Ғолибони Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо муайян гардиданд

Ғолибони Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо дар байни наврасон дар шаҳри Хуҷанд муайян гардид.

Дар маросими қадршиносии ғолибони чемпионат Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, ба варзишгарон медалу ҷоизаҳоро супорид.

Дар чемпионати мазкур аз рӯи 8 категорияи вазнӣ дар байни писарон беш аз 200 варзишгар аз 9 даста — се даста аз шаҳри Душанбе, ду даста аз вилояти Хатлон, якдастагӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, Рашт ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони чемпионати мазкур ба дастаи мунтахаби ҷудои мамлакат дар байни наврасон шомил гардида, Тоҷикистонро дар мусобиқоти байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд.

Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо дар байни наврасон (солҳои таваллуди 2006-2008) дар шаҳри Хуҷанд 11 ва 12 март баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh