Шоҳмотбозон сарҷамъ меоянд

Шоҳмот дар ташаккули тафаккури солим ва созандаи ҷавонон назар ба дигар намудҳои варзиш афзалияти бештар дорад. Аз ин рӯ зарур аст, ки ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ ривоҷ дода шавад,- гуфта буд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар кишварамон, аз ҷумла дар ноҳияи Fончӣ як қатор корҳои назаррас ҷомаи амал пӯшиданд. Ташкили клуби шоҳмотбозони навраси "Манучеҳр ва Рустам" бо иқдоми академики Академияи илмҳои муҳандисӣ Муним Абдусамадов далели гуфтаҳои болост. Дар рӯзҳои таҷлили бистумин солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили мусобиқаи кушоди шоҳмот яке аз иқдомҳои аввалини ин ташкилоти ҷамъиятӣ буд. Мусобиқа таи се рӯз идома ёфт. Дар он 13 дастаи шоҳмотбозон аз шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Хуҷанд, Чкалов, Истаравшан, Панҷакент, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен, Маст-чоҳ, Fончӣ ва ҳамчунин меҳмонон аз шаҳри Нораки вилояти Хатлон иштирок намуда, бо ҳам қувваозмоӣ карданд.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур ба муносибати 70-солагии шодравон Миряҳё Мирфозилов, ки замоне раиси ноҳияи Норак буду яке аз шоҳмотбозони номӣ ба шумор мерафт, гузаронда шуд. Мусобиқа чор рӯз идома ёфт, дар байни он чемпиони Тоҷикистон доир ба шоҳмот Сӯҳроб Ҳамдамов ва ноиби Пезиденти Федератсияи шоҳмоти кишвар Илҳом Юнусов барои ҳаводорони шоҳмот сеансҳои шоҳмот (бозии яквақта ба 20 нафар шоҳмотбозон)- ро гузарониданд.

Аз рӯи натиҷаҳои қувваозмоӣ дастаи шоҳмотбозони шаҳри Исфара сазовори ҷои аввал гардида, Ҷоми сайёри Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуд. Ҷои дуюм насиби дастаи шоҳмотбозони ноҳияи Ҷаббор Расулов гардид. Ду ҷои сеюмро дастаҳои ноҳияҳои Fончӣ ва Спитамен бо ҳам диданд. Ба дастаҳои ғолиб диплом ва мукофоти пулӣ супурда шуд.

Э.СОҲИБНАЗАРОВ

Add comment


Security code
Refresh