Баргузории Дави миллӣ дар Суғд

Субҳи дирўз дар доираи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонон ва бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят Дави миллӣ доир шуд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд беш аз 12 ҳазор сокинони касбу кори гуногуни маркази вилояти Суғд дар чорабинии варзишӣ ширкат варзиданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарони як қатор идораву ташкилотҳои вилоятиву шаҳрӣ ва сокинони касбу кори гуногун дар ин маъракаи варзишӣ фаъолона иштирок намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз оғози Дави миллӣ баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки «Баргузор намудани чунин чорабиниҳои варзишӣ ба ҷисму рўҳи инсон нерўи нав мебахшад. Шуғл варзидан ба варзиш асоси комёбиҳо ва гарави асосии саломатии инсон аст. Мақсад аз баргузории ин рӯз таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ дар саросари мамлакат мебошад".

Сипас,  Дави миллӣ аз хиёбони Раҳим Ҷалил оғоз гардида,  иштирокчиён ба воситаи кўчаи Султон Умаров, купрўки нав ва хиёбони Раҳмон Набиев то майдони назди Парчами миллӣ миёни ҳам сабқат намуданд.

Дар анҷоми мусобиқа ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 ҳамасола дар саросари мамлакат Дави миллӣ доир карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh