Партовгоҳи заҳрдоруҳои кимиёвӣ дар Конибодом: муаммо ва мушкилаҳо

Солҳои охир дар бобати муаммоҳои экологии партовгоҳи заҳрдоруҳои кимиёвии Конибодом, оқибатҳои хатарноки он ба муҳити зист ва ҳавзаи Сирдарё дар матбуоти даврии дохиливу хориҷӣ бисёр мегуфтанду менавиштанд. Ниҳоят дар давоми нимсолаи аввали соли равон даври аввали безараргардонии ин манбаи хатар бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Фонди Глобалии Экологӣ дар ҳаҷми 61000 доллари ИМА рўи кор омад.

 

Хабарнигори ҷамоатии "Ҳақиқати Суғд" дар ин хусус бо сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Хуршед Саидов ҳамсўҳбат шуд, ки фишурдаи он манзури хонандагон мегардад.

-Чӣ гуна ва чаро маҳз дар наздикии шаҳри Конибодом партовгоҳи заҳрдоруҳои кимиёвӣ таъсис ёфта буд?

- Ба андешаи ман, дар солҳои шўравӣ азбаски истифодаи заҳрдоруҳои кимёвиро асоси рушди пахтакорӣ меҳисобиданд ва шаҳри Конибодом аз ҷиҳати инфрасохтор, яъне убури роҳи оҳан ба ҷамъоварии ин гуна мавод мусоид аст, дар самти ҷанубу шарқӣ, 7 км дуртар аз шаҳр партовгоҳи заҳрдоруҳои ғайриистифода аз соли 1973 то соли 1990 фаъолият намудааст. Аз сабаби нодуруст ва хилофи талаботи Низомномаи тарзи безараркунӣ ва маҳви заҳрдоруҳо истифода намудани ин партовгоҳ ва риоя накардани меъёри санитарию гигиенӣ бо қарори ҳукумати ноҳияи Конибодом аз 26.07.1990, № 39 он аз фаъолият боздошта шудааст.

Дар давраи фаъолият дар ин партовгоҳ зиёда аз 3000 тонна заҳрдору, 1000 тонна маводи биологӣ ва 500 ҳазор адад зарфҳои ҳархелаи заҳрдоруҳо бидуни риояи Дастурҳои маҳвгардонӣ ва безараркунӣ дар майдони 1,4 га рехта шудаанд. Дар ин ҷо заҳрдоруҳои кўҳнашудаи тамоми вилоятро гўронидаанд, ҳол он ки онҳо бояд дар хандақҳои махсус ҷойгир мегардиданд ё ки сўзонида мешуданд. Заҳрдоруҳоро ба ҷуқурии оддӣ партофта, хокпўш кардаанд, ки ин боиси ба вуҷуд омадани вазъи носолимии экологӣ мегардад.

- Тўли ин солҳо аз беназоративу камбизоатӣ аҳолии гирду атроф зарфҳоро ба тороҷ мебурданду боду борон ва селобу обҳои зеризаминӣ заҳрдоруҳои кимёвиро паҳну парешон мекард?

- Албатта, чунин ҳолатҳо ҷой доштанд. Дар ин давра борҳо аз тарафи мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсат боздиди партовгоҳ, гирифтани намунаҳои хок ва об, таҳлили кимёвии сифати об ва миқдори боқимондаву ғилзати дихлор-дифенил трихлорэтан (ДДТ), бутифос ва гексахлоран дар намунаҳои обу хок, ки аз ҳудуди минтақаи таъсири партовгоҳ гирифташуда, гузаронида шуданд.

Ҳангоми таҳлилу ташхиси охирин 13 намунаи хоки ҳудуди партовгоҳ ба поён, аз сой дар масофаи то 5000 м аз маркази партовгоҳ гирифта шуд. Таҳқиқот нишон дод, ки дар 12 аз 13 намунаи барои ташхис гирифташуда заҳрдоруҳои кимёвӣ дарёфт шуданд. Дар партовгоҳ таркиби ДДТ ва гексахлоран аз меъёр 8-12 маротиба зиёд аст.

Натиҷаи ташхисҳо нишон медиҳад, ки ифлосшавии таркиби хок бо ДДТ дар масофаи то 2000м мушоҳида мешавад ва таркиби он аз меъёр 8 маротиба зиёд мебошад. Маълумот оид ба гексохлоран нишон медиҳад, ки изофагии он аз 1,3 то 5,4 маротиба дар масофаи аз партовгоҳ 300 метр мебошад. Бутифос изофа аз меъёр аз 1,2 то 4,1 маротиба дар масофаи 100 метр дарёфт шуд.

-Барои бартараф намудани ин манбаи хатар чӣ чора андешида шуд?

-Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят барои қисман безарар намудани партовгоҳи заҳрдоруҳои кимёвии Конибодом ба маблағи 61000 доллари ИМА лоиҳа тартиб дода буд. Ба воситаи ташкилоти ғайридавлатӣ ва дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузор - Фонди Глобалии Экологӣ дарёфт шуд. Моҳи декабри соли 2012 корҳо дар ин самт оғоз гардиданд.

Дар моҳҳои апрел - июни соли 2013 корҳои реабилитатсионӣ дар худи партовгоҳ гузаронида шуданд. Дар натиҷаи ин корҳо сатҳи партовгоҳ бо қабати хоки безараркунандаи баландиаш аз 40 см то 60 см анҷом дода шуд.

Барои муайян намудани ҳаҷми корҳои заминӣ оид ба бартараф намудани ҷойҳои вайроншавии қабати болоии гўронидашудаҳо ва таҷҳизоти пўшиши қисми қабати хоки нейтралӣ мушовирон ва мутахассисони ташкилоти «Бону», Раёсати ҳифзи муҳити зист боздид ва мониторинги визуалӣ гузарониданд.

- Оё айни замон муаммои партовгоҳи заҳрдоруҳои кимёвии Конибодомро ҳалшуда ҳисобидан мумкин аст?

- Ҳоло давраи аввали татбиқи лоиҳаи реабилитатсияи партовгоҳи заҳрдоруҳои кимёвии Конибодом анҷом ёфт. Дар айни замон комилан ихроҷи буғ аз болои полигон, берунравии заҳрдоруҳои кимёвӣ аз ҳудуди партовгоҳ ба самти шаҳр қатъ гашта, дастрасии аҳолӣ ба заҳрдоруҳои гўронидашуда ва зарфу борҷомаи онҳо қатъ гардидааст.

Вазифаи минбаъдаи Раёсат иҷро намудани давраи дуюми кор - бетонпўш намудани сатҳи партовгоҳи заҳрдоруҳои кимёвӣ мебошад. Дар давраи баҳододи корҳо ва ҳҷми тақрибии воситаҳои зарурӣ гузаронида шуд, ки маблағи он 1700 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар сурати пайдо намудани маблағи зарурӣ анҷом додани ин иқдоми муҳим дар самти пок нигоҳ доштани муҳити зист аз ҳадафҳои асосии фаъолияти мо мебошад.

-Барои сўҳбат ташаккур!

Сўҳбатнигор
Мирзоэргаш Ўрунов

Add comment


Security code
Refresh