ИСМОИЛОВ ИСРОИЛ

25-уми августи соли 1931 дар ноҳияи Конибодом чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Журналист, собиқа-дори матбуот, узви ИЖ СССР аз соли 1959. Аълочии матбуоти ҶТ (1999). ИДПЛ-ро соли 1969 хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиаш-ро аз соли 1953 ба ҳайси ёрдам-чии мусаҳҳеҳи рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” сар карда, соли 1968, баъди барҳам дода шудани рӯзномаи вилоятӣ ба рӯзномаи ноҳиявии «Бо роҳи ленинӣ» ба кор гузаштааст. Соли 1968 аз нав ба идораи рӯзномаи шаҳрии «Ҳақиқати Ленинобод» омад. Баъди ба вилоятӣ табдил дода шудани рӯзномаи шаҳрӣ низ дар ҳамин рӯзнома ба вазифаи барандаи шумора, муовини котиби масъул, аз соли 1983 мудири шӯъба фаъолият бурд. Дар идораи рўзномаи вилоятӣ то моҳи январи соли 2001 фаъолият дошт.

Исмоилов Исроил бо унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.