Забони реклама дар чӣ ҳол аст

Дар муҳити журналистикаи муосир реклама яке аз самтҳои сердаромади соҳаи ВАО маҳсуб мешавад, ки дар ин самт аҳли назар мулоҳизоти қобили таваҷҷўҳе баён намудаанд. Мусаллам аст, аслиҳаи асосии журналистика дар баррасии масоили муҳими ҷомеа ва таҷассуми рўйдоду воқеоти замон сухани муассир ва забони шево мебошад.

Реклама аз маъмултарин васоите аст, ки истиқлолияти иқтисодии идораҳои ВАО-ро таъмин менамояд. Аз ҳамин лиҳоз, ҳам дар ВАО-и чопӣ ва ҳам дар дигар васоити ахбори омма чун ТВ ва радио аз серистеъмолтарин анвои журналистика ба шумор меравад. Табиист, ки реклама танҳо ба шарте муассир ва ҷавобгў ба талаботи меъёрҳои журналистика мегардад, ки бо забони шево ва тасвири дилпазир пешкаши ҷомеа гардад.

Агар ба фаъолияти телевизиону радио ва рўзномаву маҷаллаҳо мутаваҷҷеҳ шавем, равшан мегардад, ки аксари ВАО-и вилоят хусусӣ буда, имтиёзи бештаре дар пешниҳоди ахбори мухталиф доранд. Равшан аст, ки фаъолияти мунтазами ВАО-и хусусӣ аз реклама ва дигар манбаъҳо вобастагӣ дорад. Ин аст, ки имрўз аксари идораҳои ВАО дар пешниҳоди рекламаи хуб саҳмгир ҳастанд.

Журналистикаи имрўз аз ҷиҳати дастрасӣ ба иттилоот ва соҳиб будан ба таҷҳизоти замонавӣ имтиёзи бештар дошта, метавонад бо дар назаргирии иштибоҳоти ҷузъӣ пешрафти назаррасе дошта бошад. Аммо ба назар мерасад, ки дар бархе аз рўзномаву радио ва телевизионҳо рекламаҳое пахш мешаванд, ки аз назари забонӣ ба таҳриру таҷдиди ҷиддӣ ниёз доранд. Мо бархе аз рўзномаҳо - «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Нигоҳ», «Миллат», «Ҳақиқати Суғд», «Сухани халқ», «Фараж» радиоҳои, «Тироз», «Пайванд», «Садои Хуҷанд» ТВ-ҳо чун «ТВ Суғд», «Азия», «СМ-1»-ро мавриди мушоҳида ва таҳлилу баррасӣ қарор додем.

Дар телевизион ва радиоҳои кишвар рекламаҳо бо забони давлатӣ ва русӣ низ пахш мешаванд, ки ин нигаронкунанда аст. Ба назар мерасад, ки дар аксари рекламаҳо калимаҳо ва ибораҳо бемаврид истифода мешаванд. Чунончӣ, дар ШТР “Азия” рекламае чунин ҳаст, «Тирезаҳои пластики Дорвин аз дигарон фарқ мекунанд». Дар ин ҷо калимаи дигарон бемавқеъ омадааст, ки дар натиҷа мантиқ хароб шудааст. Зеро вожаи «дигарон» ба ашхос марбут буда, барои муаррифии ашё бамаврид нест. Рекламаи шампуни «Дуру» низ мантиқан коҳиш ёфтааст: «Бо шампуни «Дуру» ман ба худам ва мўйҳоям бовар мекунам». Маълум аст, ки «ба худ бовар кардан», «худбоварӣ» дар гуфтугўи мардум мавриди истифода қарор мегирад, аммо ба мўйҳо бовар кардан таъкиди дуруст ба назар намерасад. Дар рекламаи шампуни «Факс» низ ҳамин иштибоҳи мантиқӣ ба назар мерасад. Яъне: «Шампуни Факс қудратманд ва боварибахш» ва ғ.. Метавон аз ин гуна мисолҳо зиёд овард, ки аз иштибоҳоти мантиқиву услубӣ кам нестанд.

Ба назар мерасад, ки баъзе аз рекламаҳои истеҳсоли дигар ТВ-ҳои хориҷӣ мавриди истифодаи ВАО-и кишвар қарор мегиранд, ки аз як раванди маъмули густариши реклама ва ба даст овардани даромад мебошад. Аммо ҳангоми тарҷума ва ё нақли айнан ба табиати забони модарӣ мувофиқ намудани матни реклама аз манфиат холӣ нест. Чунончӣ, рекламаи собуни «Факс», аз тариқи телевезиони «Тулўъ»- и Афғонистон дар шакли тарҷума пешниҳод мегардад, ки онро телевизионҳои мо низ бо ҳамон тарҷума пахш менамоянд. Ин, албатта, хуб аст, аммо бояд дар назар дошт, ки ҳар забон табиати худро дорад. Оғози матни реклама мавриди назар чунин аст: «Зебоӣ, тамизӣ, иқтисодӣ (собуни факс), (Азия), (ТВ 1)».

Дигар аз муҳимтарин масъалаҳо истифодаи калима ва ибораҳо дар шакли ғалат мебошад, ки хеле нигаронкунанда аст. Зеро аксари рекламаҳо аз забони ҳофиз ва як шахсияти шинохта пешкаш мешавад, ки ин равиш яке аз равишҳои маъмули соҳаи журналистика аст. Аммо истифодаи вожаи ғалат ва ё ибораи ноқис аз ҷониби шахсияти шўҳратманд, аз як ҷиҳат, забоннодонии ўро ба тамошобини соҳибзавқ исбот кунад, аз тарафи дигар, тамошобини омиро ба дурустии ин калима ва ибораи ноқису нодуруст бовар мекунонад. (Ғолиб Юсуфов «Маҳсулоти ширӣ», Олимҷон Воҳидов- «торти мошинчадор», Шермаҳмад Шерматов - «Бори садфоиза». Истифодаи калимаҳои ноқис дар реклама ба воситаи матбуот низ дар айни густариш аст.

Барои тасдиқи ин матлаб метавон аз рўзномаи «Ҷумҳурият» мисол овард: Чунончӣ: «Саҳмияҳои Ориёнбонк ин даромади доимӣ, эътимодияти саҳмгузорӣ, шарикият ба лоҳиҳаҳои бузурги иқтисодӣ» (“Ҷумҳурият”, № 140-141 аз 13 ноябри 2012). Ҳарчанд, ки бархе аз забоншинсон борҳо таъкид кардаанд ва нафари аз забону адабиёт камтар огоҳ медонад, ки ҷамъбандиҳои арабӣ бо калимаҳои форсӣ на ҳамеша мувофиқ меоянд. Калимаҳои сохта ва сунъии «эътимодият», «шарикият» аз ҳамин гуна вожаҳояанд.

Мисоли дигар: «Агроинвестбонк: SMS –маълумотдиҳи оиди амалиётҳои кортҳои пластикӣ» дар ин матни реклама низ ғалатҳо роҳ ёфтаанд (маълумотдиҳи? маълумотдиҳӣ, амадиётҳои? амалиёти, оиди? оид ба). Яке аз равишҳои корбасти рекламаҳо дар ВАО он аст, ки матни як маротиба таҳиягардида чандин маротиба пахш, сабт ва ё нашр мешавад. Аз ҳамин ҷиҳат матнҳои ғалати рекламаҳои мавриди зикр дар ҳар шумора ва ё дар ҳар барномаҳои ТВ ва радио мавриди истифода қарор мегиранд, ки такрори калима ва ибораҳои ғалат низ ба ҷомеа таъсири бад доранд.

Дигар аз масъалаҳое, ки дар баррасии рекламаҳои ВАО ба назар расид, ин ба услуби гуфтугўӣ ва ё лаҳҷа пешкаш намудани матни рекламаҳост, ки ин бештар дар СМ-1, «АЗИЯ» ба хусус рекламаҳое, ки гурўҳи “Хандинкамон” нақш бозидаанд, аз ҷумла дар рекламае, ки дар бораи мағозаи “Шапарак” меравад.

Дар баъзе маврид дар забони реклама тарҷумаи ноқиси калимаву ҷумлаҳо ба назар мерасанд, ки ин кор хеле нигаронкунанда аст, зеро забони тозаи давлатиро махлут мегардонад. Барои тасдиқи ин матлаб мисоле меорем. Чунончӣ, «Экспресспей легко и надежно» чунин тарҷума шудааст: «Экспресспей бо осонӣ ва дилпур» Шакли дурусти он «осон ва боътимод» мебошад.

Дар маҷмўъ, реклама дар ВАО ҳамон вақт мавқеъ пайдо мекунад, ки бо забони шево, муассир ва мушаххасу пурмаънӣ ва тасвири дилпазир таҳия гардад. Ин андешаҳои банда барои танқид ва ё мазаммати журналистон набуда, балки барои пеш-рафти фаъолияти журналистӣ ва тозаву беолоиш нигаҳ доштани забони давлатӣ мебошад.

Дилбар Самадова,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh