Фаъолияти ғайриқонунӣ пешгирӣ мешавад

Дар конфронси матбуотии Раиси вилоят оид ба фаъолияти ғайриқонунии табибону доруфурўшон, аниқтараш дар бораи «шартномаи ҳамкорӣ» сухан рафт. Тибқи иттилои хабарнигори Ширкати телевизионии «Ҷаҳоноро» Хосият Комилова, духтурон баъди муоинаи бемор дорухатро навишта, аз кадом дорухона харидани онро ҳам таъкид мекунанд. Табиист, ки аз тарафи Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба ин савол ҷавоби қаноатманд дода шуд.

Фаъолияти доруфурўшонро бошад, дар қаламрави вилоят Хадамоти назорати давлатии фармасевтӣ дар вилояти Суғд назорат мебарад.

Сардори Раёсати хадамоти назорати давлатии фармасевтии вилоят Диловар Холов зимни сўҳбат иқрор шуд, ки воқеан ҳам чунин корҳои ғайриқонунӣ байни доруфурўшону табибон вуҷуд дорад ва кормандони муассисаи онҳо ҳаматарафа мекўшанд, то ин ва дигар қонуншиканиҳо дар фаъолияти дорусозону доруфурўшон пешгирӣ карда шавад.

-Як зуҳуроти номатлуб, ки байни табибон вақтҳои охир хурўҷ кардааст, ин ғайриқонунӣ фурўхтани дору аз тарафи кормандони тиб, хусусан ҳамшираҳои шафқат аст, - гуфт дар идомаи сўҳбат Диловар Қувватович. Санҷишҳои якҷояи Раёсати хадамоти мо бо Раёсати ҳифзи тандурустии вилоят нишон дод, ки ин гуна ҳодисаҳои номатлуб, хусусан дар шаҳру ноҳияҳои Конибодому Зафаробод, Истаравшану Ғончӣ, Мастчоҳу Б.Ғафуров ва Исфара бештар ба назар мерасад. Масалан, духтурони оилавӣ аз Ҷамоати деҳоти Пўлодон, деҳаи Зарбеди шаҳри Конибодом Мавлуда Юлдошева ҳангоми ғайриқонунӣ фурўхтани 43 номгўй ва Гулчеҳра Ҳамробоева ҳини ғайриқонунӣ фурўхтани 20 номгўй дору ошкор ва ба маблағҳои калон ҷаримабандӣ шуданд. Ба ҳамин монанд духтури оилавӣ аз шаҳри Исфара М.Турсунов низ даст ба қонуншиканӣ зад. Инҳо барои фаъолияти фармасевтӣ иҷозат надоранд ва маҳсулоти мефурўхтаашон сертификати сифат надошт. Ин амали онҳоро соҳибкории ғайриқонунӣ ҳам номидан мумкин аст.

Аз рўи маълумоти мавҷуда, солҳои охир як идда ба таблиғу ташвиқ ва фурўши доруҳои ширкатҳои хориҷӣ низ машғуланд, ки ин фаъолияти онҳо бе шаҳодатномаи аккредитатсионӣ ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад. Иловатан барои ҳавасманд намудани духтурон тўҳфаҳо дар шакли молию пулӣ тақдим мекунанд, то ки дар фурўши доруҳояшон мусоидат кунанд.

Ҳол он ки тибқи Дастурамали вазифавии намояндаи тиббӣ (дар он ўҳдадориҳои функсионалии намояндаи тиббӣ муқаррар карда шудааст) ба кормандони тиббӣ ва фармасевтӣ пешниҳоди тўҳфаҳо, воситаҳои пулӣ, пардохти дилхушиҳо, пешниҳоди дору барои фурўш ба беморон ва ғайра қатъиян манъ аст. Алҳол аз тарафи Раёсати хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Суғд ба 25 намояндаи тиббии корхонаҳои фармасевтии хориҷӣ баъди гузаштан аз комиссияи аккредитатсионӣ барои фаъолият иҷозат дода шудааст.

Якҷоя бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии шаҳри Хуҷанд аз анбори дорунигоҳдории ҶДММ «Мухлиси Хуҷанд», ки бо корхонаҳои фармасевтии хориҷӣ кор мекунанд 6 номгўй ба миқдори 920 адад маводи дорувории мўҳлати истифодабариаш гузашта дарёфт гардид. Нисбат ба ин камбудӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 4000 сомонӣ ҷаримабандӣ гардид.

Ба ин нигоҳ накарда, кормандони Раёсати хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Суғд дар самти пешгирии воридшавии дорувориҳои ғайристандартӣ кори худро пурзўр менамоянд. Мутаассифона, бо вуҷуди назорати қатъӣ дар бархе аз нуқтаҳои доруфурўшӣ талаботи амалкунанда аз тарафи доруфурўшон дар ҳолатҳои алоҳида риоя намешаванд ва масъулони Раёсати хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ баъди ошкор намудани қонуншиканиҳо нисбат ба соҳибкорон ё ҷамъиятҳо чораҳои қатъӣ меандешанд.

Дар маҷмўъ аз ҳисоби тартиб додани 35 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурии муассисаҳои фармасевтӣ ва муассисаҳои табобатию профилактикӣ дар нимсолаи аввал ба буҷаи давлат 60 ҳазору 200 сомонӣ маблағи ҷарима ворид гардид. Ҳамзамон дар ҳайати комиссияи салоҳиятнок дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд 564 номгўй дору ба маблағи 483900,83 сомонӣ маводи доруворӣ ва молҳои тиббии мўҳлати истифодаашон гузашта, қалбакӣ ва бе сертификати мутобиқати сифат несту нобуд карда шуд.

Санҷишҳо нишон доданд, ки камбудиҳо дар самти истифодаи маводи нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои он низ ба назар мерасанд. Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд, таваллудхонаи вилоятӣ, Маркази дилшиносии вилоят, чанде аз марказҳои дандонпизишкӣ, марказҳои саратоншиносӣ камбудиҳо ошкор ва баҳри ислоҳашон 32 амрнома пешниҳод карда шуд.

Ба зиммаи кормандони Раёсати хадамоти мазкур ҳамчунин назорати маводи ороишию гигиенӣ низ вогузор шудааст. Аз ҳисоботи фаъолияти нимсолаи Раёсати хадамот бармеояд, ки дар 63 мағозаву дўкони фурўши маводи ороишию гигиенӣ санҷиш гузаронида, 5 номгўй ба миқдори 406 маводи ороишию гигиении қалбакӣ, 54 номгўй ба миқдори 254 маводи ороишии мўҳлати истифодаашон гузашта, 194 номгўй мавод ба миқдори 2904 адад бе сертификати мутобиқати сифат ошкор ва бозпас гирифта шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба 21 нафар соҳибкори инфиродӣ дар асоси моддаи 121 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ санад тартиб дода, ба маблағи 36 ҳазору 800 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд. Ҳамзамон 303 номгўй маводи ороишӣ ба маблағи 41689,55 сомонӣ, ки мўҳлати истифодаашон гузашта ва бе сертификати сифат аст, несту нобуд карда шуд.

Ҳамин тариқ, кормандони Раёсати хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Суғд тамоми чораро меандешанд, то ки фаъолияти ғайриқонунии дорусозону доруфурўшонро пешгирӣ намуда, дар беҳдошти саломатии мардуми вилоят саҳми арзанда гузоранд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ

Add comment


Security code
Refresh