"Равзанаи ягона" чӣ нафъ овард?

Замоне буд, ки шаҳрвандон арзу доди хешро ба намояндагони мақомоти болоӣ, зерсохторҳои он, мақомотҳои маҳаллӣ гуфта намета-вонистанд, ҳатто, баъзан ба ин даргоҳҳо наздик шудан ғайриимкон буд. Бо дастуру супориши Президенти мамламакат Эмомалӣ Раҳмон ин қолаб шикаста гардид ва дарозои се соли охир Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар 18 шаҳру навоҳии вилоят бо аҳолӣ вохӯрӣ ва мулоқот доир намуда истодааст.

Сарварони воломақом бо ин васила аз вазъияти маҳалҳо ва муаммоҳои онҳо огоҳ гардида, то қадри имкон онро ҳал намуданд, ки чунин тарзи корбарӣ натиҷаи муфид ва самарабахш дод. Тавре аз маълумотҳо бармеояд, тайи ин солҳо баҳри ҳалли муаммоҳои аз ҷониби шаҳрвандон баррасигардида аз тамоми сарчашмаҳо беш аз 92 миллион сомонӣ масраф гардидааст. Соли 2012 Раиси вилоят ҳангоми қабул дар шаҳру навоҳӣ беш аз 2700 нафар ва дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят арзу дархости беш аз 1200 нафар шаҳрвандро шунида, дар ҳалли муаммоҳои онҳо масъулинро вазифадор намуд.

Бо супоришу ҳидояти Раиси вилоят дар ҳамаи минтақаҳои аҳолинишин аз ҷониби раисони шаҳру навоҳӣ рӯзи қабули шаҳрвандон ҷараён дорад. Соли 2012 дар ноҳияи Fончӣ усули пештараи корро тағйир доданд. Қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Fончӣ чанд муддат инҷониб аз рӯи принсипи "Равзанаи ягонаи хизматрасонию иттилоотӣ" идома дорад. Он чӣ хел хизматрасонист ва чӣ манфиат меорад? Фарқияти он аз қабули шаҳрвандон, ки алҳол ҷорист, дар чӣ аён мегардад? Оё шаҳрвандон аз чунин иқдом қаноатманд ҳастанд?

Тибқи муқаррарот мӯҳлати ҳалли муроҷиати шаҳрвандон як моҳ аст. Баъди ба амал ҷорӣ шудани усули "Равзанаи ягона" чӣ манфиат ба даст омад? Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо тарзи нави корбарӣ ба ноҳияи Fончӣ омадем. Дар даромадгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чунин навиштаҷот сабт гардидааст: "Равзанаи ягонаи хизматрасонӣ ва иттилоот" бо дастгирии Ҳукумати Норвегия".

Аз Раиси ноҳия Зуфар Исмоилов боиси сабти чунин навиштаҷотро пурсон шудем. Вай оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар қаламрави вилояти Суғд дар доираи лоиҳаи Созмони Милали Муттаҳид - Занон аз рӯи барномаи "Гендер ва идоракунии демократӣ дар рушд - пешниҳоди хадамоти бунёдӣ ба занон дар Тоҷикистон", сафари кории намояндагони сохторҳои давлатии вилоят ва ноҳияи Fончӣ, ки дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хизмат мерасонанд, омӯхтани таҷрибаи давлати Молдава оид ба "Равзанаи ягонаи хадамот ва иттилоот", ҳамчунин амалӣ гардондани он дар ноҳияи Fончӣ маълумот дод.

Воқеан, тибқи лоиҳаи баррасишуда амри раиси ноҳия аз 20.01.2012 таҳти рақами 3-а "Равзанаи ягонаи хизматрасонӣ ва иттилоотӣ" ва қарор аз санаи 19.04.2012, таҳти рақами 190 "Дар бораи тадбирҳои тақвияти фаъолияти "Равзанаи ягонаи хизматрасонӣ ва иттилоот дар ноҳия"дар Ҷамоати шаҳраки Fончӣ, ҷамоатҳои деҳоти Fазантарак, Яхтанг ва Муҷум бо усули "Равзанаи ягонаи хизматрасонию иттилоотӣ" қабули шаҳрвандон сурат гирифта буд ва он натиҷаи хуб дод.

Шашуми июли соли 2012-ум таҳти рақами 111 Амри Раиси вилоят "Дар бораи тадбирҳои аз рӯи принсипи "Равзанаи ягона" қабул намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон" ба тасвиб расид. Дар бобати тарзи корбарии он, бо мақсади тарғибу ташвиқот, моҳияти он ва талқини ба масъулини дигар шаҳру навоҳӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят Раъно Бобоҷонова, масъулини барномаи тарҳрезишудаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо иштироки намояндагони 17 шаҳру навоҳии вилоят дар ноҳияи Fончӣ ва шаҳри Хуҷанд борҳо семинар ва маҳфилҳо доир намуданд ва масъалаи зикршуда ба пуррагӣ дар ноҳияи мазкур ҳалли худро дарёфт.

Инак, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Fончӣ бо чунин усул шаҳрвандонро қабул мекунанд. Он магар бо манфиат сурат мегирад? Вазифаи асосии «Равзанаи ягонаи хизматрасонию иттилоотӣ» аз чӣ иборат аст? Он ба ҷамъият чӣ манфиат меорад? Умуман, моҳияти хизматрасонии давлатӣ ба аҳолӣ бо усули «Равзанаи ягонаи хизматрасонию иттилоотӣ» дар чист? Ҳангоми сӯҳбат бо Раиси ноҳия ва масъулини дигар мо кӯшидем, ба суолҳои зикршуда посух гирифта бошем.

Ҷадвали қабули шаҳрвандон бо усули "Равзанаи ягонаи хизматрасонию иттилоотӣ" бо тартиби муайяни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот амалӣ шуда истодааст. Бо мақсади дарки ҳамин масъала ба рафти корбарӣ бо усули "Равзанаи ягонаи хизматрасонию иттилоотӣ" чун мушоҳидачӣ назорат бурдем.

Дар утоқи алоҳидае роҳбарони воҳидҳои сохтории ноҳия иборат аз 11 нафар, аз ҷумла шӯъбаҳои нигаҳдории тандурустӣ ва маориф, Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, раёсати кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳофизат, бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия ва дар утоқи дигар раиси ноҳия Зуфар Исмоилов бо муовинаш Зебуннисо Азимова ва мудири шӯъбаи умумӣ Лутфӣ Солиева омодаи қабул буданд.

Аз саҳни ҳавлии мақомоти маҳаллӣ, ки шаҳрвандони зиёде гирд омадаанд, аён гардид, ки дар бобати қабули шаҳрвандон тариқи "Равзанаи ягонаи хизматрасонию иттилоотӣ" ҳамагон огоҳанд. Аз Неъмат Ҳамдамов - сокини деҳаи Шоҳон, Ҷамоати деҳоти ба номи Исмоили Сомонӣ дар бобати моҳияти қабул тариқи "Равзанаи ягонаи хизматрасонию иттилоотӣ" пурсон шудем. Мавсуф посухамон дод, ки ман бо боварии комил ба мақомоти иҷроия, ки зодгоҳам 25 километр аз маркази ноҳия дур аст, омадам. Чунин тарзи қабул хеле хуб аст, зеро барои омодасозии як ҳуҷҷат қаблан моро лозим меомад, ки ба қавле, дари чанд идораро "охурча" созем. Албатта, масъалаи шаҳрвандон ҳеҷ вақт бо намояндаи як сохтор ё муасисаю идора ҳал намегардад. Ҳоло бошад, хеле қулай шуд, зеро дар як ҷо ҷамъ шудани ҳамаи роҳбарони воҳидҳои сохтории ноҳия моро имкон медиҳад, ки мушкилоти хешро сари вақт ҳал намоем. Бо истифода аз фурсат оид ба масъалаи Н.Ҳомидов пурсон шудем. Ӯ собиқ омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии рақами 31-уми деҳааш буда, аз сабаби бемории падари 100-солааш муддате дар дабистон фаъолият намебарад. Алҳол барои беҳсозии вазъи иқтисодии оилааш аз ҳисоби заминҳои лалмӣ 10 сотих заминро барои киштукор ба иҷора гирифтанист. Азбаски соли пешин муроҷиаташ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Исмоили Сомонӣ ҳалли худро наёфт, акнун ба намояндагони ташкилотҳои болоӣ муроҷиат кардааст. Тибқи муроҷиати шаҳрванд масъулин ба раиси ҷамоати деҳоти номбурда занг зада, аз рӯи имконот ҳал намудани масъаларо супориш дод.

Воқеан, шаҳрвандон дар бобати баъзе масъалаҳои хеш, ки ба намояндагони ташкилоту идораҳои мухталиф муроҷиат намуда, аз он қаноатманд нагардида буданд, ба Раиси ноҳия рӯ оварданд. Аз ҷумла, Одина Соҳибов ва Қобил Кенҷаев аз Ҷамоати деҳоти Далёни Боло, Анварой Сабурова аз шаҳраки Fончӣ, Ҳаитбой Наимов аз Ҷамоати деҳоти Fазантарак ва дигарон бо масъалаҳои хеш ба Раиси ноҳия муроҷиат намуданд. Раиси ноҳия бо мақсади ҳалли саривақтии муроҷиати шаҳрванд дар ҳузури ӯ роҳбари воҳидҳои сохтори дахл-дорро даъват менамуд ва ё ба раиси ҷамоати деҳоти дахлдор тавассути телефон дар робита мешуд.

Тавре муовини раиси ноҳия Зебуннисо Азимова арз дошт, "Равзанаи ягонаи хизматрасонию иттилоотӣ" аз санаи 17 марти соли 2012 оғоз гардида, алҳол мувофиқи матлаб фаъолият дорад. Аз оғози фаъолияти "Равзанаи ягонаи хизматрасонию иттилоотӣ" 291 нафар шаҳрванд бо масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, тақсимоти саҳми замин, гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ва ивази ному насаб, ба гурӯҳи маъюбӣ баромадан, ёрии моддӣ, бо кор таъмин намудан ва дигар масъалаҳои ҷамъиятию шахсӣ муроҷиат карданд. Аз шумораи умумии муроҷиаткардагон 131 нафар занон мебошанд. Алъон аз 291 муроҷиат 235 адади он ҳал гардида, 18 адади он бино бар ба қонунҳои амалкунанда ҷавобгӯ набудан рад карда, боқимонда зери назорат ва мавриди баррасӣ қарор дорад.

Аз сабаби он ки соли 2012 тариқи "Равзанаи ягонаи хизматрасонию итти-лоотӣ" дар ноҳияи Fончӣ қабули шаҳрвандон идома ёфт, аҳолии ин ноҳия аз чунин тарзи корбарӣ огоҳ буданд, бинобар ин то санаи 16-уми феврали соли ҷорӣ бо масъалаҳои саҳми замин, гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ва ивази ному насаб, ба гурӯҳи маъюбӣ баромадан, ёрии моддӣ ва дигар муаммоҳои ҷамъиятиву шахсӣ 25 нафар муроҷиат карданд, ки аз ин 17 адади он қаноатманд гардонда, ҳашт адад зери назорат ва мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Рӯзи 16-уми феврал бошад, 11 нафар бо мушкилоти хеш ба намояндагони сохторҳои марбута ва Раиси ноҳия муроҷиат карда, аксарият аз ҳалли масъала қаноатманд гардиданд. Қабули шаҳрвандон бо усули "Равзанаи ягонаи хизматрасонию иттилоотӣ" бо иштироки раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти маҳаллӣ имкон медиҳад, аксари муроҷиатҳо ба салоҳияти роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти маҳаллӣ ва ё сарварони ҷамоатҳои деҳот сари вақт баррасӣ гардида, мувофиқи имконот дар мӯҳлати муқаррарӣ ҳалли худро меёбад ва ё зери назорат қарор хоҳад гирифт. Боиси хурсандист, ки чунин иқдом дар дигар шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров низ дастгирӣ меёбад.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
хабарнигорони махсуси «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh