Ҷўгӣ- талбанда чаро?

Рӯзи сарди зимистон буд. Ман барои харидани ашёи рӯзгор ба бозори "Панҷшанбе" рафтам. Саргарми харид банохост ҳамсинфамро дидам. Ӯ ҳам бо ҳоҷоти хеш ба бозор омада буд ва хоҳиш намуд, ки барои дарёфт кардани чизе барояш кӯмак кунам. Ман хоҳиши ӯро рад карда натавонистам. Ҳарду мағозаҳои ошёнаи дуюми бозорро чарх мезадем, ки ногоҳ як лӯлидухтаре дар рӯ ба рӯямон қарор гирифт.

Ӯ аз ҳамсинфам пул пурсид. Ҳамсинфам дасту по гум карда, чанд тангаро ба лӯлидухтар дароз кард. Лӯлидухтар тангаҳоро гирифту ин кам гуфта, боз ба нолаву зориҳои рӯякиаш пардохт ва ин навбат аз ӯ пулҳои қоғазину калонро талаб кард.

Ҳамсинфам чун дар ҷайбаш пулҳои як сомониву панҷ сомонӣ надошт, хиҷолат кашид ва аз додани пулҳои калон худдорӣ карду чӣ кор карданашро надонист. Ман ин ҳолати ӯро дарк карда, зуд аз кисаам дуто як сомонӣ дароз карда гуфтам, ки "ин аз номи ҳардуямон, ма, гиру рав". Аммо лӯлидухтари "хира" талбандагиашро бас накарда гуфт, ки аз куҷое набошад, ба ӯ пул диҳад. Мо чӣ кор карданамонро надониста ҳаракати аз ӯ дур шуданро намудем, аммо вай аз паси мо меомад.

Мо ба чанд мағоза даромадем, аммо вай талбандагиашро бас накард. Ҳатто фурӯшандаҳо ҳам ба ӯ суханҳои носазо гуфтанд. Лӯлидухтар бар замми ин миёнбанди пироҳани зимистонаи ҳамсинфамро сахт дошта буд. ӯро таъқиб карда ҳам намешуд, зеро вақте сӯяш ҳаракат кунӣ, мегурехту боз меомад. Гирди мо издиҳоми зиёде ҷамъ шуд, ки гӯё ягон кори ношоистае карда бошем. Хиҷолаткашону сурху сафед шуда мерафтем. Шояд оҳи моро Худо шунид, аз рӯ ба рӯямон муфаттиши бозор пайдо шуд. Аз як нигоҳи теғдори ӯ он лӯлидухтар чунон гурехт, ки…

Рӯзи дигар ҳамроҳи ҳамкурсам ба самти китобхона мерафтем, ки боз дар рӯ ба рӯямон лӯлидухтари дигаре пайдо шуду кори маъмулиашро сар кард. Онҳо танҳо ба духтароне, ки либоси хушрӯйтар доранд, дармеафтанд. Ҳамкурсам то пул доданаш ба истилоҳе "часпида" гирифт ва гоҳ дасташрову гоҳ мӯяшро мекашид. Баробари пулҳои майдаро додан мисли дигар ҳаммаслаконаш қаноатманд нагардида, пулро зиёдтар талаб кард. Мо илоҷе карда тезтар роҳ гаштему аз ӯ дур шудем. Аммо ӯ аз дур сӯи мо санг мепартофту назди мо мешитофт. Хушбахтона аз дари китобхона даромадему аз ӯ халос шудем.

Ин гуна ҳодисаҳо дар ҳаёти донишҷӯ зиёданд. Ин ду мисоле, ки дар боло қайд кардем, барои хонандаи борикбин чигунагии муносибати онҳоро возеҳу равшан нишон медиҳад. Дар ин маврид маҷбур шудам, ки бо воситаи матбуоти даврӣ як пешниҳоде ба шаҳрдорону сохторҳои марбута карда бошам, то ки барои коҳиш ёфтани теъдоди талбандагон чорае биандешанд.

Лӯлиён ё ҷӯгиён халқи қадима буда, аксарияташон аз Ҳиндустон муҳоҷират карда, дар тамоми қитъаҳои олам сукунат доранд. Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна зиёда аз 20 ҳазор нафар ҷӯгиён умр ба сар мебаранд. Мардуми ин қабиларо асосан дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Панҷакент, Хуҷанд, Б.Ғафуров, Колхозобод, Ҳисор, Истаравшан ва ғайра дидан мумкин аст. Асоси даромади хонаводаи қабилаи ҷӯгиёни ин минтақаҳо талбандагӣ аст.

Аниқтараш, занҳояшон талбандагӣ карда, зиндагии оилавиашонро таъмин мекунанд. Кам ба назар мерасад, ки мардҳояшон бо меҳнати ҷисмониву ақлониашон барои хонаводаашон чизе биёранд. Аммо дар байни онҳо ҳастанд нафароне,ки зиндагии хубу осоишта доранду ба талбандагиву гадоӣ машғул нестанд. Пас савол ин ҷост, ки оё барои онҳо садақа додан равост? Мо хостем, дар ин маврид фикри чанд тан аз шаҳрвандонро пурсида бошем.

- Қобилҷон Дадобоев устоди факултаи шарқшиносии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров мегӯяд, ки "Аслан, бояд пулро ба касоне дод, ки воқеан ниёз доранд ва ба ҷуз талбандагӣ дигар роҳи дарёфти рӯзӣ надоранд. Ман ба ҷӯгиҳо пул намедиҳам, зеро ба андешаи ман набояд ононро ба ин кор одат кунонид. Дар ҳадисе омадааст: Садақа ба шахси доро (бениёз) ва касе, ки тавони рӯзӣ ёфтан дорад, раво нест".

Умеда Тошматова - хатмкардаи яке аз донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд дар ин маврид гуфт: "Агар онҳо маро бисёр маҷбур кунанд ҳам, ман садақа надодаам, зеро медонам, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ танқисӣ надоранд.".Дар ин радиф Азиз Иброҳимов, ки худ донишҷӯ аст, мегӯяд: "Ман боре ба лӯлиҳо пул надодаам ва фикри додан ҳам накардаам, чунки онҳо сарватманданд. Тақрибан 4 ё 5 сол пеш яке аз онҳо тӯй карданд ва санъаткоронро баҳри хизмат аз шаҳри Тошканди ҷумҳурии ҳамсоя оварданд, ба маблағи 2 ҳазор доллари амрикоӣ. Барои аз қайди давлатӣ гузаштани арӯсу домодашон мошинҳои қиматбаҳо оварда буданд.

То андозае фикрҳои ҳамсӯҳбатони маро худи ҷӯгиҳо тасдиқ мекунанд. Чун ман бо онҳо ҳамсӯҳбат шудам ва пурсидам,ки дар як рӯз чанд пул кор мекунанд? Дар ҷавоб гуфт, ки ман дар як рӯз тақрибан 25 - 30 сомонӣ кор мекунам, ки ин дар як моҳ ба ҳисоби миёна 800 - 900 сомониро ташкил мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳисоби миёнаи коркунони давлатӣ ва ғайридавлатӣ 400-500 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон тавассути навори тӯйи арӯсу домодиашон мо дида тавонистем, ки як маъракаи пурдабдаба ташкил кардаанду дар шаби базмашон ҳунарманди шинохта Ғолибҷон Юсуфовро ба хидмат даъват кардаанд. Бар иловаи ин ба арӯсу домоди нав тақдим кардани чизу чораҳои қимматбаҳо ва ҷавоҳироту тилловориҳо анъана аст.

Пас минбаъд чӣ бояд кард? Ҳамсӯҳбати ман Қобилҷон Дадобоев афзуд: "Аслан, зуҳури ин гуна ашхос дар ҷомеа як падидаи табиӣ аст. Дар ҷомеаҳои пешрафта низ ин гуна ашхос ҳастанд. Ба тамом аз байн бурдани ин ҳолат, ба гумонам, ношуданист, зеро ин талбандагиву гадоӣ ҳамеша буду ҳаст. Бигузор, шаҳрвандони қаторӣ пул надиҳанд, ин ҳам яке аз роҳҳои ҳал мебошад. Зеро дилсӯзиву тараҳҳум сафи ононро афзоиш медиҳад". Умеда Тошматова бошад мегӯяд: "Онҳоро маҷбур кардан лозим аст, ки ба дигар кор гузаранд ва дар мавриди маҷбуран пул талбиданашон аз ҷониби сохторҳои низомӣ зери назорат гирифта шавад".

Аз рӯи маводи Парвинаи Маҳмуд дар рӯзномаи "Фараж" маълум шуд, ки дар масъалаи бо таҳсил фаро гирифтан низ муаммо будааст. Ҷӯгиён хоҳиши таълим гирифтанро надоштаанд, пас аз куҷо онон аз маърифату маданият огоҳ шаванд? Агар соҳибмаърифат мешуданд, шояд ба сӯи гадоӣ рафтанро барои худ ор медонистанд.

ШАҲРИЁР
сокини шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh