В. Захватов: «Aтовуллоев мехост, давлати ҳаммонанди Aфғонистон созад»

Миллати куҳанбунёди тоҷик дар тўли мавҷудияташ шахсиятҳое парвардааст, ки бо қаҳрамонӣ ёд мешаванд. Исми муборакашон дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Ин гуна шахсиятҳо дар ҳамаи давру замон умр ба сар бурда, барои насли ояндаи миллати хеш аз худ мероси гаронбаҳо боқӣ мондаанд.

Мутаассифона, нафароне низ ҳастанд, ки худро ба ном «ватандўст» муаррифӣ намуда, аз номи миллат сухан мекунанд, худро ҳомии манфиатҳои миллӣ метарошанд, ба исми мубораки қаҳрамонони аслӣ ва мардони сарсупурдаи миллати бофарҳанги тоҷик иснод меоранд. Дар миёни ин гуна ашхос Додоҷони Атовулло (Додоҷон Атовуллоев), рўзноманигори дасисабоз, сардабири собиқ ҳафтаномаи «Чароғи рўз», роҳбари ҳаракати иғвоангези «Ватандор» мавқеи худро дорад.

Барои ифшои симои ҳақиқии ў бидуни ягон ғарази шахсӣ ва ё сиёсӣ овардани иқтибосе чанд аз суханони рўзноманигор Владимир Захватовро мувофиқи мақсад медонем. “Ман, - мегўяд номбурда, - Додоҷон Атовуллоевро шахсан дер боз мешиносам. Вақте ки дар Душанбе ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва мардуми рус тўда-тўда ҳамчун гуреза ба Россия фирор карданд, ҳамон вақт бисёре аз фирориҳо таъкид намуданд, ки маҳз Атовуллоев муаллифи шиори «Русҳо, наравед, мо шуморо ғулом мекунем” буд.

Бе пули хадамоти махсуси Ғарб Додоҷон ҳаргиз наметавонист, рўзномаи худ «Чароғи рўз»-ро ба нашр расонад. Дар омади гап, барои рўзномааш ҳеч гоҳ дар Тоҷикистон дар назди киоскҳо навбат қатор намешуд. Ман нақши таърихии Додоҷон Атовуллоевро дар таърихи Тоҷикистон хуб медонам, аммо намефаҳмам, чаро дигарон ба ў фурўхта шудаанд. Атовуллоев ба ҷумлаи он исломиҳое дохил мешуд, ки мехостанд, на фақат дар Тоҷикистон давлат бар пояи шариати исломӣ созанд, балки давлате барпо намоянд, ки ҳам-монанди Афғонистон бошад. Магар худи Атовуллоев нагуфта буд, ки дар Тоҷикистон дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ зиёда аз 80 нафар журналистон кушта шудаанд.

Ҳатто, ба оилаи ман низ ин бало таъсир кард. Тағои ман-ронандаи оддии деҳотиро исломиҳои тундгаро ба гарав гирифта, пора-пора карданд, вақте ки дигар ҳоҷат ба нигаҳдории гаравгонон намонда буд. Писархолаамро, ки модараш русу падараш тоҷик буд, ваҳҳобиҳо (хонандагони «Чароғи рўз») дар шаҳри Душанбе шабона дар кўча бо корд куштанд, чунки ў, бо симои тоҷикӣ натавонист, ба онҳо бо забони тоҷикӣ ҷавоб гардонад. Зимнан, он дастаи исломии тундгаро, ки Атовуллоев низ ба он шомил буд, дар ҷануби Тоҷикистон қатли оми этникӣ роҳандозӣ намуданд. Ҳазорҳо ўзбекро сар буриданд!!! Ба ман бисёр аламовар аст, ки «револютсионер» Атовуллоев муддати бештар аз 20 сол бо грантҳои хориҷӣ зиндагӣ намуда, баъзе шахсони дигарро низ ба гумроҳӣ бурдааст, мағзи онҳоро бо суханҳои нодаркор гиҷу гаранг мекунад.

Вақте ки рўзноманигор Атовуллоев бо пулҳои Ғарб Тоҷикистонро бадном мекунад, ў қаҳрамон буда наметавонад. Вай фақат ва фақат журналисти фурўхташуда аст!” Мана иқтибос аз мусоҳибае, ки се сол пеш ман бо рўзноманигори «Азия-плюс» анҷом дода бу-дам. Ва ногуфта намонад, Додоҷон маро ба суд надод, ҳол он ки дар бораи ин мавод ого-ҳии хуб дошт. «Ман матбуоти тоҷикро бо таваҷҷўҳи ҷиддӣ мехонам. Вале бояд ботаассуф қайд намоям, ки бисёр маводҳои нашрнамудаи шумо сатҳианд. Муаллимонам ба ман омўзонда буданд, ки ҳамеша ба умқ, ба моҳияти падида назар андозам. Аксар вақт дар шумо чунин умқбинӣ дида намешавад».

Додоҷон дар назди чашмони ман ба воя расид. Ў як навъ журналисти рангивазкун, аз ҳад зиёд худхоҳу худбин буд. Ў гумон мекард, ки аз ҳама донову ҳушманд аст. Мо ўро, ба қавле, кашола мекардем, мақолаҳояшро бо забонҳои тоҷикиву русӣ нашр мекардем. Бояд иқрор шуд, ки исроркории ўро мо маъқул медонистем, аммо, вақте ки инсон худро доҳиву дигаронро аз хеш паст медонад, аз ин амал чизе намерўяд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ман фаъолияти оппозитсионии ўро марбут бо рўзномаи «Чароғи рўз» пайгирӣ намудам, маводҳои онро мехондам. Қайд кардан зарур аст, ки танқид дар ҳама ҷо ва дар ҳама вақт бояд созанда бошад: - Агар танқид мекунӣ, чизе дар ҷавобаш пешниҳод намо. Аммо бо чўб ҳар ҷоро кофтан, овозаву ҳарза кардан, камбудиҳои хурдро бузург нишон додан кори хуб нест. Алалхусус, барои журналист. Чанд сол пеш ман дар тарабхонаи назди казинои «Шангри Ла», ки ба он бе доштани 1000 доллар ворид шудан имкон надорад, хўроки шом мехўрдам.

Дар ин ҷо, бо ин «оппозитсионери бечораи бадбахт» нўл ба нўл задем. Ҳамон замон шикоят кард, ки ў барои нашри рўзнома маблағ надорад. Ман ба ҳайрат афтода, хостам, шўхӣ кунам: -«Ман медонам, ки ту рўзномаатро бо пулҳои СРУ (Раёсати марказии разведкаи Амрико), разведкаҳои немисҳову англисҳо якҷоя ба чоп мерасонӣ…». «Онҳо дигар ба ман барои нашри рўзнома грант намедиҳанд»,-соддалавҳона ҷавоб дод Додоҷон. Халқи худро, кишвари худро сиёҳ кардан, танҳо ба хотири он ки ту президентро дўст намедорӣ, ин, тавре ки олмониҳо мегўянд «гут» нест, «хуб» нест. Ба ту ин ҷо маъқул нест, аз ин ҷо бирав ва дар ҷойи дигар зиндагӣ намо, дар ҷое, ки ба ту хуб аст. Солҳо дар Олмон иқомат карда, худро ҳамчун таҳлилгари пешбари сиёсӣ оид ба масоили марбут ба ҳаводиси Тоҷикистон нишон додан камоли худхоҳист. Хонандаи гиромӣ, барои Шумо намедонам, вале барои ман андешаҳои як рўзноманигори ғайритоҷик қимату арзиши беандоза дорад. Зеро олами ботинӣ, рафтору кирдори як «ҳамватан»-и раҳгумкардаи моро бидуни ғаразе ошкор месозад.

Гуфтаҳои Захватов ба ман асар намуданд ва ман онро такрор ба такрор мутолиа кардам. То чӣ андоза муҳаббати беандоза нисбати Тоҷикистон доштанашро ҳис намудам. Ҳамзамон аз «меҳру муҳаббате, ки Додоҷон нисбати миллату диёри хеш дорад» пурра огоҳӣ пайдо кардам. Мо аз суханони Захватов бардошти худро намудем, боқӣ қазоват аз Шумо, хонандагони гиромӣ. Фақат мехостем, бидонед, ин мард кист ва чӣ ўро бо Тоҷикистони азизамон мепайвандад? Владимир Захватов соли 1955 дар шаҳри Ўротеппа (ҳоло Истаравшан) таваллуд шудааст. Факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дипломи дуюмаш-иқтисодчӣ (Академияи хоҷагии халқи ИҶШС-ро ба итмом расонидааст).

Журналист, драматург, сиёсатшинос, муаллифи чандин репортажҳо аз нуқтаҳои доғ;

Солҳои 1986-88 – муҳаррири рўзномаи «Комсомолец Таджикистана»; 1988-89-муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои давлатии Тоҷикистон; 1989-90-мухбири ҳақиқии рўзномаи «Труд»; 1990-1995-муовини сармуҳаррири рўзномаи умумииттифоқии «Рабочая трибуна»; Аз соли 1995 дар Россия аз рўйи лоиҳаҳои СБМ (Созмони байналмилалии муҳоҷират) ва СММ (Созмони Миллали Муттаҳид) оид ба таъсиси ҷойҳои корӣ барои гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ; Айни замон мухбири рўзномаи фаронсавии «LaPensee-Russe» («Русская мысль») дар Россия ва ИДМ. Владимир Захватов мегўяд: «Қариб бист сол гузашт аз он вақте ки оилаи мо аз Тоҷикистон рафт. Лекин то охири зиндагии худ ман писари Тоҷикистон, писари Ватанам мебошам. Пиронсолон мегўянд, ки «Реша дар об». Решаи ман дар лаби дарёҳои Тоҷикистон, дили ман дар кўҳҳои Тоҷикистон мондааст».

Комрони Ёдгор,
пажуҳишгари Донишкадаи масоили сиёсӣ дар шаҳри Москва

Add comment


Security code
Refresh