Замони кўдакони Истиқлол

Ҳар сол, рўзи якуми июн дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони мо ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон ҷашн гирифта мешавад. Ин сана солҳост, ки дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рўзҳои зеботарину таърихӣ ба шумор меравад. Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон бо қарори Анҷумани Шўрои Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд. Аз ин рў, ин санаи некро ҳамчун рўзи баробариву бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои кўдакон ном мебаранд.

Бо шарофати файзи Истиқлол дар Тоҷикистони азиз пешрафти соҳаи маориф хеле намоён ба назар расида, кўдакону наслҳои ҷавон зери осмони софу беғубор, бо шавқу ғайрати зиёд саодати зиндагӣ доранд ва умр ба сар мебаранд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату ҳукумат, хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳдошти ҳаёти кўдакону ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Ҳанўз 26-уми июни соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санадҳои муҳими ҳуқуқи байналхалқӣ-Конвенсияи ҳуқуқи кўдак, ки онро СММ 20-уми ноябри соли 1989 қабул кардааст, эътироф намуд. Асосгузори сулҳу Ваҳдат - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон гуфта буданд: “Мо барои шумо ҳамаи шароити таҳсилро фароҳам меорем ва аз шумо фақат хубу аъло таҳсил кардан ва соҳиби илму ҳунар шуданро талаб дорем». Дар ҳама давру замон омўхтани илму дониш ва маърифатпарварӣ омилҳои пешрафту тараққиёти ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Имрўз, яъне дар асри ХХI  пешрафти илму техника босуръат ҷараён дорад.

Боиси хурсандист, ки дар тўли 25 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кўдакистону мактабҳои зиёди замонавӣ бунёд гардида, ба истифода дода шудаанд. Чунки ояндаи ҷомеа дар дасти кўдакони имрўза аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Мо бояд, ки дар рўҳияи   меҳнатдўстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқи неку ҳамида онҳоро тарбия намоем.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи кўдакони Тоҷикистони азизро ба муносибати иди байналмилалӣ табрик гуфта, умед дорам, ки ҳар кадоми кўдакону наврасони азиз дар оянда сазовори номи баланди фарзандони фарзонаи миллати тоҷдори Тоҷикистон мегарданд.

Г. Зокирова,
омўзгори МТМУ-и № 2,
шаҳри Истиқлол

Add comment


Security code
Refresh