Пирӯзии "Хуҷанд" ва "Парвоз"

17-18 ноябр вохӯриҳои даври охирини Чемпионати ХХI Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ доир гардиданд. Аз ҷумла, футболбозони дастаи "Хуҷанд" (Хуҷанд) 17 ноябр дар варзишгоҳи "Спартак"-и маркази вилоят дастаи "Энергетик" (Душанбе)-ро қабул карданд. Дар ин вохӯрӣ футболбозони хуҷандӣ бар ҳарифи худ бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд.

Дастаи "Парвоз"-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров 18 ноябр меҳмони дастаи "Вахш" (Қӯрғонтеппа) шуд. Дар сурати ғалаба кардан дастаи "Парвоз" метавонист дар мавсими имсола ҷои панҷумро ишғол намояд. Аз ин рӯ, футболбозони дастаи "Парвоз" аз оғози бозӣ тамоми қувваю маҳораташонро танҳо барои ғалаба равона карда, дар натиҷа ба мақсадашон расиданд. Бозӣ бо ҳисоби 4:3 ба фоидаи дастаи "Парвоз" ба охир расид. Тӯбҳоро аз дастаи "Парвоз" Нодир Маъмуров (дуто), Fайрат Абдураззоқов, Даврон Тӯхтасунов ба нишон расонданд.

Футболбозони дастаи "Зарафшон" (Панҷакент) дар майдони худ бо пешсафи ҷадвали чемпионати мамлакат-дастаи "Равшан" (Кӯлоб) қувва санҷиданд. Бозингарони кӯлобӣ соҳибони майдонро бо ҳисоби калони 3:0 шикаст дода, мавқеашонро дар зинаи якум мустаҳкамтар намуданд. Дастаи "Зарафшон" бошад, дар мавсими имсола ба бохти бистумин дучор гардида, бо 6 хол дар зинаи охирини ҷадвали чемпионат қарор гирифт.

Бозингарони дастаи "Истаравшан" (Истаравшан) вохӯрии даври охирини чемпионатро бо дастаи "Хайр" (Ваҳдат) гузаронданд. Дар ин вохӯрӣ ба футболбозони истаравшанӣ ҳам омад накард. Онҳо бозиро дар майдонашон ба меҳмонон бо ҳисоби 1:2 бохтанд.

Натиҷаи бозии дастаҳои дигар чунин аст: "Регар" ТадАЗ-"Гвардия"-11:0, "Ҳосилот"- "Истиқлол"-0:5. Дастаи ССКА "Помир" (Душанбе) дар ин давр аз бозӣ озод буд.

22 ноябр бозиҳои мавқуфгузошта байни дастаҳои "Истиқлол"-"Хуҷанд", "Истаравшан"-"Парвоз" ва ССКА "Помир"-"Регар" ТадАЗ баргузор шуданд.

Ба футболбозони дастаи "Хуҷанд" (Хуҷанд) дар шаҳри Душанбе омад накард. Соҳибони майдон ба дарвозаи хуҷандиҳо 10 тӯби беҷавоб заданд. Бояд гуфт, ки тайи солҳои охир дастаи "Хуҷанд" дар бозиҳои чемпионати мамлакат бо чунин ҳисоби калон мағлуб нашуда буд.

Футболбозони дастаи "Истаравшан" (Истаравшан) бинобар аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ду бозӣ маҳрум намудани варзишгоҳи шаҳри Истаравшан вохӯриро бо дастаи "Парвоз"-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров дар шаҳри Хуҷанд гузаронданд. Бозӣ аз оғоз то анҷом бо ҳуҷумҳои пуршиддати тарафайн гузашта, тақдири бозиро ягона тӯби дар дақиқаи 78-ум ба дарвозаи "Парвоз" задаи бозингари "Истаравшан" Насим Расулов ҳал кард. "Истаравшан" пас аз ин ғалаба соҳиби 28 хол гардид.

Дорандаи Ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 дастаи "Регар" ТадАЗ (Турсунзода) меҳмони дастаи ССКА "Помир" (Душанбе) шуд. Турсунзодагиҳо соҳибони майдонро бо ҳисоби 2:0 шикаст доданд.

Чемпионати ХХI Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ бо бозиҳои мавқуфгузоштаи дастаҳои "Энергетик"-"Истиқлол" (25 ноябр) ва "Истиқлол"- "Равшан" (29 ноябр) ба охир мерасад.

Баъди ин вохӯриҳо чемпиони мамлакат дар соли 2012 маълум мегардад.

Маҳмудҷон ҲУСЕЙНЗОДА,
шореҳи варзиши
"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh