Рушди футболи хурд дар миёни сокинон

Тайи 5 сол аст, ки дар вилояти Суғд миёни ҷавонони касбу кори гуногун мусобиқоти футбол таҳти унвони  KHUJANDCUP баргузор мешавад. Он бо ташаббуси дӯстдорони футбол доир гардида, 32 даста аз шаҳру навоҳии вилоятро дар як майдони варзишӣ ба ҳам меорад.

Имсол низ мусобиқоти футбол - KHUJANDCUP аз 10 – уми ноябр, то 30 – юми ноябри соли равон дар толори варзишии “Сипар” – и Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир мегардад. Дар  майдон дастаҳои футбол, ки бозингарони онҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен,  Айнӣ, Мастчоҳ ва ғайра мебошанд, миёни ҳам рақобат мекунанд. 

Дар 3 рӯзи аввали мусобиқот, аллакай, 14 даста миёни ҳам бозӣ анҷом доданд. Рақобат дар дохили  гурӯҳҳо давом дорад. Ҳар рӯз барои тамошои бозиҳо аз 300 то 2000 нафар тамошобин ҷамъ мешаванд.

Тавре созмондеҳи мусобиқоти футбол - KHUJANDCUP  Фирдавс Тӯраев гуфт, чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд миёни ташаббускорони мусобиқоти мазкур ва якчанд ширкати ватанӣ шартномаи сарпарастӣ баста шуд. 

- Имсол ширкатҳои сохтмонии Истиқлол Гурӯҳ, ширкати телевизионии рақамии “АНТ”, ҶДММ ташкилоти суғуртавии “Меҳнат”  дар баргузории мусобиқот сарпарастӣ хоҳанд кард.  Ёдовар мешавем, ки дар оммавигардонии футбол саҳми давлату Ҳукумат низ назаррас аст. Бо дастгириҳои пайвастаи  Пешвои муаззами миллат,  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳри Хуҷанд имкон пайдо мекунем, ки дар рушди футболи тоҷик ҳисса гузорем, - афзуд Фирдавс Тӯраев.

Намояндагони ширкатҳои болозикр низ зимни бастани шартнома ҳадафи худро шарҳ дода, изҳор доштанд, ки барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва муаррифии футболи тоҷик дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ мусобиқоти футбол - KHUJANDCUP - ро сарпарастӣ мекунанд.   

Қаҳҳорхон Алиев омӯзгори фанни тарбияи ҷисмони гимназияи №4 – и шаҳри Хуҷанд дастгирӣ ёфтани ташаббуси дӯстдорони футболро иқдоми нек дониста, изҳор дошт, ки  баргузории мусобиқоти футбол миёни ҷавонони касбу кори гуногун ва наврасон натиҷаҳои самаровар ба бор меорад.  

-  Ба мусобиқоти варзишӣ сарпарастӣ кардани ширкатҳои ватанӣ амали неку созанда аст.  Маҳз зимни гузаронидани чунин бозиҳо метавон, ки истеъдодҳои нави варзиширо кашф кард. Баъдан онҳоро ба мактабҳои варзишӣ ва ба дастаҳои футбол, ки наврасонро ба футболи ҳирфаӣ тайёр мекунанд, ҷалб кардан мумкин аст.  Ҳар мусобиқот барои рушди навъи дилхоҳи варзиш мусоидат мекунад, - иброз дошт омӯзгори пуртаҷриба.

Гуфта мешавад, ки созмондиҳандагони мусобиқот маҳз аз бозиҳои гузаронидаашон чанд бозингарони навраси ҳаваскорро, ки соҳибиистеъдод мебошанд, ба дастаҳои касбии футбол интиқол доданд. 

Ёдрас мешавем, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Барномаи маҳаллии рушди футбол дар вилояти Суғд барои солҳои 2022-2026 тасдиқ ёфта буд. Он барои мукаммалгардонии заминаҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ, моддию техникӣ, омодасозии мутахассисон, вусъат додани рушди футбол бо истифода аз инфрасохтори муосир, бунёду таҷдиди майдончаҳои варзишӣ, фароҳам намудани шароити мусоид барои зиёд намудани шуъбаҳои футбол дар муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва рушду оммавигардонии футбол дар деҳот тавассути ҷалби аҳолӣ ба футбол ҳисса мегузорад.

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh