"Ба "Танзим" бигўед, як бор биёяд…"

Савори мусофирбари хатсайри Чкалов-Хуҷанд ба маркази вилоят меомадам. Аз истгоҳи бозори "Атуш"-у "Сомон" зану шавҳари чиҳил-чиҳилупанҷсола савор шуданд. Онҳо се-чаҳор бастаи матоъҳо, боз дар халтаҳои полиэтиленӣ матоъҳои бисёрро харид кардаанд. Иттифоқ афтоду паҳлӯи ҳам нишастем. Ва мард аз он, ки ба ҳамин қадар роҳи дур баҳри харид омадааст, изҳори норизогӣ карда, лаб ба сухан кушод.

Чунонки аён шуд, онҳо ба қарибӣ тӯй - маросими хонадоркунии писари калониашонро доштаанд. Аз ноҳияи Шаҳристон ба бозори чаканафурӯшии шаҳри Қайроққум омадаанд. Панҷсад метр либосворӣ, ки ҳар метраш 5 ва 6 сомонӣ аст, харидаанд.

- Арзиши куртаҳои мардона ба мӯлҷарамон рост наомад. Қимат будааст. Барои ҳамин акнун бояд ба бозори шаҳри Истаравшан таваққуф карда, аз он ҷо дусад дона куртаи, арзонаш, даҳ сомонӣ бояд харем, гуфт.

-Чӣ зарурият дорад харидани ин қадар либосворӣ, ки, росташро гӯям, онро на ҳар кӣ дӯзонда мепӯшад?-пурсидам.

-Урфу одати мо ҳамин, ба тӯйхона касе муборакбодӣ ояд, албатта, як либосворӣ матоъ додан зарур. Боз ба мардҳо ҳам курта инъом мекунем, - гуфт вай. Тавре аз сӯҳбатамон аён гашт, онҳо зану шавҳар корманди муассисаҳои бонуфуз будаанд. Ман, ки дар маҳаллаамон бо ҳамин масъала сарукор дорам, гуфтам:

-Охир Қонун дар бораи танзим амал мекунад. Худи шумо сар карда, танзимро ҷорӣ кунед, оё хуб нест? Ҳеч кас наметавонад чизе гӯяд. Баръакс, минбаъд мардум ба шумо пайравӣ мекунад.

-Охир ман ҳам аз дигарон гирифтаам. Барои ҳамин бояд ҷавоби онро бозгардонам, - гуфт норозиёна мард.

-Аҷоиб,-гуфтам ба ҳайрат монда. -Оё бахши танзими ҷашну маърака ва маросимҳо дар ноҳия ва ё ҷамоатҳо амал намекунад, ки мардумро аз чунин корҳо боздорад. Барои ихчам кардани тӯю маъракаҳо мусоидат кунад. Фаъолият дорад, вале ҳама масъулон, агар соҳиби маърака ба нақлиёташон сӯзишворӣ гирифта диҳанд ва ё як зиёфати дакаданг кунанд, чашм мепӯшанд. Гӯё ҳамааш хуб асту ягон қонуншиканӣ нест.

Ана, ҳамин тавр боз ҷашну маъракаҳо монанди пештара давом дорад. -Дар маҳаллаҳои шумо дар оши наҳор чанд кило биринҷ дам мекунанд? - гӯё дар омади гап пурсид ҳамсӯҳбатам.

-Бисёраш бисту панҷ-сӣ кило, - гуфтам.
-Дар деҳаҳои мо то сад кило биринҷ захира кардан лозим. Боз гӯшти ду сар моли калон сарф мешавад. Тавре ҳамсӯҳбатон ифода карданд, фарзандон ба воя расидаанду онҳоро хонондан, хонадор кардан лозим.

-Як мо не, мардум аксаран аз чунин маъракаҳо норозӣ, вале мебояд, ки мутасаддиён ба амали Қонун истодагарӣ карда, риояи онро аз соҳибмаъракаҳо қатъӣ талаб кунанд, баъд қонуни танзим шояд амалӣ шавад, - гуфт мард.

Боз пурсон шудам, ки оё аз бахши вилоятӣ намояндагон омада, аз рафти тӯю маъракаҳо санҷиш мегузаронанд?
-Албатта. Вақте ки мутасаддиён аз вилоят омада, назорат мебаранд, дар ҳама маҳалҳои ноҳия маъракаҳо ду-се ҳафта мувофиқи Қонуни танзим хуб, ихчаму ботартиб сурат мегирад. Он тӯйдорон баландиқболанд. Охир, кормандони шӯъбаи дахлдори МИҲД-и вилоят ҳам доимӣ омада намешинанд-ку! Гап дар сари кормандони бахши ноҳиявӣ, ҷамоатҳост. Агар онҳо ба баргузори маъракаҳо масъулиятшиносона, бо эҳсоси он, ки дар ҳақиқат ҳам имрӯз барои мардуми маҳаллашон вазнин аст, муносибат кунанд, харҷи баризофаро қатъиян манъ кунанд, хеле ба шароити иқтисодиву иҷтимоии сокинон мадад хоҳад шуд.

Мо аз амали қонуни танзим дар маҳаллаҳои маркази вилоят огоҳем, ки чӣ гуна ба рӯзгори мардум мадад шуд. Сарфаи маблағ ба маъракаҳо ду-се маротиба кам гардид. Мардум кунун метавонанд ба маблағи сарфакардаашон фарзандонро бо хоҳиши онҳо хононанд дастурхонашон, рӯзгорашонро обод кунанд.

Ба зану шавҳари шаҳристонӣ, ки бо нияти тӯй сарсониву саргардонӣ доштанд, дилам сӯхта, ба рӯзнома навиштам, то мутасаддиёни соҳаи танзими ноҳия огоҳ бошанд.

Ибодат НАЗАРОВА, сокини шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh