Ифтитоҳи толори варзишӣ дар ноҳияи Шаҳристон

Дар доираи чорабиниҳои марбут ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки 25 май таҷлил мегардад, дар деҳаи Ваҳдати ноҳияи Шаҳристон толори варзишӣ ба истифода дода шуд. 

Дар маросими баистифодадиҳии иншооти варзишӣ, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок намуд. 

Толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 сохта шуда, туҳфаи арзанда ба хонандагон ва дӯстдорони варзиш аст. 

Сохтмони иншоот соли 2021 оғоз ёфта, он бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва сокинону соҳибкорон, инчунин саҳмгузории нафароне, ки маблағи барои ҳаҷ ҷамъовардаи худро эҳдо намуданд, қомат афрохта, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст. 

Толори варзишӣ мутобиқ ба талабот ва меъёрҳои замони муосир бунёд ёфта, барои машғул гаштан ба намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили футбол, волейбол, баскетбол, тениси рӯи миз, гуштин, шашкаву шоҳмот ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин иншоот дорои утоқи корӣ, ҳуҷраи шустушуй ва либосивазкунӣ мебошад. 

Бояд тазаккур дод, ки дар ноҳияи Шаҳристон дӯстдорони варзиш ва варзишгарон хело зиёд буда, дастпарварони ноҳия дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ шарафи ноҳия ва кишварро боло мебрадоранд. Чунончӣ, дастаи футболи духтаронаи ноҳия дар сатҳи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷои аввал гардидааст. 

Зимни мулоқот бо аҳли деҳа роҳбари вилоят таъкид дошт, ки дар партави мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки санаи 9-уми марти соли равон баргузор гашта буд, сокинон, шахсони касбу кори гуногун, алалхусус собикадорону бонувон ба корҳои хайру савоб ва ободониву созандагӣ бештар машғул мешаванд. Ин аст, ки дар бунёди толори варзишӣ як гуруҳ шахрвандон, ки нияти адои ҳаҷро доштан саҳми босазои хешро гузоштаанд. 

Сипас, роҳбари вилоят дар ноҳияи Шаҳристон чанде аз ҷавонони имконияташон маҳдудро таҳти таваҷҷуҳ қарор дода, аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои идона тақдим намуд.

Add comment


Security code
Refresh