Мусобиқаи байналмилалии бокс

Бо мақсади тарғиби бозии варзишии бокс дар қаламрави вилоят аз санаи 25 то 30-юми августи соли 2013 дар Қасри вар-зишии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ оид ба бокс ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Иттифоқи Шўравӣ Исмоил Ҳамзаалиев гузаронида мешавад.

Дар ин бобат аз 05.08. соли 2013 таҳти рақами 178 қарори Раиси вилоят ба тасвиб расид. Дар ин радиф шўъбаҳои маъмурию ҳуқуқӣ, ташкилӣ, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси вилоят, нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва Федератсияи бокси вилоят дар бобати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани ин чорабинӣ муваззаф шудаанд.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Fафуров, Чкалов, Қайроққум, Ҷаббор Расулов ва Спитамен супурда шудааст, ки барои варзишгарон, мураббиён ва доварони хориҷии мусобиқа шароитҳои мусоидро муҳайё намоянд. Идораҳои телевизион ва радиои вилоят, рўзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати» вазифадор гардидаанд, ки аз ҷараёни баргузории мусобиқа оид ба бокс барномаҳои пурмўҳтаво ва маводҳои ҷолиб ба табъ расонанд.

Add comment


Security code
Refresh