Cагҳои дайду зиёд шудаанд...

Чӣ бояд кард?
Аввалин ҳайвоне, ки ба одам ром шудааст, саг мебошад. Ин ҳайвони безабон посбони беминнати хонаву дар ва молу ашёи одамон буда, дар бисёр ҳолатҳо дӯсти вафодори инсон аст ва дар самти кофтукови ҷинояткорон, боздошти онҳо, пешгирии амалҳои номатлуб низ хизмати шоистаро ба ҷо меорад.

Мутаассифона, бепарвову бенигоҳубин гузоштани саг метавонад боиси гирифтории вай ба девонагӣ гардад ва бо ҳамин сабабгори ҳалокати одамон низ шавад. Ва ин ҳодиса рабт дорад ба бемории ҳорӣ, ки дар натиҷаи газидани саги девона ба амал меояд. Агар шахси зарардида сари вақт ба духтур муроҷиат карда, ба зудӣ аз паи дорую дармон нашавад, маргаш ногузир аст.

Солҳои охир дар диёри мо шумори сагҳои бесоҳибу дайду хеле зиёд шудааст, ки дар фаслҳои тирамоҳу зимистон тӯда-тӯда шуда мегарданд. Агар яке аз сабаб-ҳои он аз ватанамон кӯч бастани русҳову русзабонҳо бошад, сабаби дигараш бепарвоии худи аҳолӣ, соҳибони сагҳо ва масъулин мебошад. Дар байни ҳайвонҳои бесоҳибу беназорат бемору девонаашон ҳам кам нестанд, ки ҳар лаҳза хатар эҷод карда метавонанд.

Дар замони шӯравӣ гурӯҳи махсусе амал мекард, ки ба доштану нобуд кардани чунин сагҳо машғул буд. Ҳамзамон дастрасӣ ба ваксинаҳои зидди бемории ҳорӣ чандон душворӣ надошт. Шахси саги девонагазидаро бистарӣ намуда, аз пайи табобаташ мешуданд. Саги девонаро бошад, ҳатман дошта, нобуд мекарданд. Аммо ҳоло гапу кор дигар аст.

Чанде пеш дар яке аз ҷамоати деҳоти ноҳияи Бобоҷон Fафуров саги девона пайдо шуда, дар як шаб ба чанд нафар ҳамла намуда, аз ҷумла О.Ҳасанбой ва ҳамсояаш С.Н. (шартан)зарари ҷиддӣ расонд. Волидони ҷабрдидагон сари вақт огоҳ шуда, ба духтур муроҷиат намуданд. Лекин маълум шуд, ки дар муассисаҳои тиббӣ ваксинаи зидди бемории ҳорӣ бо тухми анқо ё дарёфт шавад ҳам арзиши қиммат дорад. Хулоса, наздикони О.Ҳасанбой, ки шароити молиявии хубтар доштанд, тавонистанд ӯро сари вақт бо дорую дармон таъмин кунанду аз марг наҷот диҳанд. Афсӯс, ки волидони С.Н., бинобар камбизоат будан, ин корро дар вақташ анҷом дода натавонистанд ва умри ҷавони номурод дар фасли гулшукуфӣ хазон шуд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ даҳҳо муассисаи нави ташхисию табобатӣ, солимгардонию истироҳатӣ бунёд шуданд. Сари ҳар қадам дорухонае ба чашм мерасад. Пас, чаро то ҳол масъалаи таъминот бо ваксинаи зидди бемории ҳорӣ муаммои дандоншикан аст? Дар мавриди зарурӣ ба доди камбизоатону бекасон кӣ бояд расад?

Воқеан ҳам, чунин ҳолат касро ба андеша водор менамояд. Барои равшанӣ андохтан ба асли масъала андешаҳои муовини сардори Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии вилоят Насибҷон Икромов пурсон шудем, ки ҷавобаш чунин буд:

-Тибқи маълумотнома оид ба таҳлили осебдидагон аз ҳайвонҳо ва эмгузаронӣ бар зидди бемории ҳорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давоми соли 2012 ҳамагӣ осебдидагон аз саг 5765 нафар буда, 4766 адади сагҳо маълум ва 999 адад онон номаълум буд. Шумораи бештари осебдидагон дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров, Ҷаббор Расулов, Fончӣ, Спитамен ва Исфара ба қайд гирифта шудааст. Аз шумораи умумӣ ба 6567 нафар осебдидагон эмгузаронӣ таъин гардид, 1430 нафар бистарӣ карда шудаанд.

Ҳамчунин, аз маълумоти МНДСЭ-и вилоят бармеояд, ки баъзеи осебдидагон аз ҷумла 7 нафар эм нагирифтаанд, ки сабабҳои асосӣ, ба ёрии тиббӣ муроҷиат накардан ва 26 нафар қатъиян аз эмкунӣ даст кашидаанд. Суоле ба миён меояд, ки дасткашӣ аз эмкунии ин осебдидагон ин аз ноогоҳист ё боз ҳам ҷониби моддии масъала, яъне дасткӯтоҳист?

Бо вуҷуди ба итмом расида истодани фасли сармову наздик шудани баҳор имрӯз ҳам дар кӯчаҳову маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳо бо сагҳои бесоҳибу дайду зиёд дучор омадан мумкин аст. Масалан, дар шаҳри Хуҷанд, ки корбарӣ аз ҷониби масъулин дар ин самт ҷоннок аст, бо вуҷуди ин ҳам ҳолатҳои тӯда шуда гаштани сагҳои дайду аз ҷумла, дар маҳаллаҳои, 31, 32, 34, гирду атрофии беморхонаи вилоятӣ бештар ба назар мерасанд. Бетарафӣ зоҳир намудан дар ин масъала ба оқибатҳои нохуш меорад ва кӣ кафолат медиҳад, ки онҳо бемории сироятӣ надоранду ба касе осеб намерасонанд.

--Тавре маълум аст, барангезандаи бисёр намуди бемориҳо паразитҳоянд. Аз ҷумла, эхинокок низ метавонад аз нафаси ҳайвонот, масалан саг ё гурба тавассути ҳаво ба ҷисми инсон дохил гардида, сабаби пайдоиши беморӣ дар ҷигар гардад. Ҳарчанд ба вафодории саг боварии калон аст, саломатии худро ба хатар нагузоред. Аз сагҳои дайдуву девона эҳтиёт бошем. Дар сурати мушоҳида намудани онҳо ҳатман ба мақомоти дахлдор хабар диҳем,- мегӯяд духтури оилавӣ Хуршедахон Самадова.

Маъмурахон САМАДОВА

Add comment


Security code
Refresh