Ба осебдидагони офатҳои табиӣ кӯмак расонида шуд

Чунонки маълум аст, санаҳои 9-12-уми майи соли 2016 дар натиҷаи боришоти пайдарпай ва омадани сели калони фалокатовар, ки бештар ба деҳаҳои Шўрча, Савр, Қўштеппаи Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, деҳаи Шашқати Ҷамоати деҳоти Рўдакӣ, деҳаи Дашти Қозӣ, Киштўдаки Ҷамоати деҳоти Ёрӣ, Амондара, Лоиқ Шералӣ, маҳаллаҳои Сойи Мисрак, Зардолузори шаҳр, соҳаҳои кишоварзӣ, чорводорӣ ва як қатор корхонаву ташкилотҳои Панҷакент хисороти моддӣ расонид.

Дирўз намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади кўмаку дастгирӣ ба осебдидагони офатҳои табиӣ ба ин мавзеъ сафар намуданд.

Дар ҷаласаи корӣ Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба роҳбарону масъулини мақомоту сохторҳои мухталифи вилоят дастур дода буданд, ки то ҳадди имкон ба мардуми осебдидаи минтақаҳои офатзада аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам моддӣ дасти кўмак дароз карда, дар ин рўзҳои нохуши ба сари мардуми ин минтақа омада дастгирӣ намоянд.

Баҳри иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Раиси вилоят гурўҳи корӣ бо роҳбарии сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатии байтории вилоят, генерал-майор Икромиддин Абдураҳмонӣ бо миқдори муайяни маводи хўрок ба шаҳри Панҷакент сафар намуда, бо мардуми деҳоти осебдида вохўрд.

Икромиддин Абдураҳмонӣ ба мардум, пеш аз ҳама, аз ҳодисаи нохуши сарзада изҳори тасаллият намуда, изҳор дошт, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдат - Пешвои миллат, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷиҳати рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва дастгирии мардуми аз он осебдида чораҳои мушаххас андешида шудааст. Ҳамчунин, мавсуф таъкид намуд, ба оилаҳое, ки манзилашон пурра ва қисман аз сел осеб дидааст, бо иқдоми роҳбарияти вилоят сохтмону таъмири зиёда аз 20 манзили вайронгардида то таҷлили ҷашнҳои таърихӣ назар гирифта шудааст.

Сокини деҳаи Зардолузор –омўзгор Истамқул Бобоев, ки дар ҳодисаи нохуши сарзада ҳавлиаш пурра валангор шуда буд, барои дастгирии ҳамаҷонибаи Президенти ҷумҳурӣ ва роҳбарияти вилоят изҳори сипос намуд. Ў гуфт, манзиле, ки бо писару келин ва наберагон зиндагӣ мекард, дар натиҷаи омадани сел вайрон гардида, пурра ҷиҳозу лавозимоти рўзгорашро бурдааст.

- Ҳеҷ гоҳ он рўзро аз хотир намебарорам, бинобар омадани оби барзиёд аз канал манзилам фурў рафт. Афсўс ки китобҳои нодире доштам, пурра ба коми сел рафт. Сад шукр, ки ҷонамонро халос кардем.

-Мо миннатдорем, ки дар ин рўзи мудҳиши ба сарамон омада худро танҳо ҳис накардем. Сарвари давлатамон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода дили моро таскин дода, ба мо кўмаки маънавиву моддии хешро расонида истодаанд,- гуфт сокини дигари деҳаи мазкур Мулкия Аҳмадова.

Воқеан, мардум он рўз бо самимияти хоса шукронаи сулҳу Ваҳдат ва роҳбарони даврро мекарданд, ки ҳамеша, дар ҳама ҳолат дар бари онон ҳастанду нисбат ба халқ ғамхорӣ зоҳир менамоянд.

-Ҳарчанд мо дар ин офати табиӣ молу мулки хешро аз даст дода бошем ҳам, шукр мегўем, ки Худованд моро аз талафоти ҷонӣ эмин нигаҳ дошт, - изҳор доштанд мардум.

Дар фарҷоми вохўрӣ бо мардуми ноҳия Икромиддин Абдураҳмонӣ- сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатии байтории вилоят бори дигар мардумро аз номи роҳбарияти вилоят бовар кунонд, ки онҳо танҳо нестанд ва ҳеҷ гоҳ набояд рўҳафтода шаванд.

Тибқи маълумоти пешакии комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар натиҷаи ин офати табиӣ ба 313 хонаи истиқоматӣ селоба ва лойқа даромада, заминҳои наздиҳавлигӣ, иншоотҳои шаҳрвандонро харобу валангор намуд. Дар асоси санадҳои тартибдодашуда аз 21 манзили истиқоматӣ 15 хона пурра ва 6 хона қисман вайрон гардид.

Офати табиӣ ба иншоотҳои муҳими хоҷагии халқ, аз ҷумла ба 63,6 км роҳи автомобилгард, 11,6 км роҳи магистралӣ, 52 км роҳҳои маҳаллӣ, 9 кўпрук, аз ҷумла 6-то магистралӣ ва 3-то маҳаллӣ, 12 км хатҳои роҳи магистралӣ, роҳи маҳаллӣ, интиқоли барқ, 7 трансформатор, 3 км хатҳои алоқа, 113,886 км хатҳои обёрӣ ва каналҳо, 3 км селпарто, 12 истгоҳи обкашӣ ва иншоотҳои гидротехникӣ, 2,42 км хатти оби нўшокӣ зарар расонид. Дар соҳаи кишоварзӣ дар маҷмўъ 369,3 га майдонҳои кишт, боғу токзорҳо, 29 га заминҳои наздиҳавлигӣ, 0,88 га ҷангалзор, 43 сар чорво, аз ҷумла 27 сар моли калон, 16 сар моли майда, 2 сар асп ва 5 қуттӣ кирмак нобуд шудааст.

Инчунин, дар натиҷаи шиддат гирифтани боришоти рўзҳои охир ва  боридани борону ҷола дар дигар минтақаҳои шаҳру деҳоти Панҷакент ба хоҷагии халқ ва манзилҳои шаҳрвандон зиён овард, яъне шоми санаи 11 майи соли 2016 дар натиҷаи боришоти пайдарпайи такрорӣ дар деҳаҳои Дашти Қозӣ, Рўзиобнок ва Киштўдаки Ҷамоати деҳоти Ёрӣ сели калон омада, ба 88 хонаи истиқоматӣ ва 1 мактаб осеби зиёд расонид.

Бо мақсади бартараф ва барқарор намудани зарарҳои офати табиӣ 7 гурўҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҳисоби мудирони шўъбаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаю ташкилоту муассисаҳо таъсис дода шуда, амал намуда истодааст. Гурўҳҳои корӣ дар ҳамбастагӣ бо аҳолӣ корҳои барқароркуниро ҷиҳати аз манзилҳои истиқоматии осебдидагон баровардани лойобҳо ва тоза намудани сойҳои селрав  ба роҳ монда, фаъолият намуда истодаанд. Ҳамчунин, ситоди бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ амал карда истодааст.

* * * *

Бино ба маълумоти сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Панҷакент И.Мутаиллоев, санаҳои 9-15-уми майи соли равон дар натиҷаи боридани боронҳои пай дар пай ва омадани сел ба соҳаи кишоварзӣ зарари иқтисодӣ расонида, тибқи маълумотҳо зиёда аз 517 га заминҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ, 77 га боғу токзор несту нобуд шуда, маблағи зарари расонида 3,7 миллион сомониро ташкил намудааст. Ба ғайр аз ин ба иншооти гидротехникии соҳаи кишоварзӣ дар асоси санадҳои тартибдодаи ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Панҷакент 63 км каналу иншоот зарар дида, ба маблағи 5,1 млн сомонӣ хисорот расонида шудааст.

Айни замон барои бартарафкунии зарарҳои офати табиӣ корҳои барқароркунии аввалиндараҷа ба иҷро расонида шуда, заминҳои зарардида барои кишт омода ва дар боғу токзорҳо коркарду озуқадиҳӣ идома дорад.

Санаи 25-уми май Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдузафар Иномов бо гурўҳи корӣ аз мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардида боздид ба амал оварда, оид ба рафъи оқибатҳои он маслиҳату супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон, ҷиҳати кўмакҳои молӣ ба сохторҳои марбута дастур дода шуд. Дар самти бартарафкунии зарари офатҳои рухдода корҳои барқарорсозӣ идома доранд.

 Маъмурахон САМАДОВА,
Хуҷанд-Панҷакент-Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh