Мусобиқаи кушод оид ба бокс

Дирӯз дар толори "Ҷашнӣ"-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба хотираи гиромидошти Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Ҳамзалиев Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни ҷавонони соли таваллудашон 1995-1996 баргузор гардид.

Дар он муовини авввали Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов, намоянда аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Ишратов, меҳмонон ва варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон, шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва шаҳру навоҳии вилояти Суғд ширкат варзиданд.

Сараввал муовини авввали Раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов аз номи Раиси вилоят меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба варзишгарон барор хост. Аз ҷумла ӯ қайд кард, ки варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳ ва дӯстӣ маҳсуб меёбад. Мақсади гузаронидани чунин мусобиқаҳои байналхалқӣ боз ҳам қавӣ гардонидани дӯстии кишварҳои ҳамсоя, робитаҳои мустаҳкам байни варзишгарон мебошад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов аз номи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд ҳозиринро хайрамақдам намуда, баргузории чунин мусоби-қаҳоро падидаи нек номид.

Баҳром Ишратов миннатдории раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи мазкур баён намуд.

Зокирҷон Исроилов - додарзодаи Исмоил Ҳамзалиев аз номи аҳли оилааш ба ташкилкунандагони мусобиқа арзи сипос кард. Бо садо додани Суруди миллӣ ва баланд бардоштани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс кушода гуфта эълон гардид.

Ёдовар бояд шуд, ки Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни ҷавонони соли таваллудашон 1995-1996 бахшида ба хотираи гиромидошти Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Ҳамзалиев аз 23 то 26-уми декабри соли 2012 идома меёбад.

Баҳром ПОЧОЕВ

Add comment


Security code
Refresh