Қадршиносии варзишгарон

Тавре хонандагони рўзнома огоҳӣ доранд, аз санаи 5-ум то 17-уми июли соли равон дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия Универсиадаи донишҷўён баргузор гардид, ки дар он аз 69 мамлакати дунё варзишгарон ширкат ва дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ қувваозмоӣ карданд.

Ҳайати варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистонро 65 нафар варзишгарон ташкил доданд, ки аз ин теъдод 13 нафарашон беҳтарин варзишгарони вилояти Суғд буданд. Дар мусобиқаҳо аз рўи намудҳои мухталифи бозиҳои спортӣ 4 нафар варзишгарони вилоят- донишҷўи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров Комроншоҳ Устопиров оид ба гўштини тарзи самбо соҳиби медали нуқра (аз ноҳияи Ҷаббор Расулов), донишҷўи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров Абдуазим Бойназаров оид ба гўштини камарбандӣ соҳиби медали нуқра(аз шаҳри Истаравшан), донишҷўи ДДҲБСТ Ибодулло Алибердизода оид ба гўштини камарбандӣ соҳиби медали биринҷӣ (аз ноҳияи Ҷаббор Расулов) ва донишҷўи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров Гуландом Қаробоева оид ба гўштини камарбандӣ соҳиби медали биринҷӣ (аз ноҳияи Ашт) шуданд.

Fолибонро, ки номи Тоҷикистони азизро дар байни чандин кишвари дунё шўҳратдор гардонданд, чанде муқаддам Раиси вилоят Қоҳир Расулзода қабул ва бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ кард. А.Бойназаров ва К.Устопиров ҳар кадоме бо 10 ҳазор сомонӣ, И.Алибердизода ва Г.Қаробоева ҳар кадом бо 7 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонда шуданд.

Иштирокчиёни дигари Универсиадаи донишҷўён аз макотиби олии вилоят ва мураббиён, аз ҷумла Сафарқул Тошмуродов, Усто Устопиров, Алишер Мадазимов, Асрор Воҳидов, Сомиршоҳ Воҳидов, Азизбек Қаробеков, Ҳусниддин Тошмуродов, Умедбек Тошмуродов, Эркин Раҷабзода, Амирбек Қосимов, Аҳмад Миров, Фурқат Қаландаров бо мукофотҳои молиявии ҳавасмандгардонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Хабарнигори «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh