Лампаи "сўхта"-ро супорем?

Чунон ки маълум аст, соли 2009 барои беҳдошти шароити иҷтимоии мардум ва сарфа намудани нерӯи барқ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия" Фармон ба тасвиб расонд. Аз рӯи маълумоти ҳамонвақтаи ШСХК "Барқи тоҷик", вобаста ба истифодаи лампаҳои каммасраф истифодаи барқ аз ҷониби аҳолӣ дар ҷумҳурӣ ҳар рӯз то 7-7,5 миллион кВ/т соат кам гашта, энергияи сарфашуда дар корҳои истеҳсолӣ самаранок истифода бурда мешавад.

Дар ин хусус ба аҳолӣ масъулини ШСХК "Барқи тоҷик" мужда расонданд, ки як лампаи тафсони 100 - ватта дар даҳ соати фурӯзон будан 1 кВт ё худ 6 дирам кор мекунад, ҳамзамон лампаҳои люминестсентӣ дар 20 соат, лампаҳои каммасрафи рӯшноии диодӣ бошанд, дар 50 соати фурӯзон будан 1 кВт ё худ 6 дирам масраф мекунанд. Инчунин масъулин афзуданд, ки дар ҳолати як ватт хароҷот намудан рӯшноибахшии лампаҳои диодӣ нисбат ба лампаҳои тафсон 8 маротиба ва нисбат ба лампаҳои люминестсентӣ 1,3 баробар зиёданд.

Бино ба гуфти масъулини шӯъбаи саноат ва энергетикаи МИҲД-и вилоят, аз ҷониби ҶСШК "Чароғ"-и шаҳри Исфара танҳо дар давоми соли 2011 ба маблағи 727962 сомонӣ ё ин ки 115194 дона, соли 2012 бошад, ба маблағи 728535 сомонӣ лампаҳои каммасраф истеҳсол карда шуд. ҶДММ Ширкати "Со- мон"-и шаҳри Чкалов бошад, соли 2011 ба маблағи 432400 сомонӣ ё ба миқдори 78950 дона ва соли 2012-ум 92320 дона лампаи каммасраф истеҳсол намуд.

Аз рӯи ин нишондод бармеояд, ки раванди истеҳсоли ин намуди лампаҳо дар вилоят хуб аст. Дуруст, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ гирем, аз лампаҳои иличӣ гузаштан ба лампаҳои каммасраф оид ба сарфаҷӯёна истифодабарии энергия ба корхонаҳою муассисаҳо ва аҳолӣ шояд таъсири мусбати худро расонида бошад. Аз ҷиҳати дигар, паҳлӯҳои манфии масъала низ ҷой доранд. Бино ба гуфти экологҳо, лампаҳои каммасраф дар дохили худ як миқдор симоб дорад ва дар сурати ба партовгоҳи оддӣ партофтан ё шикастан симоб бухор шуда, ба саломатии одамон таҳдид мекунад, зеро ин бухор дорои ангезандаҳои саратон аст.

Миқдори симоб, ки дар ҳолати агрегатӣ дар шакли буғ мавҷуд аст, дар лампаҳои стандартии люминестсентӣ 20-100 мг, дар лампаҳои каммасраф аз 2 то 7 мг-ро ташкил медиҳад.

Аз рӯи таснифоти гигиенӣ, симоб ба гурӯҳи якуми моддаҳои хатарнок дохил мегардад. Ҳадди ҷоизи консентратсияи симоб (ПДК) дар таркиби ҳавои атмосферӣ ва дар ҳавои манзилҳои истиқоматӣ ва биноҳои ҷамъиятӣ 0,0003 мг/м мебошад. Дар биноҳои маҳкам дар натиҷаи шикастани як дона лампаи ҳадди консентратсияи симоб то ба 0,05 мг/м 3 расида метавонад, ки аз ҳадди ҷоиз 160 маротиб зиёдтар аст. Ба ҳавои атмосферӣ ворид гаштани буғи симоб метавонад, сабабгори заҳролудшавии гирду атроф гардад. Ҳамчунин бо гузашти вақт ба иллатнок гаштани системаи асаб, ҷигар,гурдаҳо ва узвҳои ҳозимаи инсон боис мегардад. Тибқи маълумоти Ассотсиатсияи бритониёии дерматологҳо, ба бемориҳои гуногун бештар одамоне дучор мешаванд, ки пӯсташон нисбат ба рӯшноӣ ҳисси баланд доранд.

Бинобар ин ҳам тарафи манфии лампаҳои каммасраф аз ҷониби мутахассисону коршиносон мавриди омӯзиш қарор гирифт ва баъди таҳлилу тадқиқотҳо бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 № 97 "Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонӣ, ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор", "Қоидаҳои ҷамъоварии лампаҳои аз истифода баромадаи симобдор аз аҳолӣ, шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, ташкили нигаҳдорӣ, интиқол ва безараргардонии онҳо" ба тасвиб расид.

Бино ба маълумоти сардори шӯъбаи назорати истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Раҳмон Амонов, ошкор гашт, ки дар раванди амалигардонии ин қарор аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят чораҳои дахлдор қабул гардидаанд, аммо рафти иҷроиши он дуруст ба роҳ монда нашуда, дар корхонаҳо ва ҷамоатҳо оид ба иҷрои ин қарор беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд ё умуман риоя намекунанд.

Чунончӣ, рафти иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Қайроққум, Конибодом ва ноҳияи Спитамен танҳо дар нуқтаҳои алоҳида нисбатан хубтар ба роҳ монда шуда бошад ҳам, дар дигар шаҳру ноҳияҳо, бахусус ҷамоатҳо тамоман кор суст ба рох монда шудааст.

Таҳлили санҷишҳо нишон дод, ки ҷамъоварии лампаҳои симобдори аз истифода баромадаи аз аҳолӣ ба низом дарварда нашуда, макони қабул ва нигоҳдории лампаҳои корношоям ба талаботи боби 4-уми Қоидаҳои тасдиқгардида ҷавобгӯ намебошад. Дар нуқтаҳои қабул баҳисобгирии лампаҳои корношоям мутобиқи боби 5-уми Қоида ташкил нашудааст.

-Айни замон дар вилоят дар бахши безараргардонии лампаҳои симобдори аз истифода баромада ягон технологияи муосир ворид нашудааст ва коргоҳи безараргардонии чунин лампаҳо вуҷуд надорад. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 33 нуқтаи қабули лампаҳои аз истифодабаромада ташкил шудааст. Аз ин лиҳоз, ин намуди лампаҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ, партовгоҳи партовҳои сахтӣ маишӣ ва ё нигаҳдории дарозмуддати онҳо дар анборхонаҳо ба чашм мерасанд. Танҳо дар анборҳои намояндагиҳои "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"-и шаҳру ноҳияҳои вилоят то санаи 1 апрели соли равон 103981 дона фурӯзонакҳои симобдор ғун шудаанд, - изҳор дошт муовини директори намояндагии КВД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ дар вилоят" Баҳриддин Нозимов.

-Мувофиқи нақша, ҳар корхонаи саноатӣ ва давлатӣ ба анбори махсус фурӯзонакҳои каммасрафи аз истифода баромадаро месупоранд. То имрӯз дар анборҳои махсус миқдори зиёди лампаҳои каммасраф ҷамъ шудаанд. Аммо тақдири минбаъдаи ин лампаҳо то ҳол маълум нест. Мувофиқи қоида ва меъёрҳои санитарӣ ҚМС2.1.7.020-09 лампаҳои дар таркибашон симоб дошта, ба гурӯҳи Г-и партовҳо дохил мешаванд, ки бояд ба ҷойи махсус гӯронида шаванд. Корбарӣ дар ин самт оид ба фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ нисбат ба зарари лампаҳои симобдор, ҷамъоварӣ дар ҷойи алоҳидаи муайяншуда суст ба роҳ монда шудааст, -изҳор дошт корманди МНДСЭ-и вилоят Таҳмина Усмонова.

Бо вуҷуди он, масъулин тариқи васоити ахбори омма ба аҳолии вилоят муроҷиат кардаанд, ки лампаҳои каммасрафе, ки месӯзанд ва ё корношоям мешаванд, ба партовгоҳҳо напартоянд, баръакс ба бахшҳои минтақавии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" супоранд. Вале миқдори хеле ками одамон лампаҳоро ба нуқтаҳои махсус меоранд. Масалан, ба гуфти масъули шӯъбаи истеҳсоли Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри др Хуҷанд Исмоилҷон Зоҳидов дар шаҳр 18 кумитаҳои маҳалла нуқтаи қабул ташкил шуда, тайи ду соли ахир ҳамагӣ 4901 дона лампаи симобдори корношоям аз ҷониби аҳолӣ супурда шудааст.

Бобати ин масъала, яъне оё аҳолӣ аз мавҷуд будани нуқтаҳои қабули лампаҳои каммасрафи корношоям огоҳ аст, бо баъзе сокинони шаҳру навоҳии вилоят сӯҳбатҳои сарироҳӣ доштем. Аксари онон аз мавҷудияти нуқтаҳои қабули лампаҳо хабар надоранд.

Н.Санавбар, сокини бинои баландошёнаи шаҳри Хуҷанд дар сӯҳбат бо мо дар ин маврид изҳор дошт: "Дигар ҳеч гоҳ лампаи камасраф намехарам, зеро се адад лампаҳои "каммасраф" ба қадри як адад лампаи пешин равшанӣ намедиҳад, ки бешубҳа, ин ба зарари қувваи чашми инсон мебошад. Ҳамчунин ин лампаҳои каммасраф тез месӯзад, вале барои тафтиши нозири барқ чандтояшро ноилоҷ мондем. Лекин агар сӯзад, онро дар партовгоҳи назди хона ҳамроҳи дигар ашёи нолозим мепартоем, дигар куҷо барем?"

Сокини яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Б.Fафуров С. Зебо афзуд, ки нархи фурӯзонакҳои каммасраф аз лампаҳои тафсон ду-се маротиба гарон аст, вале онҳо тез аз кор мебароянд. Бинобар ин, буҷаи оила аз насби лампаҳои каммасраф на фоида, балки зарар мебинад. Ва ҳангоми корношоям шудани онҳо ба партовқуттӣ ҳаво медиҳам, чунки аз зарар доштани он бехабар будам.

Сокини дигар, ки нахост номаш ифшо гардад, арз дошт, ки шояд масъулин дар бобати пешгирии зарари моли мардум андешида, яъне истифодаи лампаҳои каммасрафро амали дуруст ҳисобида бошанд, вале зарари ҷисмонӣ расонидани фурӯзонакҳоро низ ба назар бояд гирифт? Охир, бе ин ҳам нарасидани ғизои сервитамин саломатии мардуми камбизоатро коҳондааст. Бо ҷорӣ кардани лампаҳои "каммасраф"-у хиракунандаи чашм ва зарари он аҳволи мардум чӣ мешавад?

Абдулло Умаров андеша дорад, ки аз фурӯзонакҳои каммасраф қувваи барқ бештар сарфа мегардад. Аммо ҷиҳати бадаш дар он аст, ки ҳангоми корношоям шудани онҳо гирду атроф ифлос мешавад, чунки ин гуна лампаҳо дар дохилашон симоб доранд. Лекин дар бобати нуқтаҳои қабули лампаҳои аз истифодабаромада ташкил шудааст, умуман хабар надоштам,

Мутахассиси Маркази стандартизатсия, сертификатсия ва назорати савдои вилоят Илҳом Ҳакимов тавсия дод, ки бояд мардум лампаҳоеро бихарад, ки ҳатман сертификат дошта бошанд. -Санҷишҳо муайян карданд, ки аксарияти фурӯзонакҳои каммасраф дар бозорҳои вилоят, ки истеҳсоли давлати Чин мебошад, ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ нест, миқдори бухори симоб дар лампаҳои каммасрафи чинӣ аз меъёр зиёд аст ва бар замми ин онҳо зуд корношоям мешаванд. Ва бинобар ин харидор ҳуқуқ дорад, ки аз фурӯшанда сертификат талаб намояд.

Дуруст, лекин воқеияти ҳаёти имрӯза чунин аст, ки лампаҳои симобдор дар нуқтаҳои муваққатии партовҷамъкунӣ паҳну парешон хобидаанд, ки ин ба ифлосшавии муҳити зист оварда мерасонад.

Дар ҳамин ҳолат мутахассисони соҳаи беҳдошти зиндагии мардуми Тоҷикистон бунёди як корхонаи коркарди лампаҳои каммасрафи корношоямро дар қаламрави кишвар роҳи ҳалли масъала арзёбӣ мекунанд, ки амалишавии он боз ба маблағ вобастагӣ дорад.

Маъмурахон САМАДОВА,
хабарнигори рўзномаи "Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh