Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба картингронӣ

Санаи 1-уми декабри соли 2012 дар варзишгоҳи картингии «Формула К»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Парчами миллӣ Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба картингронӣ баргузор гардид. Дар ин чемпионат дастаҳои картингрон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Бобоҷон Fафуров, КВ ТҶММ «Суғд», ММТ «Хуҷанд», ММТ «Конибодом», Исфара, Ашт, Панҷакент, Истиқлол, Ёвон ширкат намуданд.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш, дарёфти варзишгарони бомаҳорат, алалхусус, рушду нумӯъ бахшидан ба картингронӣ мебошад.

Дар ин рӯз аз ҷониби МИҲД-и вилоят ва бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода баҳри пурзӯр гардонидани пойгоҳи моддӣ-техникӣ ба клуби картинги ТҶММ «Суғд» (Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд) 4 адад картинги замонавии истеҳсоли хориҷа тақдим карда шуд.

Чемпионати Тоҷикистон оид ба картингронӣ аз рӯи дараҷаҳои KZ-2, миллӣ, юниор ва минӣ доир гардид. Fолибон баъди ду даври бозӣ муайян гардиданд. Дар даври минӣ ҷои якумро Фахриддин Нурматов, ҷои дуюм Азиз Абдуллоев ва ҷои сеюм Умед Воҳидов; дар даври юниор ҷои якум Аламхон Сайфуллоев, ҷои дуюм Мунаввара Маҳмудова ва ҷои сеюм Ифтихор Усмонов; дар даври миллӣ ҷои якум Равшан Маҳмудов, ҷои дуюм Сергей Прясучёв ва ҷои сеюм Авзалшо Мирзоев; дар даври KZ-2 ҷои якум Абдуваҳҳоб Fафуров, ҷои дуюм Мурод Орифов ва ҷои сеюм Ҳаким Маҳмудов ишғол намуданд. Fолибон бо дипломҳо, Ифтихорномаҳо ва медалҳои мусобиқот сарфароз гардонида шуданд.

Дар мусобиқаи байнидаставӣ бошад, ҷои якум насиби картингронони КВ ТҶММ «Суғд» гардид ва онҳо бо дипломи дараҷаи аввал ва ҷоми чемпионат тақдиронида шуданд. Картингронони ММТ «Хуҷанд» ҷои дуюм ва Б.Fафуров ҷои сеюмро ишғол намуда, онҳо бо диплом, медалҳо ва Ифтихорномаҳои мусобиқот сарфароз гардонда шуданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз ширкати мобилии «Билайн» низ ба ғолибони мусобиқот тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Соҳибкор Парвиз Юсупов ба клуби картинги ТҶММ «Суғд» 3 картинг бо сарулибоси махсус тақдим намуд.

Баҳром ПОЧОЕВ

Add comment


Security code
Refresh