Ғарами партов чӣ хел пайдо шуд?

Чун аз кӯчаҳои калони шаҳр мегузаред, назаратон ба ғарами партовҳо меафтаду табъатон хира мешавад. Онҳо воқеан ҳам ҳусни шаҳрро мекоҳонанд. Аввалин фикре, ки ба саратон меояд, кормандони муассисаи партовкашонии шаҳрро айбдор мекунед, ки дуруст кор намекунанд. Аммо чуқуртар андеша кунед, дар ин гуна ҳолат на ҳамеша онҳо айбдоранд. Ҳатто, гуфтан мумкин, ба бештарини ҳолат худи сокинон гунаҳкоранд, ки бо амалҳои носавоб ҳусни шаҳрро мекоҳонанд. Ва барои исботи иддао андешаҳоямонро баён месозем.

…Хуб дар хотир дорем, солҳои 70-уми қарни гузашта модаркалонамон ҳамеша таълим медоданд, ки кӯшед, партови ҳавлиро ба берун набароред. Вай касофат аст. Беҳтараш хасрӯбаашро ба оташдон андозеду хокашро ба майдон резед.

Дертар замоне шуд, ки зимнан партовро ҳама ба кӯча мебаровардагӣ шуд. Ин чиз бештар ба сокинони биноҳои баландошёна хос аст ва он ҳам табиист, ки панди модаркалонро дар он биноҳо зиста иҷро кардан ғайриимкон аст. Вале солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст, ки баровардани партовро ба хурдсолон мефармоем. Бача табиист, ки барои ба қуттиҳо рехтани партов қувваташ намерасад ва маҷбур аст, онро дар паҳлӯи қуттӣ резад. Мутаассифона, гоҳо калонсолон ҳам ин кори носавобро иҷро мекунанд. Ҳарчанд қувваашон мерасад, ҳатман қасам хӯрдагӣ барин онро ба қуттӣ неву паҳлӯи он мерезанд.

Борҳо чунин ҳолатро мушоҳида кардаем ва пурсидаем, ки чаро ин тавр мекунед. Аксар хунсардона ҷавоб медиҳанд: <ӣқ>- Партовкашонҳо пулашро мегиранд, худашон бардоранд-дия!

Дар хусуси пардохти маблағ аз ҷониби аҳолӣ ба хизмати партовкашонҳо поёнтар таваққуф хоҳем кард. Алҳол бошад, ин амали онҳоро ба ҷузъ беинсофӣ дигар чизе маънидод кардан мумкин нест.

Солҳои охир беинсофии иддае аз сокинон ба андозае расидааст, ки ҳеч гумон намекунед, ки инсон ба ҳамин андоза адлу инсоф ва тараҳҳум ба меҳнати партвокашонҳоро фаромӯш карда бошад. Масалан, оид ба дар вақти ғайримуқаррарӣ бароварда партофтани партов. Бино ба гуфти роҳбарияти муассисаи партовкашонии шаҳр, ин гуна беинсофиҳо бештар дар дарозои кӯчаҳои ба номи Гагарин, ба номи Камоли Хуҷандӣ, ҳаммоми "Чоршанбе", маҳаллаи "Чӯҷахона" ва дар аксар микроноҳияҳои маркази вилоят ба назар мерасад. Ҳамин ки мошинҳо партовро гирифтанд, даҳ-понздаҳ дақиқа нагузашта кадом ноинсофе партов мерезад.

Чӣ хеле зикр кардем, ба шаҳрванди оддӣ ва ҳам мақомоти давлатии шаҳр одат шудааст, ки амали носавобу беинсофии онҳоро намегӯянду партовкашонҳоро айбдор менамоянд. Дертар роҳбарияти МИҲД-и шаҳри Хуҷанд аз асли воқеа бохабар шуда, бо иштироки раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр ҷаласаи корӣ доир намуд. Супориш шуд, ки ҳар раиси бино ва кумитаи маҳалла бояд нуқтаҳои партоврезиро назорат барад, то ин камбудӣ ислоҳ шавад. Ҳатто, чанд сол муқаддам муассисаи партовкашонӣ нозирони ҷамъиятиро ба киро гирифт. Мутаассифона, норасоиҳо ба ҷои ислоҳ шудан афзуда истодаанд. Гумон мекунед, ба қуттӣ неву паҳлӯи он рехтани партов, соатҳои ғайримуқаррарӣ баровардани партов дар ниҳоди иддае аз сокинони беинсоф гӯё "ба шир даромадаасту ба ҷон мебарояд".

Шукронаи оромиву осудагии кишвар, ки ба сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат кишварамон рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Аксари аҳолӣ рӯ ба зиндагии осудаҳолона доранд. Зимнан сафи сарватмандон ҳам зиёд мешавад ва ин нишонаи хуб аст. Худо давлаташонро зиёда кунад. Онҳо қасру кӯшкҳо меозанд, ҳуҷраҳои бинои баландошёнаро азнавсозӣ мекунанд, қанд зананд. Вале зимни ин ҳама нисбати меҳнати партовкашонҳо беҳурматӣ зоҳир мешавад. Имрӯз партовҳои техникӣ чунон бис-ёранд, ки он ҳама мӯҷиби шикасту рехти техника мегардад. Далели наву тоза. Санаи 4 апрел чун кормандони муассисаи нақлиёти партовкашон хостанд, аз назди бинои 162-юми кӯчаи ба номи Ленин партовро бардоранд, якбора қуттӣ шикастааст. Маълум гардид, ки кадом беинсоф дохили қуттӣ аввал партови техникӣ - пасмондаи масолеҳи бинокориро рехта, болояшро бо партови маишӣ номаълумакак пӯшонидааст…

Баробари афзоиши шумори аҳолӣ талабот ба маводи озуқаворӣ, аз ҷумла гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ зиёд мешавад. Худо хайри қассобу дӯконҳои гӯштфурӯширо диҳад, ки баъди забҳи чорво маҳсулоти нодаркори он - рӯдаву шикамбаро ба партовгоҳ мебароранд. Ин гуна ҳолат хусусан дар нуқтаҳои партовпартоии кӯчаҳои ба номи Гагарин ва "Пахтакор" бештар ба назар мерасад.

Ҳолдонҳо мегӯянд, ки ин амали қассобҳои сокинони ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ҳ.Усмонов ва Ёваи ноҳияи ба номи Б.Ғафуров аст. Ин дар ҳолест, ки оид ба баровардани партов бо сокинони деҳот ё ҷамоат ва муассисаи партвокашонӣ ягон шартномае имзо нашудааст.

"Болои сӯхта намакоб" гуфтагӣ барин қассобҳои беинсоф ҳамон рӯдаву шикамбаро, ҳатто, дар вақти ғайримуқаррарӣ- баъди бардоштани партов мебароранд, ки он дар ҳавои тафсон ҳолати ғайрисантариро ба миён меоварад ва сарчашмаи ангезиши чандин касалиҳои сироятӣ мешавад. Ба андешаи мо, ин ҷо кӯмаку дастгирии кормандони стансияи санитарӣ-эпидемиологӣ низ зарур аст, ки як маротиба таноби чунин беинсофро кашида монанд.

Дар ин радиф гуфтанием, ки роҳбарияти навтаъини муассисаи партвокашонии шаҳр бо дастгирии МИҲД-и шаҳр нисбат ба тозаву озода нигоҳ доштани макони зист, сари вақт бардоштани партовҳо аз нуқтаҳои партоврезӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Бино ба гуфти масъулин, барои мӯътадил баровардани партов аз қаламрави шаҳр бояд 24 адад техника фаъолият кунад. Ба ҷои он 17 адад кор фармуда мешавад, ки аз ин ҳисоб 3 адад мошини боркашони "КамАЗ" ва 1 трактор иҷоравианд. Мутахассисон ҳисоб карданд, ки дар як шабонарӯз дар қаламрави вилоят 400 мукаабметр партов ҷамъ ва бароварда мешавад. Бо дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба қарибӣ 20 адад қуттии нав ба нуқтаҳои зарурӣ гузошта шуд.

Дар ин радиф, бино ба гуфти масъулини шӯъбаи иқтисодии корхона, қарзи аҳолӣ аз хизмати муассисаи партовкашон ба 1 млн. 600 ҳазор сомонӣ расидааст. Қарзи корхонаҳо бошад, 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар шаҳри Хуҷанд наздик 7000 корхонаву ташкилот, ширкатҳо ва нуқтаҳои хӯроки умумию савдо, хизматрасонӣ фаъол ҳастанд. Шартномабандӣ бо онҳо низ ҳолати ногувор дорад. Ҳамагӣ бо 30 фисади онҳо оид ба хизматрасонӣ шартнома баста шудаасту халос. Партвокашонҳои шаҳр ҳамарӯза то 150 тонна партови муассисаҳои номбурдаро, гуфтан мумкин, ройгон мебароранд. Ба фикри мо, дар ин ҳолат мақомоти дахлдоре, ки ин соҳаро роҳбарӣ мекунад, дар баррасии шартнома бо автобаза кӯмак намояд.

Ин аст ҳолати воқеии партовкашонӣ дар шаҳр. Бо ин гуфтаҳо ҳаргиз даъвои ҷонибдории муассисаи тозагии шаҳрро надорем. Ҷое, ки кор ҳаст, камбудӣ низ мешавад. Танҳо моро зарур аст, ба воқеият аз он нуқтаи назар баҳо диҳем.

Ба фикри мо, аз вазъият ягона роҳи халосӣ адлу инсоф ва андеша аст. Яъне, ки то худи мардум ба инсоф наояду фарҳанги ҳавлидориро куллан тағйир надиҳад, ин масъалаи дандоншикан ҳалли худро намеёбад. Бояд оини рӯзгордорӣ ва фарҳанги рӯзгордории ниёгонро эҳё кунем.

А.МИРЗОЕВ,
А.АМИНЗОДА
Дар сурат: ин ғарами партов, ки аз назди Маркази техникии телевизиони вилоят бардошта шуд, партови техникӣ буда, мӯъҷиби шикастурехти техникаҳо мегардад.

Add comment


Security code
Refresh