Комроншоҳ - ғолиби мусобиқа

Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ғолиби Мусобиқаи кушоди VI умумирусиягӣ оид ба дзюдо миёни ҷавонон гардид. Ин мусобиқа ба хотираи Григорий Веричев, қаҳрамони ҷаҳон ва Аврупо, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ, бо ширкати варзишгарони синнашон то 23 - сола аз Русия, Қазоқистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Челябинск баргузор шуд.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг дар ҳамаи панҷ қувваозмоӣ бар рақибонаш пирӯзӣ ба даст овард ва мақоми аввалро касб кард.

Се гӯштингири дигари тоҷик - Саидмухтор Раҳимов ва Қонун Охунов дар вазни то 73 кг мақоми панҷум ва Рашид Зиёбеков дар вазни то 81 кг ҷойи ҳафтумро соҳиб гардиданд.

Гӯштингирони ҷавони тоҷик аз 2 то 15 - уми декабр дар Маркази омодагии олимпии Челябинск ҳамроҳ бо варзишгарони русиягӣ тамрин мекунанд.

Баҳром ПОЧОЕВ

Add comment


Security code
Refresh