Қадршиносии якумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ

16 ноябр дар Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварии вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони якумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар чорабинӣ иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инкишофи ҳамаҷонибаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тадбирҳои судманд амалӣ гардида, мунтазам мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир шуда истодааст. Зеро варзиш гарави саломатӣ, боиси дарозумрӣ, василаи комёбиҳост ва одамони синну соли мухталиф ва гуногункасб ҷиҳати нигоҳдории тандурустиашон пайваста ба варзиш машғул мешаванд.

Дар дарвони Истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат ва бо шарофати сулҳу ваҳдат дар сарзамини тоҷикон ҳисси хештаншиносӣ ва умеду орзуҳои нек ба ояндаи дурахшон тақвият ёфта, имрўз варзишгарони кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд дар арсаи ҷаҳонӣ аз бисёр ҷиҳат дар қатори давлатҳои мутараққӣ қарор доранд.

Имрўз мақсаду маром ва сиёсати давлату Ҳукумат ва ташкилоту муассисаҳои варзишӣ ба ривоҷу равнақи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, солимгардонии оммаи васеи халқ ва тарбияи ватанпарастии ҷавонон нигаронида шудааст.

Бо баробари ривоҷу равнақи намудҳои гуногуни варзиш дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон камонварӣ яке аз намудҳои маъмул ба ҳисоб меравад, ки шумораи дўстдорони он аз ҳисоби ҷавонону наврасон торафт меафзояд.

Боиси ифтихор аст, ки соли 2023 бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар вилоят Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ” мавриди истифода қарор гирифт. Баргузории мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ аз рўи ин намуди варзиш бо иштироки беҳтарин камонварон аз кишварҳои хориҷаи дуру наздик воқеаи фараҳбахш дар ин самт маҳсуб мегардад, ки се соли охир пайи ҳам доир мегарданд.

Якумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи камонварии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он беш аз 60 нафар варзишгар аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қазоқистон, Беларус, Арманистон, Гурҷистон, Покистон ва Федератсияи Россия иштирок намуданд. 

Ба ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ туҳфаҳои таъсисдодаи кумитаи тадорукоти озмун супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh