Радиои маҳаллӣ

Оё он шўҳрати қаблиашро ба даст меорад?
Ҳанўз аз замони ихтирои радио он ба сифати яке аз расонаҳои муҳими иттилоотиву тарғиботӣ ба шумор меравад. Новобаста аз он ки суръати пешрафти илму техника ва ба миён омадани воситаҳои зиёди алоқаву иртибот ва хабарӣ, радио дар миёни воситаҳои ахбори омма пешоҳанг аст. Воқеият нишон медиҳад, ки бо вуҷуди зуҳури чандин расонаву сомонаҳои хабарии нав тавассути интернет, ки то ҷое ба коҳиши нуфузи воситаҳои ахбори оммаи чопиву электронӣ таъсир гузоштааст, дар умум ҷойгоҳи радио ҳамоно устувору пойбарҷост.

 

Аммо дар ин миён суоле матраҳ аст, ки оё шӯҳрати қаблии радио ва маъруфияти он дар ҷомеа ҳифз шудааст ё на? Манзури мо, пеш аз ҳама, дар он аст, ки дар гузашта ҳар нафари идорашину хонашин ва ё каси дигар тавассути радиоҳои, ба истилоҳ маҳаллӣ бо ҷаҳони иттилоъ робитаи мустақим дошт, аз хабарҳои навин, набзи ҷомеа ва барномаҳои мусиқию фароғатии он баҳра мегирифт. Албатта, ҳар чизи кӯҳна ногузир мавқеи худро ба чизи нав медиҳад. Вале оё гуфтан мумкин аст, ки компутеру интернет ва ё дигар воситаҳои алоқа метавонанд ҷойгузини радио бошанд? Ба андешаи мо, дар ҳоли ҳозир ҳеч ягон восита наметавонад, радиоро иваз намояд ё ниёзи мардумро дар ин замина бароварда бошад.

Рўзе аснои сўҳбат дар ҷамъомаде шоҳиди гуфтугўи 2-3 нафар шахси рўзгордида шудам, ки дар бобати расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла радио (манзур радиои абонентӣ буд) баҳс мекарданд. Яке аз онҳо, ки нисбат ба дигарон калонсолтар менамуд, изҳор кард, ки солҳои пеш чунин радиоҳо ҳар субҳ ҳамагонро бо садои мусиқии форам истиқбол менамуданд ва тамоми рўз бо навидҳои мухталифу гуногунсоҳаи ҷумҳурӣ, кишварҳои ҳамсоя гузориш дода, барномаҳои ҷолибро пахш мекарданд. Алҳол аз чӣ бошад, ки ба якборагӣ он аз байн рафтаасту сабаби қатъи он то ҳол ба мо ноаён аст.

Ин сўҳбат асос шуд, ки барои возеҳу равшан намудани масъалаи мавриди назар машғул шавам. Барои таҳлилу баррасии ин масъала ба ноҳияи Спитамен омадем. Корҳои бунёдгаронаву ободонии маркази ноҳия вусъат доранд. Иншооти фарҳангиву истироҳатии хиёбони марказии шаҳр ба чашми бинанда мўҳташаму назаррабо буд.

Ба муовини раиси ноҳия Гулнора Ҷаҳонгирова масъаларо ба миён гузоштем. Вале ишон изҳор дошт, ки ба ин вазифа нав таъин шудаасту аз вазъи соҳа огоҳии комил надорад. Дигар аз намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия касе ҳозир нашуд, ки ба суоли мо дар ин маврид посух гўяд. Бо даъвати сармутахассиси бахши рушди муносибатҳои байналхалқӣ ва робита бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ Пирмуҳаммад Пиров намояндаи ҶСК "Тоҷиктелеком"-и ноҳияи Спитамен маро ҳамроҳӣ кард ва ҷойҳоеро, ки баландгўякҳо насб шудаанд, аз назар гузарондем.

Бино ба гуфти сармуҳандиси ҶСК "Тоҷиктелеком", минтақаи №9-уми қитъаи техникии ноҳияи Спитамен Ҳамроқул Абдуғаффоров дар марказ бо дастгирии МИҲД-и ноҳия 4 баландгўяк, аз ҷумла дар боғи маданиву истироҳатӣ, пештоқи бинои театр, бозори марказӣ, мавзеи "Дўстӣ" ва деҳаи Куркат гузошта шудааст, вале бинобар аз идораи барқ қарзи калон доштанаш ягонтои он кор намекунад.

Дар мавриди радиоҳои абонентӣ мавсуф арз дошт, ки дарвоқеъ дар ҳудуди ноҳия соли 1996-ум ҳамагӣ 2224 адад нуқта мавҷуд буд, лекин бо сабаби интиқоли номароми барқ ноқилҳои радиоҳо фарсудаву корношоям шуданд ва қисме аз онро ашхоси номаълум бо симчўбҳо ба яғмо бурданд, яъне кор намекунад. Аз шумораи умумӣ 96 ададаш дар корхонаву муассисот гўё кор мекунанду танҳо онҳо маблағи хизмати радиоро пардохт менамоянд. Радио то он рӯзе фаъолият дошт, ҳафтае ду маротиба, яъне рўзҳои сешанбе ва панҷшанбе гуфтор-ҳои он аз соати 8:00 то 17:00 пахш мешуданд. Таҷҳизоти техникии радиостансия низ солҳои 1970 насб шудааст. Дохили биное, ки стансия кор мекунад, солҳои тўлонӣ рўи таъмирро надидааст.

Бо вуҷуди кўшиши роҳбарияти ноҳия, баъзе кормандону масъулини ташкилот дар фаъолияташон хунукназарӣ зоҳир менамоянд, гӯё муаммоҳои ҷойдоштаро нодида мегиранд. Зимни сафар бо баъзе сокинони ноҳия ҳамсўҳбат шудем, то ки афкори ононро оид ба то кадом андоза зарурат доштани фаъолияти радиои маҳаллӣ дар маҳалҳо бифаҳмем.

Гулсара Раҳимова, сокини ноҳия; -Дар ҳоле ки техникаи ҳозиразамон рўз аз рўз тараққӣ карда, дастовардҳои кунунии имрўзаи техникӣ имко- ниятҳои зиёдеро дорост, ба фикрам, эҳёи нуқтаҳои радиоҳои абонентӣ зарурат надораду фақат харҷи баризофист. Чунки худи телефонҳои мобилӣ ғайр аз оне, ки барои муошират хизмат мекунанд, инчунин ҳам радио дораду ҳам телевизион, гузашта аз он интернет дорад, ки тамоми иттилоъи ҷаҳон дар он маҳфуз аст.

Мизробҷон Валиҷонов, нафақахўр; -Ба фикри ман, он радиоҳо бояд, ки аз нав ба кор дароянд, чунки на ҳар кас метавонад ба худ чунин техникаҳои пешрафтаро, аз қабили телефон ба даст орад, инчунин ашхоси куҳансол тарзи истифодаи онро намедонанд. Шахсан тарзи чидани рақамҳои телефонро низ то ҳол дуруст наомўхтаам. Дар мавриди баландгўякҳо гуфтаниам, ки ба ҷойи он агар ҳамон радиоҳои пешинаро барқарор менамуданд, беҳтар мешуд, чун ман ба бемории сактаи дил гирифторам, овози гўшхароши он ба саломатиам таъсири манфӣ мерасонад.

Ботур Эргашев - омўзгори собиқадор, Аълочии маорифи ҷумҳурӣ, нафақахӯр; - Гумон мекунам, эҳёи радиоҳои маҳаллӣ танҳо ба манфиати кор аст. Чун маълум аст, на ҳама, махсусан дар деҳот калонсолону занҳо шароити ба кўча баромадан надоранд ё бо сабаби маҳдудияти барқ телевизор тамошо карда наметавонанд. Ин ҳама доираи дастрасӣ ба иттилоъро маҳдуд месозад. Бинобар ин хуб мебуд, масъулин то сари кўча ақаллан ноқилҳои радиоро насб карда, пас худи аҳолӣ ба масофаи муайян сим гузаронад, ба манзилашон радио гузарад. Солҳои пеш тавассути чунин радиоҳо барномаҳои хуби тарбиявӣ, навигониҳои кишоварзиву фарҳангӣ шунавонда мешуданд, Онҳо танҳо таъсири мусбат доштанд. На ҳар кас он воситаҳои техникии муосирро истифода бурда метавонад.

Бӯалӣ Калонов - сокини деҳаи Андарсой:- Бо вуҷуди пешравии техникаву технологияи замони муосир хуб мебуд, радиоҳои маҳаллӣ (абонентӣ) ба фаъолият оғоз намоянд, ки ин аҳамияти назаррас ҳам дорад. Ҳамчунин аҳолии деҳа, алалхусус калонсолону занон навигариҳои ҷумҳуриву оламро аз радио мешунаванд. Бартарии радио дар он аст, ки онро метавон дар ҳар гуна вазъият - ҳам ҳангоми кор, вақти тановули хўрок ва соатҳои дамгирӣ гўш кардан мумкин аст, он барқи зиёдро талаб намекунад ва маблағи ҳармоҳа низ, гумон мекунам, гарон нест.

Воқеан, агар дар мисоли чанд ҳамсӯҳбатон афкори умумро пайдо карданӣ бошем, маълум мешавад, ки новобаста аз навгониҳои техникии замони муосир радио, бахусус, радиоҳои абонентӣ барои мардум зарур аст. Зеро бо он хусусият-ҳои манфиатбахш ҳеч як расонаи дигар, интернету телефони мобилӣ наметавонад ҷойи онро бигирад. Ҳар воситаи иттилоотӣ рисолати ба худ хосе дорад. Радио дар расонидани иттилоъ пешсаф буда, илова бар ин дар тарбияи ахлоқу маърифат ва баланд бардоштани сатҳи дониши шунавандагон нақши муассир дорад.

Маъмурахон САМАДОВА,
хабарнигори махсуси "Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh