генералӣ ва прокурори вилояти Суғд дар муассисаҳои ислоҳӣ, маҳбасҳо иншоотҳои истеҳсолӣ, хоҷагиҳои ёрирасони онҳо ба амал мебарорад.

Прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ корҳои муайянеро иҷро кардааст.

Бештар прокуратура ба масъалаҳои татбиқи санадҳои авф, таъсиррасонии тарбиявӣ ба ашхоси ба маҳрумӣ аз озодӣ маҳкум шуда, пешгирии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористӣ диққати ҷиддӣ медиҳад.

Тамоми имкониятҳо истифода карда мешавад, ки маҳкумшудагоне, ки тибқи ҳукми суд барои адои ҷазо ба муассисаи ислоҳӣ омадаанд, ислоҳ гардида, ҳамчун фарди солимфикр ба ҷамъият баргарданд.  

Танҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми октябри соли 2014 №1130 «Дар бораи авф» дар асоси пешниҳодҳои сардорони муассисаҳои ислоҳӣ дар вилояти Суғд бо иҷозати прокурор нисбати 1129 нафар маҳкумшудагон Қонуни мазкур татбиқ карда шуд, ки 686 маҳкумшуда аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда шуданд.

Бо пешниҳоди сардорони муассисаҳо дар соли 2015 низоми адои ҷазои  366  маҳкумшуда иваз карда шудааст .

Қабули маҳкумшудагон, баррасии муроҷиати онҳо, волидайн ва дигар хешу табори онҳо яке аз вазифаҳои муҳим ва самти афзалиятноки прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд мансуб ёфта, дар ин самт низ корҳои муайян ба сомон расонида шудааст.

Дар асоси муроҷиати шаҳрвандон зиёда аз 120 ҳазор сомонӣ маблағи зарари расонидашуда барқарор карда шуда, 14 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, 10 парвандаи ҷиноятӣ ба суд равон карда шудааст, ки гунаҳгорон маҳкум карда шудаанд.

Прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки баҳри иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошта тамоми имкониятҳоро истифода хоҳад кард.  

З.ШАРИФЗОДА,
прокурори назорати иҷрои қонунҳо
дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд
мушовири адлияи дараҷаи 1

Add comment


Security code
Refresh