Гузоштани арча ҷойи мувофиқро талаб мекунад

Баробари наздик шудани Соли нави милодӣ дар тамоми ҷаҳон омодагӣ ба ин чорабинии бонуфуз оғоз мегардад. Дар кишварҳои гуногуни дунё ин идро ба таври худ, бо расму русуми миллии худ таҷлил менамоянд. Дар кишвари офтобии мо низ иди Соли Навро пиру барно бо рўҳияи идона ва завқи беандоза таҷлил менамоянд.

Оростани арчаи солинавӣ аз омадани Соли нави милодӣ муҷда медиҳад.

Оре, Соли нав файзу баракати афзуни худро дорад. Дар шаҳри Хуҷанд низ ҳар сол баробари наздик гардидани Соли нави милодӣ дар чандин мавзеъҳо арчаҳои солинавӣ ороста, бо бозичаҳои ороишии гуногун зеб дода мешаванд. Баробари гузоштани арчаҳои солинавӣ дар гирди арчаҳо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ гузаронида мешаванд. Агар яке барои нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ заҳмат кашад, дигар сохтор барои бехатарии он кўшиш ба харҷ медиҳад. Ҳар сол баробари гузоштани арчаҳои солинавӣ фаъолияти кормандони Хадамоти давлатии нозироти бехатарӣ аз сўхтор низ зиёд мегардад.

Онҳо баҳри пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохуши сўхтор ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои «Арчаи солинавӣ» тадбирҳои мушаххас меандешанд. Чунончӣ, аз тарафи Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд ҳамасола моҳи декабр чорабиниҳои профилактикӣ - оташнишонии комплексии рамзии «Арча» гузаронида мешавад.

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши сўхтор дар ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва умумӣ, боғчаҳои бачагона, ки дар онҳо чорабиниҳои солинавӣ гузаронида мешаванд, корҳои фаҳмондадиҳӣ, дастурҳо оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор дар байни аҳолӣ, ҷойҳои ҷамъшавии зиёди одамон, омўзиши қоидаҳои оддитарини бехатарӣ аз сўхтор бурда мешаванд.

Кормандони ин муассиса мекўшанд, ки чорабиниҳо аз ҳар ҷиҳат хотирмон гузараду ягон ҳодисаи нохуши сўхтор ба амал наояд. Зеро нисфи зиёди бозичаҳое, ки барои ороиши арчаи солинавӣ истифода мешавад, бо воситаи қувваи барқ фурўзон мегарданд. Аз ин рў, кормандон пеш аз гузоштани арча мекўшанд, ки ҷойи мувофиқро муайян намоянд, то боиси сар задани сўхтор нагардад. Гузоштани арча низ ҷойи мувофиқро талаб менамояд. Масалан, дар гузаргоҳҳо ва ҳам назди баромадгоҳҳо гузоштани арча қатъиян манъ аст.

Ҳамзамон, арча бояд дар ҷойи мустаҳкам (тагмонак, зарфи регдор) гузошта шуда, шохаҳои арча бояд аз девор ва шифти хона дар масофаи на кам аз 1 метр дуртар ҷойгир бошад. Ҳангоми ороиши арчаҳои солинавӣ бо чароғакҳои рангин, хатти ҷараёни барқ ва пайвастшавии ноқилҳои барқӣ ба талаботҳои сохти дастгоҳи барқӣ, қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҷавобгў бошанд ва танҳо аз тарафи мутахассисони ин соҳа ба роҳ монда шаванд. Ҳамзамон, барои ороиши арчаҳои солинавӣ истифода бурдани ҷиҳози оташгиранда, маводҳои пиротехникӣ ва шамъҳои бенгалӣ қатъиян манъ аст, таъкид менамоянд мутахассисони соҳа.

Тибқи қоидаҳои зидди сўхтор ҳамзамон, гармкунии биноҳое, ки дар онҳо чорабиниҳои солинавӣ гузаронида мешаванд, танҳо аз гармхонаҳои марказонидашуда ва ё гармкунакҳои стандартӣ ба роҳ монда шавад.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh