Назорати қатъии сифати доруворӣ - масъалаи асосии соҳаи тандурустӣ

Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат баробари таҳлили амиқи соҳаҳои мухталифи мамлакат ба фаъолияти соҳаи тандурустӣ низ баҳо дода, аз ҷумла таъкид доштанд: «…назорати қатъии сифати доруворӣ яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад…. Имрўзҳо масъалаи маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгўй набудани он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои дунё мавриди нигаронӣ қарор дорад».

Марбут ба ин гуфтаҳои Пешвои миллат мо сўҳбате доштем бо сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Суғд, Аълочии тандурустии Тоҷикистон Қувватзода Диловар Қувват.

Мавсуф аз ҷумла чунин гуфт:

- Гуфтаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басе бамаврид аст, ки новобаста аз муборизаҳои шадид ва чораҷўиҳои қатъӣ масъалаи пешгирии маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгў набуда дар ҷумҳурӣ ва, ҳатто, берун аз ҳудуди он бисёр ҳам ташвишовар боқӣ мемонад.

Аз ҷумла, дар яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ-вилояти Суғд низ масъалаи мазкур, тибқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, зери назорати қатъии ҷомеаи меҳнатии мо қарор дорад, ки мехоҳам, гуфтаҳои худро бо далелҳои дақиқ асоснок созам.

Давоми соли 2016 аз тарафи мутахассисони Раёсати мо дар муассисаҳои фармасевтӣ ва муассисаҳои табобатӣ-профилактикӣ санҷиш ва назоратҳои нақшавӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа 833 номгўй ба миқдори 17049 адад маводи доруворӣ, молҳои тиббии мўҳлати истифодабариашон гузашта, 3301 номгўй ба миқдори 202570 адад маводи доруворӣ ва молҳои тиббии бе сертификати мутобиқати сифат, 9 номгўй ба миқдори 810 адад маводи дорувории ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгўй набуда дарёфт гардид. Нисбати камбудиҳои ошкоргардида бо талаботи моддаҳои 121 ва 122 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 164 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, ба маблағи умумии 372400 сомонӣ ҷаримабандӣ гардида, ин маблағ ба буҷаи давлат гузаронида шуд.

-Солҳои охир соҳибкории инфиродӣ дар самти дастрас намудани дорувориҳо берун аз қаламрави ҷумҳурӣ ривоҷ ёфтааст. Дар фаъолияти онҳо чӣ камбудиву норасоиҳо ба назар мерасанд?

-Мутаассифона, тавре дар боло зикр кардам, бо вуҷуди муборизаҳои сахт, бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ байни соҳибкорони инфиродии дастраскунандаи маводҳои тиббӣ камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд. Дар акси ҳол кормандони мо нисбати 420 нафар соҳибкори инфиродӣ, муассисаҳои фармасевтӣ ва муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳру ноҳияҳо баҳри бартараф намудани камбудиҳо амрномаҳо ирсол намекарданд.

Мутаассифона, аз маълумотҳо бармеояд, ки камбудиву норасоиҳо дар ин ҷода аз тарафи табибони алоҳида низ зоҳир карда мешаванд. Соли рафта бо ҷурми риоя накардани талаботи қонунгузории фаъолияти фармасевтӣ ва ошкор гаштани камбудиҳо аз ҷониби маъмурияти муассисаҳои табобатию профилактикии зери назорат қароргирифта нисбати 61 нафар табиб муҷозоти интизомӣ дар намуди огоҳӣ, сарзаниш ва танбеҳ татбиқ карда шуд.

Давоми сол чор маротиба бо иштироки ҳайати комиссия дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд аз тарафи Раёсати Хадамот бо тариқи сўзонидан 4678 номгўй ба миқдори 538394 адад ба маблағи 2688144,2 сомонӣ, ба андозаи 20670 кг маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводҳои ороишию гигиении хусусияти табобатӣ доштаи мўҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқати сифат ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда номувофиқ несту нобуд карда шуданд.

-То андозае, ки огаҳ ҳастем, дар назди Раёсат КВД “Экспертизаи озмоишгоҳи маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ” фаъолият мебарад. Мушаххас дар бобати фаъолияти он маълумот медодед?

- Воқеан ҳам қайд кардан бамаврид аст, ки дар назди Раёсати КВД “Экспертизаи озмоишгоҳи маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ” таҳти роҳбарии Иззатулло Ғаффоров фаъолияти босамар дошта, озмоишгоҳ бо таҷҳизоти муосири зарурӣ таъмин гардонида шудааст. Аз ҷумла, соли 2016 якчанд таҷҳизоти муосир, аз қабили спектрофотометр, PH –метр, ариометр, магнитная электромешалка ва ғайраҳо барои озмоишгоҳ харидорӣ ва насб гардонида шуд, ки ин боз ҳам барои босифату фаврӣ ташхис намудани маводи доруворӣ ва ороишӣ мусоидат менамояд.

Аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии “Экспертизаи озмоишгоҳи маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ”-и назди Раёсати Хадамот дар давраи ҳисоботии соли 2016-ум 12558 номгўй маводи доруворӣ мавриди ташхис қарор гирифтанд, ки аз ин миқдор 9 номгўй маводҳои доруворӣ ба меъёрҳои талаботи стандартӣ ҷавобгўй намебошанд. Инчунин,8217 номгўй маводҳои ороишию гигиенӣ ва иловагиҳои фаъоли биологӣ зери ташхис қарор гирифт, ки аз инҳо 13 номгўяш ба меъёри талаботи стандартӣ ҷавобгўй нестанд. Иловатан, дар анборҳои доруи ҶДММ “Сифат-1”, “Комрон А”, “МИН”, “Уфуқ”, “Табиб фарм”, “Азия Фарм”, “Фарм Мед”, “ХШБ” назорат гузаронида шуда, дар натиҷа 131 номгўй ба миқдори 2475 адад маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии бе сертификати мутобиқати сифат ва 133 номгўй ба миқдори 1301 адад маводи дорувории мўҳлати истифодабариашон гузашта дарёфт карда, тибқи санад, аз муомилот гирифта шуд.

- Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш дар маросими ифтитоҳи Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил дар шаҳри Ваҳдат зимни суханронӣ оиди таъмин ва истифодаи дорувориҳои ба меъёрҳои амалкунанда ҷавобгўй дастур дода буданд. Дар ин ҷода аз ҷониби муассисаи Шумо чӣ тадбирҳо амалӣ гардид?

-Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат дар муассисаҳои фармасевтии вилоят як қатор чорабиниҳои назоратӣ гузаронидем. Аз ҷумла, ҳангоми назорат аз муассисаи фармасевтии назди ҶСП “Томирис”-и шаҳри Истаравшан ба муомилот баровардани 1 номгўй ба миқдори 3600 адад маводи дорувории зиддисилии навъи “Рифампиӣин”, ки бо таври қочоқ ворид шудааст, ошкор гардид. Табиист, ки он дар асоси қонунгузории амалкунанда сари вақт мусодира ва аз муомилоти ғайриқонунӣ бароварда шуд.

-Солҳои охир дар қаламрави вилоят худсарона кушодани нуқтаҳои доруфурўшӣ ба назар мерасад. Оиди ин масъала чӣ гуфта метавонед?

-Баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” назорати фаъолияти фармасевтӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сари вақт гузаронида шуданд. Бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ маълум гардид, ки иддае аз шаҳрвандон ба худсарона ва ғайриқонунӣ таъсис додани нуқтаҳои доруфурўшӣ даст задаанд. Танҳо дар соли сипаришуда 6 ҳолати аз тарафи шаҳрвандон Турдибоева Гулбаҳор (сокини ш.Истаравшан), Имомов Шукрилло, Азизмуродов Ромиз (Панҷакент), Анварзода Акмал (ноҳияи Бобоҷон Fафуров), Шукуров Фозил (Исфара) ва Нарзуллоева Фарангис (Зафаробод) таъсиси нуқтаҳои ғайриқонунии доруфурўшӣ дар маҳалли зисташон ва ба муомилоти маводҳои доруворӣ машғул будан ошкор гардид. Нисбати ҳуқуқвайронкунандагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои чораҷўӣ ба мақомоти андози маҳалли зисташон фиристода шуд.

-Оё метавон пеши роҳи қонуншиканиҳоро гирифт, то ин ки амнияти саломатии миллат таъмин карда шавад?

-Ба андешаи ман, баробари пурзўр намудани мубориза бар зидди ворид намудани дорувориҳои ба талабот ҷавобгўй набуда корҳои фаҳмондадиҳиро низ ҷоннок кунем. Нафароне, ки ба тиҷорати дорувориҳои ғайристандартӣ машғул шуданианд, бояд донанд, ки дар заминаи бадбахтии нафари дигар хушбахтии худро ҳеҷ гоҳ сохтан мумкин нест. Беҳтар аст, ки ин гуна андешаҳоро аз сар дур кунанд.

Дуюм, ба фикри ман, бар зидди ин гуна қонуншиканиҳо, на танҳо кормандони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, балки ҷомеа низ фаъол бошанд. Масалан, қисми муайяни аҳолии мо дар минтақаҳои кўҳистону деҳоти дурдаст истиқомат мекунанд. Он ҷо раисони маҳалла, аҳли зиё низ зиндагӣ доранд. Дар ҳолати ба фаъолият оғоз кардани нуқтаҳои доруфурўшӣ бояд ба қонунияти он мароқ зоҳир кунанд. Дар ин ҳолат метавон як андоза пеши роҳи қонуншиканиҳоро гирифт. Лекин адлу инсоф ва виҷдони поки тоҷирони дору омили муҳимтарини пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳост. Набояд фаромўш кард, ки ҳама навъи дорувории ба меъёр ҷавобгўй набуда метавонад, ба саломатии инсон зарари калон расонида, нафареро бадбахт созад.

Мусоҳиб
Маъмурахон Самадова,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh