Қадршиносии дастаи "Парвоз"

Чанде пеш Чемпионати ХХI Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ ба охир расид. Футболбозони дастаи "Парвоз"-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров дар мавсими имсола дар байни 13 даста ҷои панҷумро ишғол намуданд, ки ин барои мутасаддиёну мухлисони футбол шарафи бузург аст.

Ба муносибати ҷамъбасти мавсими футбол 10-уми декабр дар толори маҷлисҳои Фурудгоҳи байналхалқии Хуҷанд бо иштироки ҳайати дастаи "Парвоз", мухлисону собиқадорони футбол, аҳли меҳнати фурудгоҳ, намояндагони васоити ахбори омма ҷамъомади бошукӯҳ ба вуқӯъ пайваст.

Аввал ба ҳозирин номаи шодбошии Президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ қироат карда шуд. Дар он, аз ҷумла, омадааст: "Футболбозони дастаи "Парвоз" дар мавсими имсола байни 4 дастаи вилояти Суғд ба натиҷаи беҳтарин ноил гаштанд, ки ин аз ғамхории доимии маъмурияти Фурудгоҳи байналхалқии Хуҷанд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Fафуров шаҳодат медиҳад. Боварӣ дорам, ки футболбозони дастаи "Парвоз" дар мавсими соли 2013 дастовардҳояшонро боз ҳам афзун хоҳанд кард ва дар ин ҷода ба онҳо барор мехоҳам".

Омири кулли Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, Президенти клуби футболи "Парвоз"-и Хуҷанд. Маъруф Маҳмудов аз натиҷаҳои футболбозони даста изҳори қаноатмандӣ намуд. Раиси ноҳияи Бобоҷон Fафуров Содиқҷон Мирхолиқов аз талошҳои Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Расулзода бобати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, хусусан бозии футбол бо самимият сухан ронда, ҷамъбасти хуби мавсими имсоларо барои футболбозони дастаи "Парвоз" шодбош гуфт.

Тибқи қарори раиси ноҳия Содиқҷон Мирхолиқов, президенти клуби футболи "Парвоз" Маъруф Маҳмудов, капитани даста Мансур Ҳакимов, бозингарон Фарҳод Ҳикматуллоев, Ҷаҳонгир Алиев бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва телевизори рангаю яхдон мукофотонида шуданд. Сарвари бозори "Баракат" Илҳом Бобоҷонов ва раиси ширкати ғаллаи шаҳраки Fафуров Сергей Раҳимов барои дастгирии молиявии дастаи "Парвоз" бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардиданд. Роҳбарон ва бозингарони дигари даста, собиқадорони футбол бошанд, тӯҳфаҳои арзишноки Фурудгоҳи байналхалқии Хуҷандро соҳиб шуданд.

Футболбозонро инчунин, сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Фаридун Ҳодибоев, сардори раёсати фурудгоҳҳои вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Нуров таҳният гуфтанд.

Дар охир раиси клуби футболи "Парвоз" Рустам Марофиев ба маъмурияти Фурудгоҳи байналхалқии Хуҷанд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан ба Раиси ноҳия Содиқҷон Мирхолиқов барои қадршиносии ҳайати даста арзи сипос намуд ва изҳор дошт, ки футболбозон дар мавсими нав низ бозии хуб нишон дода, мавқеашонро дар ҷадвали чемпионати мамлакат беҳтар хоҳанд кард.

Чорабинӣ бо барномаи консертӣ, ки аз сурудҳои ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Тӯлқин Тоҷибоев, ҳофизони хушсадо Сироҷиддин Худоймерганов, Абдулло Холматов, Фахриддин Ҷалолов ва дигарон мураттаб шуда буд, ба поён расид.

Маҳмудҷон ҲУСЕЙНЗОДА,
шореҳи варзиши "Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh