Маросими кушодашавии мусобиқа оид ба бокс байни калонсолон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд

Нимаи дуюми рӯзи 7 ноябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии мусобиқа оид ба бокс байни калонсолон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ташкил гардида, то 10 ноябр идома хоҳад ёфт.

Дар маросими кушодашавии мусобиқа Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба варзишгарон муваффақиятҳои шоиста орзу кард. Қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инкишофи ҳамаҷонибаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар байни оммаи васеи халқ ва варзишгарони касбию дўстдорони ин соҳа мусобиқаҳои варзишӣ гузашта истодаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд аз замони шўравӣ то ин дам варзишгарони болаёқату номдор ба воя мерасанд. Ба шарофати дастгирӣ ва ғамхории рўзафзуни Ҳукумати ҷумҳурӣ дар қаламрави вилоят тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш алҳол пайваста рушд меёбад.

Бокс дар вилояти Суғд яке аз намудҳои маъмул ба ҳисоб меравад, ки шумораи дўстдорони он аз ҳисоби ҷавонону наврасон торафт меафзояд. Имрўз, мо бо ифтихор номи варзишгарони вилоят Ҷаҳон Қурбонов, Абдусалом Ҳасанов, Асрор Воҳидов, Довуд Махкамов, Шаҳбоз Ҳаитов, Искандарбек Рустамов, Хусравхон Раҳимов, Абураҳим Ёқубов ва дигаронро ба забон меоварем, ки шарафи варзиши тоҷикро дар миқёси байналмилалӣ баланд бардошта, Парчами Тоҷикистони азизро дар варзишгоҳу майдонҳои бузурги ҷаҳон парафшон сохтаанд.

Дар мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба бокс беш аз 80 нафар варзишгарон, аз ҷумла муштзанон аз ҷумҳуриҳои дўсту бародари Ўзбекистон, Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон, Федератсияи Россия иштирок доранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh