Беназоратӣ дар хадамоти давлатии назорат

Яке аз сабабҳои вайрон гардидани роҳҳои автомобилгард ва пулҳои мошингузар аз ҷониби ронандагон вайрон кардани талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №569 аз 08.11.2011 «Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва серборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум» ва №779 аз 24.12.2006 «Дар бораи қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозае, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд», Низомнома оид ба интиқоли борҳои калонҳаҷм ва вазнин ба воситаҳаи нақлиёти автомобилӣ дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сари вақт ошкор намудани чунин ҳолатҳо аз тарафи Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар якҷоягӣ бо мақомоти БДА мебошад,-гуфта шуд дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи вилояти Суғд.

 

Гарчанде дар ин давра аз тарафи кормандони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳолатҳои риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои вазнин ва калонҳаҷм ошкор карда шуда, нафарони гунаҳкор бо моддаи 311 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда бошанд ҳам, корҳои ин мақомот ба таври дахлдор ба роҳ монда нашудааст. Зеро, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ асосан нисбат ба ронандагони нақлиёт, тамғаи «ДЭУ-Дамас» «Портер», «Зил» ва дигар воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм нест ва, ба ҳолати нигоҳдории роҳ таъсири ҷиддӣ намерасонанд, тартиб дода шуда, дар аксар ҳолатҳо вазни аз меъёр зиёд будани борҳо тахминӣ муайян карда шудааст. Тарозуи махсус вуҷуд надорад.

Ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои ҳамлу нақли борҳо аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм ва гаронвазн, аз қабили «Дулан» ва дигар воситаҳои нақлиёт, ки бо вазни зиёда аз 50 тонна мебошад ва ба ҳолати нигоҳдории роҳҳо, пулҳои мошингард дар асл таъсири манфии худро мерасонанд, аз мадди назари ин мақомот дур мондааст.

Масалан, дар натиҷаи гузаштани мошинҳои калонҳаҷм ва гаронвазн санаи 30.04.2013 пули мошингарди муаллақ дар километри 47 - уми роҳи автомобилгарди Айнӣ-Панҷакент шикаста, боиси зиёда аз 10 шабонарўз қатъ гаштани ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ гардидааст.

Дар натиҷаи қатъ гардидани ҳаракати нақлиёт бо роҳи мазкур, воридоти молу маводи хўрока ба шаҳри Панҷакент кам гардида, дар бозору мағозаҳо нархҳо боло рафта, боиси халалдор гаштани манфиатҳои шаҳрвандон гаштааст.

Ҳамзамон, аз лаҳзаи ба истифода додани роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ, ки ба ширкати «Иновейтид Роуд Солюшн» ЛТД ба иҷора дода шудааст, 12 километри он аллакай пурра таъмирталаб гаштааст. Яке аз сабабҳои вайроншавии роҳи мазкур низ ин гузаштани воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм ва гаронвазн мебошад. Дар роҳи автомобилгарди мазкур дар як шабонарўз ба ҳисоби миёна зиёда аз 100 адад чунин воситаҳои нақлиёт мегузарад.

Дар як вақт муайян карда шуд, ки кормандони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳангоми гузаронидани санҷишҳо дар роҳҳои автомобилгард ба ҷойи ошкор кардани қонунвайронкуниҳо ва пешгирӣ кардани онҳо, баръакс худи онҳо аз ваколатҳои мансабии худ сўиистифода намуда, даст ба содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ, сохтакории хизматӣ, баромадани аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва дигар ҷиноятҳо задаанд.

Чунончи, санаи 3.07.2012 мутахассиси пешбари шўъбаи Хуҷанд - Истиқлол - Ашти Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилоят М.Мухторов ва Ҷ.Фозилов дар роҳи мошингарди маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд дар вақти иҷрои вазифаҳои хизматиашон ронандаи автомошини тамғаи «Газел» О.Ҳакимовро боздошта, ҳуҷҷатҳои ўро мавриди азназаргузарониро қарор дода ягон қонунвайронкунӣ дар ҳаракатҳои охирин муайян намекунанд.

Ин ҷо бо мақсади ғаразнок бо истифода аз ваколатҳои мансабиашон бо роҳи сохтакори ронанда О.Ҳакимовро барои аз самти ҳаракат баромадан гунаҳкор дониста, нисбаташ чораи маъмурӣ наандешидан 100 сомонӣ маблағи пулӣ талаб кардаанд.

Ҳамин тавр, таҳлилу ҷамъбаст нишон дод, ки ҳолати иҷроиши қонунгузории мазкур дар фаъолияти муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба талабот ҷавобгў нест, бинобар ин масъулини муассисаҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар ин самт корро ба таври дахлдор ба роҳ монда, барои беҳдошти нигоҳдорӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамзамон, фаъолияти худро ба таври дахлдор ба роҳ монда, баҳри пешгирӣ ва ошкор намудани қонунвайронкуниҳо тадбирҳои муассир андешанд.

Сайфулло Маҳкамов

Add comment


Security code
Refresh